ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар латукӯби блогери тоҷик дар Олмон чанд нафар аз аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ даст доранд.
Раҳимзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ қазияи латукӯб ва маҷрӯҳ шудани блогери тоҷик бо номи "Борода"-ро аз сӯи ҳамватанони ӯ шарҳ дод.
Хомӯш набошем: Раҳмон дар бораи либос, наҳзатиҳо, айби зиёиён ва камбудии фикри мардум
Ба гуфтаи Раҳимзода, дар Олмон чанд ҷавон ҳамчун блогер сафҳаи интирнетии худ доранд ва яке аз онҳо, пас аз чанд соли дурӣ аз ватан ба Тоҷикистон омад ва таассуроти худро дар мавриди пешрафт кардани Ватан дар сафҳаи худ нақл кардааст.
Блогер ҳамаи ободонию созандагии Тоҷикистонро ба навор гирифта, аснои баргашт, пешрафти ватанро бо Берлин муқоиса кардааст.
"Азбаски ҷавонони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз пешрафти Ватан розӣ набуданд, аз ин рӯ блогерро мавриди сарзаниш ва латукӯб қарор доранд", - тавзеҳ дод вазири тоҷик.
Раҳимзода қайд намуд, ки ба сӯйи блогери тоҷик аз тапончаи пневматикӣ тир холӣ шудааст.
Ба изҳори вазири тоҷик, дар робита ба ин ҳодиса, чор нафар аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон дастгир шуданд ва феълан ҷониби Тоҷикистон барои муайян намудани асли воқеа ба мақомоти марбутаи он кишвар мактуб ирсол намудааст.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Толятти Русия дар як анбор сӯхтор сар задаст, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт. Котиботи шӯъбаи назорати вилояти Самара хабар медиҳад, ки дар сӯхтор кӯдаки 2 - сола аз Тоҷикистон ҷон бохтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар анбори мазкур як хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекарданд. Ҳодисаи нохуш рӯзи 24 феврал сар задаст ва сабаби он "нодуруст истифода шудани дастгоҳи гармидиҳӣ" арзёбӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, муҳоҷири тоҷик ду фарзанди худро аз алангаи оташ берун овард, вале фарзанди 2 - солаи ӯ ҷон аз даст дод.
Гуфта мешавад, волидони кӯдаки марҳум ҳоло дар беморхона қарор доранд.
Зимнан, қайд мешавад, ки пас аз сӯхтор прокуратура санҷиш ташкил карда, дар ҷараёни он маълум гардид, ки анбор барои фаъолияти тиҷоратӣ бо иштироки муҳоҷирон истифода шудааст. Ҳоло қонунӣ будани кори шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш карда мешавад.
Зодагони Тоҷикистон дар Петербург мардумро аз коми оташ наҷот доданд - навор
Мақомот аллакай аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохила, ҳодисаи мазкур санаи 7-уми январи соли равон дар маҳаллаи Бедаки ҷамоати деҳоти Д.Холматов ноҳияи Б.Ғафуров сурат гирифтааст.
Гуфта шудаааст, ки номбурда, дар назди бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми маҳаллаи Бедаки ҷамоати деҳоти Д.Холматов бо додари ҳамсараш, ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматов вохӯрда, аз рӯи хусумат ва ҳисси бадбинӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол намудааст.
“Ҳангоми ҷангу ҷанҷол ҷавони 27-сола додари ҳамсарашро бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба панҷаи дасти рости охирон задааст”, - таъкид доштааст ВУД-и Тоҷикистон.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
Дар мусобиқаи ҳунарҳои омехтаи OCTAGON 16 дар Алмаато миёни намояндаи Тоҷикистон Муъмин Шамсов ва варзишгари Қазоқистон Давлатбек Абдуқаҳоров муҳориба баргузор шуд.
Барои Мӯъмин Шамсов, ки 32-сола шуд, ин мубориза аввалин дар карераи касбии ӯ буд.
Давлатбек Абдуқаҳоров низ наметавонад бо таҷрибаи кофии варзишӣ фарқ кунад: вай барои мубориза бо тоҷик як ғалаба ва як мағлубият дошт.
Мубориза бо суръати тез оғоз ёфт: варзишгарон зуд ба табодули зарбаҳои сахт шурӯъ карданд.
Размикори қазоқ Шамсовро ба тури майдон ҷасф карда, ӯро маҷбур кард, ки мавқеи номусоидро ишғол кунад ва дар доираи васеъ хаста кунад.
Дар мобайни давр мубориза боздошта шуд: дидаю дониста ё на, қазоқистонӣ ба чашми Мумин зад. Пас аз каме таваққуф, рақибон набардро идома доданд.
Муштзани тоҷик Сангинов Лаваллеро шикаст дод - навори ҷолиби рақобат
Чунин ба назар мерасид, ки Абдуқаҳоров дар даври аввал пешсаф буд ва талоши бештар карда, кӯшиш кард, ки муборизаро ба замин барад. Аммо вақте ки размикори Қазоқистон танҳо як маротиба ҳимояаш кушода шуд, Мӯъмин Шамсов як зарбаи қавии ҳалкунанда зад.
Ҳаминтавр нахустин муборизаи касбии паҳлавони тоҷик бо нахустин пирӯзии боэътимоди ӯ тариқи нокаути техникӣ ба анҷом расид.