Таблетки, архивное фото

ВУД: 10 гуруҳи нашъаҷаллоб дар ҳайати 37 нафар дар Тоҷикистон ошкор шуд

1072
(Таҷдидшуда 19:02 20.02.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гузориш дод, ки соли гузашта дар кишвар 10 гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб ошкор карда шуданд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса даҳ гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллобро ошкор кардаанд, ки дар маҷмуъ 37 нафарро дар бар мегирифтанд.

Манбаъ афзуд, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ҳудуди 1 тоннаву 117 кило воситаҳои нашъадор мусодира шудааст, ки аз ин 49,2 кило героин, 481 кило афюн, 502 кило ҳашиш, 64 кило  бангдона мебошад.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ  2 тоннаву 425 кило воситаҳои нашъадор мусодира гардидааст.

“Дар баробари ин  беш аз 791 ҳазор ниҳоли бангдонаи кошташуда ва худрӯй дарёфт ва  нобуд карда шуд, ки миқдории умумии он 1 тоннаву 620 кг-ро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Масъулини ВУД махсусан аз навъи ҳабҳои синтетикӣ, ки имрӯзҳо дар байни ҷавонон паҳн шудаанд, изҳори нигаронӣ мекунанд. Таъкид гардид, ки паҳншавии таблеткаҳои синтетикӣ байни ҷавонон, хусусан дар тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ авҷ гирифтааст.

Мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт чораандешӣ карда, 5 150 дона таблеткаҳои синтетикиро мусодира кардаанд.

1072
Барчаспҳо:
мухаддир, нашъа, Тоҷикистон
Старик , архивное фото

Латукӯби пирамард дар кӯча: пулу телефонашро гирифтаанд

295
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати латукӯб ва ғорати марди солхӯрда дар шаҳри Душанбе хабар додааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар шаҳри Ваҳдат пирамарди 73-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки дар кӯча мавриди латукӯб ва ғорат қарор гирифтааст.

Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки  25-уми феврали соли 2021, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Хуросон шахси номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 1 адад телефони мобилии тамғаи “Алкател”  - ро гирифтааст.

Манбаъ афзуд, ҳамлагар дар баробари телефон инчунин  каме маблағро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурини милиса дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-сола,  сокини шаҳри Ваҳдатро бо гумони латукӯб ва ғорати пирамард боздошт кардаанд.

Маълум шудааст, ки дастгиршуда пеш бо моддаҳои 237 ва 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан чораандешӣ барои оғози парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. Назари бевоситаи дастгиршуда дар мавриди иттиҳомоти эълонкардаи мақомот маълум нест.

295
Барчаспҳо:
боздошт, латукӯб, Тоҷикистон
Скорая помощь, архивное фото

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ: ронанда фавтиду мусофирон ҷароҳат бардоштанд

1442
(Таҷдидшуда 15:35 26.02.2021)
Ронандаи 27 - сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони ӯ ба бемористон интиқол ёфтанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ як нафар ҳалок ва дуи дигар сахт ҷароҳатдор шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, садама рӯзи 24, тахминан соати 20:30 дақиқа дар киломметри 269 -200 - и шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Бектошов Умари 27 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи худрави худ набаромадаст.

Зимнан, номбурда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", таҳти идораи Абдуғаниев Абдурауфи 29 - сола бархӯрдааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа, Бектошов ронандаи автомашинаи "Мерседес-Бенс" ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садама дар Анзоб: мошин чаппа шуду як нафар ҳалок гашт

Инчунин мусофирони автомашинаи тамғаи мазкур Бектошова Назираи 27 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд ва Раҳимов Машраби 24 - сола, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Манбаъ меафзояд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

1442
Барчаспҳо:
роҳ, мошин, садама

Нишасти изтирории чархболи низомии Русия дар Сурия - видео

0
(Таҷдидшуда 15:31 28.02.2021)
Чархболи нерӯҳои фазонавардии Русия, Ми-35 дар қаламрави Сурия бо сабабҳои техникӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод

Нишасти изтиророӣ  ҳангоми посбонӣ дар қаламрави вилояти Ҳасеке рух додааст. Вазорати мудофиаи Русия қайд кард, ки ҳеҷ яке аз халабонҳо ҳангоми фуруди изтирорӣ осеб надидааст.

Ба иттилои Вазорати дифоъ, халабонҳо феълан дар фурудгоҳ ҳастанд.

"Рӯзи 28 феврали соли 2021, ҳангоми парвози нақшавӣ барои посбонӣ кардани қаламрави вилояти Хасеке дар ҷумҳурии Сурия, чархболи Ми-35 бо сабабҳои техникӣ ба таври изтирорӣ фуруд омад", - иттилоъ дод Вазорат. 

Манбаъ бо такя ба гузориши халабонҳо илова намуд, ки чархбол ҳадафи тирпаронӣ қарор нагирифтааст.

Мавридд ба зикр аст, ки чархболи нақлиётии Ми-8АМТШ ва чархболи ҷангии зарбазани Ми-35 дар Хасеке корвони мошинҳои мулкиро аз ҳаво посбонӣ мекунанд, ки дар шоҳроҳи стратегии M4 ҳаракат мекунанд.

Гурӯҳи низомиён дар чархболи Mi-8AMTSh дар масофаи 5-10 километр пеш аз корвони мошинҳо парвоз мекунанд, то минтақаро посбонӣ намоянду аз пайдоиши эҳтимолии ҷангҷӯён дар наздикии масир ҷилавгирӣ кунанд. Чархболи зарбазани Ми-35 корвонро аз қафо аз таъсири техникаи ҳарбии хориҷӣ муҳофизат мекунад.

0
Барчаспҳо:
чархбол, Сурия