Подозреваемый в убийстве таксиста

ВКД ҳуввияти ҷавоне, ки таксиронро бо 42 зарби корд кушт, ошкор кард

4665
(Таҷдидшуда 18:55 17.02.2021)
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пойтахт ҳуввияти ҷавоне, ки ронадаи таксиро бо 42 зарби корд кушт, ошкор кард

ДУШАНБЕ, 17 фев - Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, санаи 15-уми феврали соли 2021, тахминан соати 20:00 дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ҷасади ҷавонписари тахминан 20-25 сола дар дохили автомашинаи мусофиркашони тамғаи "Хундай-Солярис", рақами қайди давлатиаш 8419 ТТ 05 бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади ронанда бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар қисмати гардан, қафаси сина ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим бо 42 зарби корд ёфт шуд.

 “Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҷасади ҷавони дар хун оғушта шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ санаи таваллудаш 08.08.1990, сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ҷиҳати муайян ва дастгир намудани нафари гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва криминалистӣ гузаронида шуда, дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳиш таъмин карда шуд.

“Муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст”,- мегӯяд манбаъ.

Ба таъкиди ниҳод, дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ номбурда аз зодгоҳаш ноҳияи Ҷайҳун дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.

Айни замон нисбати гумонбаршаванда Муҳиддинов Саймумин тибқи талаботи моддаи 104 (одамкушӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад, афзудааст Раёсати Вазорати корҳои дохила.

4665
Медицинская каталка в больнице, архивное фото

Ҳалокати 5 донишҷӯи ҳамхона бар асари заҳролудшавӣ

139
(Таҷдидшуда 21:18 28.02.2021)
Панҷ донишҷӯ дар шаҳри Тошканд, ки дар як хона зиндагӣ мекарданд, дар пайи заҳролудшавӣ аз моддаи номаълум фавтиданд

ДУШАНБЕ, 28 фев - Sputnik. Маводи номаълум сабаби марги панҷ донишҷӯ дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд шуд, хабар дод дафтари матбуоти Додситонии кулли Ӯзбекистон. 

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, донишҷӯён якҷоя дар хонаи хусусӣ дар кӯчаи Инжободи маҳаллаи Фирдавсӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар бино иҷоранишин буданд.

Манбаъ афзуд, ки ташхисгарон то ҳол натавонистаанд моддаеро, ки боиси марги донишҷӯён шудааст, муайян кунанд.

Дар байни кушташудагон, бино ба иттилои Додситонии кул, се донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд, донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи Инҳаи Тошканд ҳастанд. Тафсилоти дигари ҳодиса мушаххас карда мешавад.

Маълум аст, ки додситонии ноҳияи Юнусобод тибқи моддаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки боиси марги чанд нафар шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рафти тафтишот таҳти назорати Дастгоҳи марказии Додситонии кул қарор дорад.

Қаблан дар вилояти Самарқанд панҷ нафар бо заҳролудшавӣ аз хӯрок дар беморхона бистарӣ шуда буданд. Яке аз онҳо фавтид. Маълум аст, ки дар Самарқанд консервҳои помидор боиси заҳролудшавӣ шудаанд.

139
Барчаспҳо:
ҳалокат, заҳролудшавӣ, Ӯзбекистон
Старик , архивное фото

Латукӯби пирамард дар кӯча: пулу телефонашро гирифтаанд

707
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати латукӯб ва ғорати марди солхӯрда дар шаҳри Душанбе хабар додааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар шаҳри Ваҳдат пирамарди 73-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки дар кӯча мавриди латукӯб ва ғорат қарор гирифтааст.

Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки  25-уми феврали соли 2021, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Хуросон шахси номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 1 адад телефони мобилии тамғаи “Алкател”  - ро гирифтааст.

Манбаъ афзуд, ҳамлагар дар баробари телефон инчунин  каме маблағро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурини милиса дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-сола,  сокини шаҳри Ваҳдатро бо гумони латукӯб ва ғорати пирамард боздошт кардаанд.

Маълум шудааст, ки дастгиршуда пеш бо моддаҳои 237 ва 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан чораандешӣ барои оғози парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. Назари бевоситаи дастгиршуда дар мавриди иттиҳомоти эълонкардаи мақомот маълум нест.

707
Барчаспҳо:
боздошт, латукӯб, Тоҷикистон
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Қарорҳои Ҳукумат барои тағйири номҳо: аз номи нави фурудгоҳи Хоруғ то қуллаи Боми Ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:03 28.02.2021)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.

Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.

Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.

0
Барчаспҳо:
Хоруғ, фурудгоҳ, Тоҷикистон