Дар сӯхтори бозори "Султони Кабир" соҳибкор гунаҳкор аст: вазир аз ҳабси ду нафар гуфт

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевБазар Султони Кабир в Душанбе
Базар Султони Кабир в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода Вазири умури дохилаи Тоҷикистон, омили асосии сар задани сӯхтор дар бозори "Султони Кабир"- ро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Сӯхтори шадид дар бозори "Султони Кабир" ба айби соҳибкор рух додааст, гуфт Вазири умури дохилаи Тоҷикистон.
Рамазон Раҳимзода имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, сӯхтор дар бозори мазкур аз беэҳтиётии як соҳибкор сар задааст.
Ӯ гуфт, омили асосии оташсӯзӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳо будааст.
Пожарная машина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2021
Тафсилоти сӯхтори бозори "Султони Кабир": сабаб ва ҳаҷми хисорот маълум шуд
Дар робита ба ин ҳодиса, вазири тоҷик аз ҳабси ду нафар хабар дод ва гуфт, ки онҳо барои содир кардани кирдори ғайриқонунӣ ва ба ҷамъият хавфнок муттаҳам дониста мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар бозори "Султони Кабир" рӯзи 25 январ рух дод ва ҳаҷми умумии зарари расонидашуда, 800 ҳазор сомонӣ мебошад.
Гуфта мешуд, ки сӯхторнишонон молу маҳсулоти амрдумро ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ аз сӯхтор наҷот доданд.
Бояд қайд кард,ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" аллакай маротибаи дуюм сӯхтор сар задааст. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
Сипоси Кабиров ба Раҳимзода: агар шумо намебудед, бозор пурра месӯхт
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.
Қаблан, раиси бозори мазкур ба Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар робита ба ҳузур доштани ӯ дар рафти оташсӯзӣ дар бозор изҳори миннатдорӣ намуд, гуфт, "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".
Лентаи хабарҳо
0