Боздошти ронанда ва оғози парванда: марди 60 - соларо пахш карду аз ҷои ҳодиса гурехт

Обуна шудан
Ронандае, ки дар ҳудуди роҳи шаҳри Хуҷанд пиёдарди 60 соларо пахш карда аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, дастгир шудааст. Нафари боздоштшуда Рафоил Бобоев, сокини 36 солаи шаҳри Истаравшан гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik. Карим Ҷумъаев, корманди бахши тарғиботи Раёсати БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон рухдоди ин ҳодисаи мудҳиши нақлиётиро, ки оқибат ба марги пирамарди 60 сола анҷомидааст шарҳ дод.
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2021
Ронандаи душанбегӣ дар Восеъ ҷавонеро пахш кард: шахсияти фавтида номаълум аст
Бино ба гуфти манбаъ Бобоев Рафоил, 35-сола сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан, субҳи рӯзи 1 уми феврал бо воситаи нақлиёти худ тамғаи Газел ҳангоми ҳаракат дар роҳи ҳудуди маҳаллаи 34 и Хуҷанд пиёдагард Абдулҳаёев Мирзоҳомид 60-солаи сокини деҳаи Урметани ноҳияи Айниро пахш намуда аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
“Ронанда ба ҷойи расонидани ёрии таъҷилӣ ба пиёдагард, баръакс барои пинҳон намудан аз маҳалли ҳодисаи рухдода фирор кардааст. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ пирамарди пиёдагард Абдулҳаёев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,  - гуфт корманди БДА.
Кормандони милитсия зимни корҳои ҷустуҷӯӣ ин ҷиноятро бо иззи гарм ошкор намуда, шахсияти ронандаи фирорӣ Рафоил Бобоевро муайян ва дастгир кардаанд.
Ҳоло нисбати Бобоев бо моддаи 212 (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаи нақлиёт) ва 127 қисми 2 (дар хатар монондан) и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0