Сотрудники милиции

ВКД ду духтари 20 - соларо меҷӯяд, ки чанд муддат бедарак ҳастанд - навор

1995
(Таҷдидшуда 12:48 30.01.2021)
Яке аз ҷавондухтарони 20 - сола, ки дорои касалии руҳӣ аст, ҳанӯз рӯзи 16 январ аз хона баромада, бедарак шудааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри наворе, аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват намудааст, ки дар пайдо намудани ду ҷавондухтари 20 - сола ба онҳо кӯмак расонанд.

Тибқи навори нашркардаи ин ниҳод, яке аз духтарон Маҳина Туева буда, сокини ноҳияи Рӯдакӣ аст. Мавсуф ҳанӯз рӯзи 16 январ аз хона баромада, ба самти номаълум рафтааст.

Манбаъ меафзояд, Туева дорои касалии рӯҳӣ буда, муддати 14 рӯз бедарак аст.

Гузашта аз ин, боз як сокини деҳаи Орзуи ноҳияи Ҷайҳун низ аз хона баромада, дигар барнагаштааст.

Бедарак шудаанд: милиса барои пайдо кардани 3 нафар аз мардум кумак хост-видео

Номбурда Омина Сафарова буда, рӯзи 25 ноябр аз манзили истиқоматии худ берун рафта, дигар аз ӯ хату хабаре нест.

ВКД дар навори интишорнамуда, рақамҳои фаъолро ҷой додааст ва аз шаҳрвандон дархост намудааст, ки дар сурати дидан ва ё шунидани хабаре дар мавриди ин ду ҷавондухтар ба рақами ҷойдода тамос гиранд.

1995
Барчаспҳо:
навор, бедарак, духтар, ВКД
Руки  в наручниках

Боздошти ду нафар бо гумони қаллобӣ: давоми панҷ моҳ ду нафарро фиреб доданд

268
(Таҷдидшуда 00:07 09.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ахиран дар пойтахти кишвар мардони 29 ва 40-сола боздошт шуданд, ки дар кирдори қаллобӣ гумонбар дониста мешаванд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур шикоят бурдааст, ки моҳи октябри соли 2020, дар кӯчаи А.Навоӣ шахсони номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 104 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. 

Гуфта шудааст, ки кормандони милитсияи пойтахт, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардони 29 ва 40-солаи сокинони ҳамин ноҳия, ки якеашон пеш бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир намуданд.

Манбаъ ҳамзамон қайд кардааст, ки ин ду нафар санаи 21-уми феврали соли равон, дар кӯчаи А.Навоӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 140 ҳазор сомонӣ гирифтанд.

Таъкид шудаст, ки онҳо ба ҷабрдида ваъда додаанд, ки аз бинои навсохтмони кӯчаи А.Навоӣ якхонагӣ гирифта медиҳанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид доштааст, ки нафарони боздоштшуда  ваъдаашонро то ҳол иҷро накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ВКД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

268
Барчаспҳо:
мард, гумонбар, фиреб, боздошт, қаллоб, Тоҷикистон

ВКД: дар се садамаи ахир чаҳор нафар ба ҳалокат расиду шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд

745
(Таҷдидшуда 14:09 08.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сар задани се садамаи нақлиётии мадҳуш хабар дод. Дар натиҷаи ин се садамаи нақлиётӣ чаҳор нафар ба ҳалокат расидаасту шаш нафари дигар осеб дида дар бемористон бистарӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон санаи 6-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, Солиев Бороналӣ, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Норак-Ваҳдат”, дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри маҳкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, ки дар канори рости роҳ истода будааст, бармехурад.

“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Солиев Б.У. ва мусофираш, Сидиқов Рамазон, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - таъкид доштааст ВКД кишвар.

Инчунин, худи ҳамон рӯз, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Фаёзӣ Афзал, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба бетони муҳофизати болои пули сойи деҳаи мазкур бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Фаёзӣ Афзал ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Гуфта шудааст, ки мусофирони дигар ин автомашина Ҷалилова Истанбону, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, Ҳакимова Мафтуна, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, Фаёзӣ Малика Валиевна, сокини шаҳри Хуҷанда ва 2-фарзанди хурдсолаш Фаёзова Раъно Афзаловна, соли таваллудаш 2015, Фаёзова Ҳанифа Афзаловна, соли таваллудаш 2017,  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳамзамон ВКД Тоҷикистон аз як ҳодисаи дигари нохуш низ хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, санаи 6-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи “Ренҷ-Ровер Спорт”, Мирзоев Муҳсин, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Дамас”, таҳти идораи Раҳимов Умедҷон, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев, ки дар як самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Дэу Дамас” Қулдошева Муҳайё Сайдуллоевна, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Манбаъ зикр кардааст, ки ронандаи автомашинаи “Дэу Дамас” Раҳимов У.А. ва мусофираш, Нормаҳмадова Оиша, соли таваллудаш 1947, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир, таҳқиқоти ҳодисаҳои мазкур аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.

745
Барчаспҳо:
бемористон, бистарӣ, ҳалокат, нақлиёт, садама, Тоҷикистон
Таджикская певица Манижа, архивное фото

Тоҷикдухтар Манижа Сангин, Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

177
(Таҷдидшуда 01:05 09.03.2021)
Сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шабакаи якуми телевизиони Русия дар бораи роҳёбии Манижа Сангин ба Евровидение-2021 эълон кард.

Гуфта мешавад, Манижа Сангин Русияро бо таронаи Russian woman. намояндагӣ хоҳад кард.

Қаблан шабака иттилоъ дода буд, ки иштирокчии Евровидение аз кишвар рӯзи душанбе - бо овоздиҳии тамошобинон дар як намоиши махсуси идона муайян карда мешавад.
Довталабон Manizha, #2Маши или Therr Maitz буданд, ки тоҷикдухтар соҳиби роҳхат ба Евровидение-2021 гардид.
Евровидение-2021 рӯзҳои 18-22 май дар шаҳри Роттердами Нидерландия баргузор мешавад ва дар он сарояндагон аз 41 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, озмун ба таври муқаррарӣ баргузор мешавад, аммо ҳайатҳо ва шумораи рӯзноманигорон коҳиш дода мешаванд.

Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Ҳанӯз маълум нест, ки тамошобинон ба намоишҳо ҳозир мешаванд ё не.

Соли гузашта Евровидение бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуда буд. Мебоист Русияро гурӯҳи Little Big намояндагӣ мекард.

Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики муқими Русия соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст ва ба гуфти худаш замони нооромиҳо бо аҳли оилаашон ба Русия омадааст.

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфт қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд. Ахиран ӯ намоҳанги худ "Не до славянка"-ро пешкаши мухлисон кард ва дар он бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом дод, ки ин тарона мавриди истиқболи коргарон қарор гирифт. 

Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Номбурда мегӯяд, аз 8-солагӣ ба эҷоди суруд машғул ҳаст ва ҳамаи намоҳангҳои худро худаш монтаж ва омода мекунад.

Ӯ ахиран соли гузашта нахустин сафири ҳусни нияти Русия оид ба гурезагон дар Созмони Миллали Муттаҳид интихоб шуд.

177