ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Сабқат барои ҳар чӣ бештар савор кардани мусофирон ду ронандаи автобусро ба ҷаримаи ҳангуфт ва ҳамчунин маҳрум сохтан аз ҳаққи ронандагӣ оварда расонд.
Ба иттилои Раёсати Вазорати умури дохилаи дар Душанбе, унвонии кормандони милисия як сокини пойтахт навореро ирсол намуд, ки дар он ташкил намудани пойгаи ғайриқонунии ду ронандаи автобуси мусофирбар сабт шудааст.
Дар навор маълум аст, ки ду ронанждаи воситаи нақлиёти ҷамъиятии автобус, ки дар дохилаш мусофирони зиёде ҳузур доранд, байни ҳам сабқат ташкил намудаанд.
Зимнан, кормандони РВУД дар шаҳри Душанбе ҳар ду ронандаи қонуншиканро даст намуданд.
"Бердиев Саидмумумин ронандаи автобуси тамғаи АКИА ва Закиров Абдусалом ронандаи дигари автобуси тамғаи АКИА мебошад", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, нисбат ба ҳар ду ронанда бо моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳамакнун ҳар ду ронанда ба супоридани ҷарима аз 14 500 то 17 400 сомонӣ муваззаф шуданд. Илова бар ин, онҳо аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт ба мӯҳлати 2 сол маҳрум гардиданд.
Ташкили пойгаҳи шабона дар Душанбе: ронандаҳо боздошту ҷазо дода шуданд - навор
Ҳамзамон дар асоси фармоиши роҳбарияти Корхонаҳои воҳиди давлатии "Автобус 1" ва "Автобус 3" ронандагон Бердиев Саидмумин ва Закиров Абдусалом аз кор ронда шуданд.
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ як нафар ҳалок ва дуи дигар сахт ҷароҳатдор шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, садама рӯзи 24, тахминан соати 20:30 дақиқа дар киломметри 269 -200 - и шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ рух додааст.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Бектошов Умари 27 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи худрави худ набаромадаст.
Зимнан, номбурда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", таҳти идораи Абдуғаниев Абдурауфи 29 - сола бархӯрдааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа, Бектошов ронандаи автомашинаи "Мерседес-Бенс" ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Садама дар Анзоб: мошин чаппа шуду як нафар ҳалок гашт
Инчунин мусофирони автомашинаи тамғаи мазкур Бектошова Назираи 27 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд ва Раҳимов Машраби 24 - сола, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Манбаъ меафзояд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сокини 24 - солаи пойтахт аз худкушӣ наҷот ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, номбурда шоми рӯзи 25 феврал, тахминан соати 21:00 худро ба дарёи Душанбе андохт.
Гуфта мешавад, ӯ пас аз як муноқишаи оилавӣ ба мақсади худкушӣ аз хона баромада, ба назди дарёи Душанбеи кӯчаи Соҳилии пойтахт омад ва худро ғарқи оби дарё намудааст.
Дар ҳамин ҳол, кормандони Хадамоти давлатии "Муҳофиза"- и ВУД, ки дар қисмати қафои даромадгоҳи муассисаи давлатии тандурустии "Истиқлол" хизмат мебурданд бо шунидани сару садо зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.
"Кормандони хадамоти мазкур, ҷавондухтарро аз марг наҷот дода, ӯро зуд ба бемористон бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин духтар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи саломатии ӯ мӯътадил аст.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад.
Тавре "Парс тудей" менависад, раисиҷумҳури Туркманистон барои навзодоне, ки қарор аст 25 майи соли 2021 ва дар 140-умин соли таъсиси Ашқобод мутаваллид шаванд, феҳристе аз номҳоеро пешниҳод кардааст.
Туркманистон рӯзи шанбе Комиссиюни вижаи давлатиро барои созмондиҳии ин маросим эҷод кард ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури ин кишвар низ феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои хонаводаҳое, ки фарзандонашон 25 май ва ҳамзамон бо солгарди таъсиси Ашқобод (Aşgabat) мутаваллид мешаванд, пешниҳод кардааст.
"Раисиҷумҳури Туркманистон гуфта, ки ин иқдоми намодин аст, ки исми писари нахусти хонаводаро, ки 25 майи соли 2021 мутаваллид мешавад "Пойтахт" ё "Ашқобод" ва исми духтари нахустро ҳам " Марҷон" ё "Мая" бигузоранд", - менависад манбаъ.
Раисиҷумҳури Туркманистон ҳамчунин дастур додааст то ҳадяҳое барои ин навзодон, ки дар 25 моҳи май мутаваллид мешаванд, таҳия шавад.
Петар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писарашро ба симмати муовини сарвазир таъйин кард.
Сардор Бердимуҳаммадов ба вазифаи муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин гардид. Гузашта аз ин, узви Шӯрои амнияти миллӣ низ интихоб шуд.
"Дунёи маънавии туркманҳо": нашри китоби дигари Бердимуҳаммадов, раҳбари Туркманистон
Кишвардори Туркманистон гуфтаст, ки тасмим гирифт, ба кабинаи вазирон боз як вазифаи муовини раисро ворид кунад. Ба гуфтаи ӯ, муовини нави раиси ҳукумат, Палатаи олии назоратро низ сарварӣ карда, узви Шӯрои амният хоҳад буд.
Вазифаҳои муовини сарвазир, рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар системаи ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва иқтисодро дарбар мегиранд.
Ҳамзамон, Сардор Бердимуҳаммадов аз вазифаи вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон озод карда шуд.