Школьники идут по улице города Душанбе

Дар Хатлон 33 мактабхон даст ба худкушӣ заданд

461
(Таҷдидшуда 14:59 02.02.2021)
Аз ҳама беш ҳодисаҳои худкушии хонандагони мактаб дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Дар вилояти Хатлон ҳодисаҳои худкушии мактабхонон дар соли 2020 афзоиш ёфтааст. Дар ин бора намояндагони Раёсати маорифи ин вилоят зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.

Ба изҳори Малика Шукурзода, як масъули раёсати мазкур ҳодисаҳои худкушии хонандагон дар муқоиса ба соли 2019 9 ҳолат зиёдтар аст.

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

Шукурзода мегӯяд, соли гузашта 33 хонандаи мактаб бо ҳар роҳу усул даст ба худкушӣ заданд.

"Аз миёни 33 хонандае, ки худкушӣ карданд, 18 писарбача ва 15 духтар буданд", - таъкид шуд дар нишасти хабарӣ.

Зимнан,дар ҷараёни нишаст таъкид шуд, ки аз ҳама беш ҳолатҳои худкушӣ миёни мактаббачагон дар ноҳияи Вахш ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ноҳия дасти кам 4 кӯдак ба ҷони худ қасд карданд.

Ҳамчунин, се ҳолатӣ дар ноҳияҳои Левакант, Хуросон, Қубодиён ва Шаҳритуз  ба қайд гирифта шудааст.

461
Барчаспҳо:
худкушӣ, хонанда, Хатлон
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин

447
(Таҷдидшуда 13:03 02.03.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 28-уми феврал, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа дарроҳ аз Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашина, Нормуъминов Камолиддин Ураловичи 34-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз Шаҳритус ба ноҳияи Н.Хусрав, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро, ки дар болояш, Мадуллоев Аслами 76- сола, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур нишаста буд, пахш намудааст.

Дар натиҷа, Мадуллоев А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак зери чархи “Лексус-450”-и Маҳмудзода Исфандиёр Сафаралии 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳалок шуд.

447
Барчаспҳо:
мошин, ҳалокат, пирамард, садама, Тоҷикистон
Бывший президент Франции Николя Саркози

Николя Саркозӣ ба се соли ҳабс маҳкум шуд

209
(Таҷдидшуда 19:38 01.03.2021)
Додгоҳи Порис Николя Саркозиро дар фасод гунаҳкор донист ва кишвардори собиқро ба мӯҳлати се сол маҳкум ба зиндон намуд

ДУШАНБЕ, 1 март - Sputnik. Додгоҳи Порис президенти пешини Фаронса Николя Саркозиро дар фасод ва тиҷорати нуфуз гунаҳгор донист ва ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард, ки ду соли он шартан аст.

Худи президенти собиқ ҳамаи иттиҳомотро комилан рад кард ва дар мурофиа ҳам ҳузур надошт. 

Додситонӣ инчунин изҳор дошт, ки Николя Саркозӣ кӯшиш кардааст, ки ба корманди суди кассатсионӣ Гилберт Азиберт ришва диҳад ва аз ӯ дар бораи тафтишоти маблағгузории ғайриқонунии маъракаи президентӣ аз ҷониби духтари бунёдгузори L'Oreal Лилиан Беттанкурт маълумот гирад.

Тахмин зада мешуд, ки тавассути вакили шахсии худ Саркозӣ ваъда додааст, ки ба кормандони суд дар гирифтани мақоми бонуфуз дар Монако кӯмак хоҳад кард.

Ҳамчун, сабтҳоии гуфтугуи телефонии боздоштшудаҳо пешниҳод гардид, ки дар он иштирокчиёни сӯҳбатҳо ҳеҷ гоҳ якдигарро бо номи воқеии худ намегирифтанд ва худи собиқ сарвари кишвар тахаллуси Пол Бисмутро истифода мебурд.

Ташхис муайян кард, ки дар сабтҳои телефонӣ худи Саркозӣ суҳбат кардааст.

Ҳимоятгар изҳор дошт, ки прокуратура барои баровардани хулоса ҳеҷ асосе надорад. Адвокат Жаклин Лаффонт тавзеҳ додааст, ки "ин танҳо як сӯҳбати дӯстона буд".

Додгоҳ Гулнора Каримоваро барои 13 солу 4 моҳ равонаи зиндон кард

Аммо Саркозӣ бар ин назар аст, ки ҳамаи парвандаҳо як навъ интиқом гирифтани додрасҳо аз ӯст, ки замони раисҷумҳур будан ваколатҳои онҳоро маҳдуд мекард.

Зимнан, прокуратураи молиявӣ хоҳиш кард, ки ба ӯ 4 соли зиндон, аз ҷумла ду сол шартӣ дода шавад.

Ба ҳамин минвол, Саркозӣ аввалин президенти собиқи Фаронса мебошад, ки ҳукми воқеии зиндонро гирифт.

Ҳанӯз соли 2011, раҳбари пешини Фаронса Жак Ширак барои ташкили ҷойҳои бардурӯғи кори дар шаҳрдории Порис ба 2 соли ҳабси шартӣ маҳкум шуд.

209
Барчаспҳо:
Николя Саркози, Фаронса

Вулқон дар Индонезия бо таркиши қавӣ хокистарро то панҷ километр пароканда кард - навор

0
(Таҷдидшуда 15:10 02.03.2021)
Дар Интернет аввалин видеои хурӯҷи вулқони Индонезия пайдо шуд, ки муддати тӯлонӣ ҳеҷ гуна фаъолият нишон надод ва хатар эҷод накард

Дар Индонезия вулқони Синабунг абри хокистарро ба масофаҳои зиёди атрофи худ рехт. Кӯҳ сутуни чархзанандаи хокистаррангро ба осмон партофтааст.

Дар Интернет фавран наворҳо аз лаҳзаи хокпошии ин вулқон роҳ ёфт, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Абри хокистаранг осмони минтақаҳои аҳолинишинро фаро гирифтааст. Тақрибан 6 киломметр дуртар аз вулқон 12 деҳаи аҳолинишин ҷой гирифтаанд.

Наздиктарин шаҳр ин Каро мебошад. Ҳарчанд хатари вулқон ба сокинони ин  шаҳр намерасад, вале мақомот аз мардум хоҳиш мекунанд, ки ба ҳар сурат эҳтиёткор бошанд.

Тибқи иттилои Маркази вулқоншиносии Индонезия, ин аввалин хурӯҷи бузург аз моҳи августи соли 2020 аст ва дар маҷмӯъ, вулқони Синабунг тақрибан 400 сол боз дар хоб аст.

Чанд ҳафта пеш, вулқоншиносон аллакай ба афзоиши фаъолияти онро пешгӯӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
навор, Индонезия