Суқути ҳавопаймо дар Нигерия: ягон кас зинда намонд - навор

702
(Таҷдидшуда 18:33 21.02.2021)
Ба халабонҳо муяссар шуд, ки ҳавопайморо аз маҳалҳои аҳолинишин дуртар бубаранд. Вале ҳинни ба садама дучор шудан, ҳавопаймо оташ гирифт ва комилан сӯхт

ДУШАНБЕ, 21 феврал - Sputnik. Як ҳавопаймои низомии King Air 350 дар Абуҷа суқут кард. Дар ин бора вазири ҳавопаймоии Нигерия Ҳади Сирика дар сафҳаи Твиттери худ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, садама ба иллати аз кор мондани яке аз муҳаррикҳо рух додааст. Ба халабон муяссар шуд, ки ҳавопайморо аз маҳалҳои истиқоматӣ дур бибаранд.

"Як ҳавопаймои низомии King Air 350 дар наздикии қитъаи ҳавоӣ дар Абуҷа пас аз хабар додан дар бораи аз кор мондани муҳаррик дар роҳ ба сӯи Минна суқут кард", -  гуфт Сирика.

Ба навиштаи Daily Post ва шоҳидони айнӣ, ҳамаи одамоне, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, кушта шуданд. Пеш аз садама, халабонҳо аз мушкили рухдода хабар доданд ва ҳарчанд кӯшидан зудтар фурӯд оянд, вале аснои нишастан ба замин дучори садама шуда, ҳавопаймо оташ гирифт.

Сахт андуҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоко Видодо

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо аз ҷои ҳодиса пайдо шуданд, ки ҷамъ омадани сокинони маҳаллӣ дар ҷойи ҳодиса ва кори оташнишонон нишон дода мешавад.

Тибқи иттилои расонаҳо, дар ҳавопаймои King Air 350 6 нафар буданд.

Ёдовар мешавем, ки 19 феврал чунин ҳодиса дар Иёлоти Муттаҳида рух дод, ки дар натиҷа ду сарбоз ҷон аз даст доданд.

702
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик

42 зарби корд барои 60 сомониву телефон: Саймумин гуфт, чӣ гуна таксиронро кушт - видео

3771
(Таҷдидшуда 20:23 03.03.2021)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори бозпурсии Саймумин Муҳиддинов, ки дар қатли ваҳшиёнаи таксирон бо 42 зарби корд гумонбар мешуд, нашр кард

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. ВКД-и Тоҷикистон дар як наворе ҷузъиёти пуррраи ин ҷиноятро мадҳушро шарҳ додааст.

Ба гузориши ВКД номбурда санаи 15 феврал соли равон бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт бо истифодаи зуровари автомашинаи мусофиркашони таксиии Эраҷи Эмомалӣро манъ карда бо корди ба ӯ ҳамла намуда аз ӯ ронанда талаби пулӣ кардааст. Баъд аз шунидани ҷавоби рад ба узвҳои ҳаётан муҳими ронанда 42 маротиба зарба зада бо як бераҳмии махсус дар кӯчаи деҳоти ба ҳалокат расонидааст.

Худи Саймумин Муҳиддинов зимни бозпурси гуфт: “гуфтамаш, ки 8 сомонӣ дорам мешавад? Гуфт намешавад. Манам беақлӣ карда, дар ёдам корд зад. Кордро гирифтам ба бари манаҳаш гузоштам. Ва ӯро таҳдид кардам, мехостам пулҳояшро бигирам. Ронанда тарсид дастамро гирифт, сипас  миёнамон занозанӣ сар зад. Охир дар ёд дорам, ки аввалин корди задаам ба китфаш буд”.

ВКД таъкид доштааст, ки Муҳиддинов Саймумин ба шаҳри Душанбе омада ба чанд рӯз ба айшу ишрат ва беҳудагарди машғул будааст.

ВКД-и Тоҷикистон таъкид кардааст, ки баъд аз куштори ронандаи такси номбурда аз ҷайби ӯ 60 сомонӣ ва телефони мобиливу дигар ҳуҷатҳоро гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Кормандони милитсияи дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳишро таъмин карданд ва муайян карданд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст.

Ӯ аз зодгоҳа дастгир ва ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.

Ҳоло нисбати гумонбаршаванда Саймумин Муҳиддинов дар Прокуратураи шаҳри Душанбе тибқи талаботи моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда мавриди тафтиш қарор дорад.

3771
Барчаспҳо:
навор, гумонбар, таксӣ, бозпурсӣ, вазорати корҳои дохилӣ, Тоҷикистон
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин

807
(Таҷдидшуда 13:03 02.03.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 28-уми феврал, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа дарроҳ аз Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашина, Нормуъминов Камолиддин Ураловичи 34-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз Шаҳритус ба ноҳияи Н.Хусрав, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро, ки дар болояш, Мадуллоев Аслами 76- сола, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур нишаста буд, пахш намудааст.

Дар натиҷа, Мадуллоев А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак зери чархи “Лексус-450”-и Маҳмудзода Исфандиёр Сафаралии 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳалок шуд.

807
Барчаспҳо:
мошин, ҳалокат, пирамард, садама, Тоҷикистон
Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд

Корфармоёни Русия ба суроғи муҳоҷирони тоҷик омаданд акс

0
(Таҷдидшуда 10:46 04.03.2021)
Роҳбарони ширкати сохтмонии “Тех строй”-и шаҳри Маскав ба Тоҷикистон ба суроғи муҳоҷирони меҳнатӣ омадаанд. Онҳо нахуст дар Хуҷанд ва сипас ба шаҳри Душанбе сафар карда бо сокиноне, ки хоҳиши дар Русия кор карданро доранд, шартномаи меҳнатӣ ба имзо мерасонанд

ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Бо шунидани ташрифи корфармоёни Русия, ба Тоҷикистон даҳҳо нафар сокинон аз шаҳру навоҳии Суғд рӯзҳои 2 ва 3 март ба Хуҷанд омаданд.

Азизмат, сокинони ноҳияи Ашт буда, ҳамроҳ бо ду ҳамсолаш барои дарёфти кори хуб дар Русия ба Хуҷанд омад. Ӯ иброз намуд, ки дар гузашта дар як ширкати сохтмонии шаҳри Маскав кор мекард, вале бо сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 бо кори пештараи худ расида натавонист.

Ин сокини ноҳияи Ашт таъкид намуд, ки таҷрибаи кориаш дар сохтмонро роҳбарони ширкати Русия дар Хуҷанд дуруст дарк карданд ва онҳо барои ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

“Ҳангоми суҳбат мо иброз намудем, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷумлаи андовагар, сенгчин, кошинкориро ба иҷро расонида метавонем. Роҳбарони “Тех строй” дар навбати худ иброз намуданд, ки чунин мутахассисонро сатҳи баланд ҳисоб мекунанд ва асосан ба чунин мутахассисон шартномаи ҳамкорӣ бастанианд”, -мегӯяд Азизмат.

Зариф Шодиев, як сокини 35 солаи ноҳияи Деваштич гуфт, даҳ сол ба ин тараф умдатан ҳисоби зиндагии хонаводашро аз ҳисоби кору заҳмати муҳоҷирати Русия таъмин мекунад. Ӯ гуфт, хуруҷи бемории ҳамагири каронавирус ба мисли ӯ, ба иқтисодиёти даҳҳо хонаводаи муҳоҷирон зарбаи ҷиддӣ расонд.

“Аввалҳо дар муҳоҷират боркашонӣ мекардам. Баъдан як муддат ронандаи таксӣ ҳам будам. Таҷрибаи панҷсолаи кор дар сохтмони иборатҳои баландро дорам. Мо дар Хуҷанд бо корфармоён суҳбат кардем дар баробари дигар шартҳо додани маош дар вақташро пешниҳод кардем”, гуфт Шодиев.

Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд
© Sputnik (sputniktj_photo)
Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд

Барои ҷалб намудани қувваи корӣ ташриф оварданд. Ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти муҳоҷират Николай Папов, роҳбари ҶСК “Тех строй” шаҳри Маскав дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон қайд намуд, ки бахши аъзами коргарони ин ширкат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ аст ва аз ҳамин лиҳоз ӯ бо гурӯҳи иборат аз 16 нафараи худ барои бастани шартномаҳо ба корҷӯён ба Тоҷикистон омаданд.

“Давоми ду рӯз бо бештар аз 500 нафар шартномаҳо ба имзо расонида шуд. Дар ин миён бештар аз 40 нафар ҳамчун мутахассиси баландсоҳа қабул гардиданд”, гуфт роҳбари “Тех строй” и Маскав.

 Бино ба гуфти Папов, баъд аз Хуҷанд сафари онҳо ба шаҳри Душанбе низ дар назар буда, то 6 уми март сокинонро барои ҳамкорӣ қабул мекунанд.

Ширкати “Тех строй” бастани 1000 шартнома бо ҳамкорони тоҷикро дар нақша дошта, масъалаи ташкили хатсайри чартерӣ, расамиётдарории ҳуҷҷатҳо аз қабили иҷозатномаи ҷойи кор, таъмин намудан бо хобгоҳ ва сари ҳар моҳ пардохт намудани маоши муҳоҷиронро ба уҳда гирифтааст.

0
Барчаспҳо:
шартнома, Русия, Хуҷанд, муҳоҷират, Маскав, ширкат, Тоҷикистон