Наручники, архивное фото

Интерпол шаҳрванди Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Тошканд боздошт кард

1329
(Таҷдидшуда 16:56 05.02.2021)
Марди 38 – соларо, ки Интерпол дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд боздошт кард, дар Тоҷикистон мавриди пайгард қарор дошт

ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистонро Интерпол дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд боздошт кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти пулиси байналмилалӣ .

"Рӯзи 30 январ кормандони Интерпол дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов як шаҳрванди Тоҷикистон К.Э., соли таваллудаш 1981 -ро, ки тавассути ҳавопаймо аз Русия озими Ӯзбекистон шуд,  боздошт карданд", - омадааст дар иттилоия.

Маълум аст, ки ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт.

Манбаъ меафзояд, феълан ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, чанде пеш мақомоти интизомии Русия бо дархости Қирғизистон шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон, Фурқат Абдулфаттоҳовро дар ҷумҳурии Бошқирдистон боздошт кард.

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо дархости Қирғизистон

Ба исрори ҷониби Қирғизистон, Фурқат Абдулфаттоҳов шаби 13 марти соли 2020 дар даргирии миёни сокинони деҳоти марзии ноҳияҳои Исфара ва Бодканд ба сӯи қирғизҳо тирандозӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, наздикони муҳоҷири боздоштшуда аз Тоҷикистон дар номае ба мақомоти интизомии Русия таъкид карданд, ки Фурқат Абдулфаттоҳов дар торихи ёдшуда аслан дар Тоҷикистон ҳузур надошта ва дар Русияи машғул ба кор будааст.

1329
Барчаспҳо:
боздошт, Тошканд, фурудгоҳ, Тоҷикистон, шаҳрванд, Интерпол
Река Душанбинка. Архивное фото

Ҷавондухтари 24 - сола дар Душанбе, ки қасди худкушӣ кард, наҷот ёфт

191
(Таҷдидшуда 10:35 26.02.2021)
Ҷавондухтар ҳоло дар беморхона қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сокини 24 - солаи пойтахт аз худкушӣ наҷот ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, номбурда шоми рӯзи 25 феврал, тахминан соати 21:00 худро ба дарёи Душанбе андохт.

Гуфта мешавад, ӯ пас аз як муноқишаи оилавӣ ба мақсади худкушӣ аз хона баромада, ба назди дарёи Душанбеи кӯчаи Соҳилии пойтахт омад ва худро ғарқи оби дарё намудааст.

Дар ҳамин ҳол, кормандони Хадамоти давлатии "Муҳофиза"- и ВУД, ки дар қисмати қафои даромадгоҳи муассисаи давлатии тандурустии "Истиқлол" хизмат мебурданд бо шунидани сару садо зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

"Кормандони хадамоти мазкур, ҷавондухтарро аз марг наҷот дода, ӯро зуб ба бемористон бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин духтар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи саломатии ӯ мӯътадил аст.

191
Барчаспҳо:
наҷот, духтар, худкушӣ, Душанбе
Медицинская каталка в больнице, архивное фото

Сӯхтор дар Толятти: муҳоҷири тоҷик ду фарзандашро наҷот доду кӯдаки ду - солааш ҷон бохт

446
(Таҷдидшуда 14:11 25.02.2021)
Сӯхтор дар як анборе сар зад, ки муҳоҷири тоҷик ҳамроҳ бо зану се фарзанди худ ба сар мебурд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Толятти Русия дар як анбор сӯхтор сар задаст, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Котиботи шӯъбаи назорати вилояти Самара хабар медиҳад, ки дар сӯхтор кӯдаки 2 - сола аз Тоҷикистон ҷон бохтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар анбори мазкур як хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекарданд. Ҳодисаи нохуш рӯзи 24 феврал сар задаст ва сабаби он "нодуруст истифода шудани дастгоҳи гармидиҳӣ" арзёбӣ мешавад.

Манбаъ меафзояд, муҳоҷири тоҷик ду фарзанди худро аз алангаи оташ берун овард, вале фарзанди 2 - солаи ӯ ҷон аз даст дод.

Гуфта мешавад, волидони кӯдаки марҳум ҳоло дар беморхона қарор доранд.

Зимнан, қайд мешавад, ки пас аз сӯхтор прокуратура санҷиш ташкил карда, дар ҷараёни он маълум гардид, ки анбор барои фаъолияти тиҷоратӣ бо иштироки муҳоҷирон истифода шудааст. Ҳоло қонунӣ будани кори шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш карда мешавад.

Зодагони Тоҷикистон дар Петербург мардумро аз коми оташ наҷот доданд - навор

Мақомот аллакай аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

446
Барчаспҳо:
тоҷик, муҳоҷир, сӯхтор, Толятти
Задержанный преступник, архивное фото

Ҳукми зиндони марди қазоқ барои дуздии 9 мошини хориҷии соҳибкори тоҷик-видео

0
(Таҷдидшуда 11:31 26.02.2021)
Як марди 31-солаи вилояти Туркистони Қазоқистон бо ҷурми дуздии мошинҳои соҳибкори тоҷик равонаи зиндон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 феврал - Sputnik. Бино ба иттилои "Телевизиони Остона", шаҳрванди ин кишвар дар дуздии 9 мошини хориҷии шаҳрванди тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба муҳлати чоруним сол равонаи зиндон гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон мошинҳои худро замони карантина дар ҳавлии судшуда, ки таваққувгоҳи пулакӣ ташкил карда буд, гузоштааст.

Гуфта мешавад судшуда таваққуфгоҳро дар назди гузаргоҳи марзӣ бунёд кардааст.

Аммо бо тасмими ба даст овардани даромади бештар соҳибкор шаш мошини дигарро фурӯхтааст. Сеи дигарро барои қисмҳои эҳтиётӣ фурӯхтанд.

Боздошти 15 мошини дуздӣ дар роҳ ба Тоҷикистон

Гуфта мешавад, зарари умумии он 11 миллион танга ҳисоб шудааст.

Манбаъ мегӯяд, зода Қазоқистон пас аз фурӯши мошинҳо пинҳон шуд, аммо маъмурини пулис боздошт карданд ва маълум гашт, ки ӯ қаблан барои қаллобӣ маҳкум шудааст.

0