Мусофирон дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

"Беш аз 1 миллионро аз худ кард": парвандаи Баҳоваддинов, мансабдори баландпояи Хуҷанд

2264
(Таҷдидшуда 16:45 23.02.2021)
Парвандаи Саидхоҷа Баҳоваддинов, собиқ мудири кулли КВД “Нақлиёти мусофиркашон”- и шаҳри Хуҷанд ба додгоҳ фиристода шуд. Назари бевоситаи ӯ дар мавриди айбҳои эълонкардаи мақомот алайҳаш феълан маълум нест

ДУШАНБЕ, 23 фев – Sputnik. Раёсати Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯяд, Баҳоваддинов барои аз худ кардани беш аз аз як миллион сомонӣ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои раёсати Ожонси зидди фасод дар Суғд, нисбати ин мансабдори собиқи Хуҷанд ҳанӯз моҳи августи соли 2020 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ дар ҳолатҳои азонихудкунӣ, исрофкорӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ муттаҳам мешавад.

Манбаъ афзуд, ки зарари умумӣ дар доираи парвандаи ҷиноӣ 1 миллиону 41 ҳазору 880 сомониро ташкил дода, аз ин ба давлат 460 ҳазору 600 сомонӣ ва ба шаҳрвандони алоҳида 581 ҳазору 280 сомонӣ рост меояд.

Бар пояи иттилои Раёсати мубориза бо коррупсия, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Баҳоваддинов бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноӣ -  245 қисми 4 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б” , 314 қисими 1 ва 323 барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шуд.

Саидхоҷа Баҳоваддинов аз сентябри соли 2018 то 2019 мудири кулли корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" - и Хуҷанд буд. Назари бевоситаи ӯ дар мавриди айбҳои эълонкардаи мақомот алайҳаш феълан маълум нест.

Дар маҷмуъ ба иттилои раёсати Ожонси мубориза бо фасод дар Суғд,  соли гузашта  512 ҷинояти коррупсионӣ ва ё иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шудааст. Дар пайи тафтиши ин парвандаҳо 21, 8 миллион сомонӣ зарар ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб то имрӯз 12, 5 миллион сомонӣ рӯёнида шудааст.

2264
Барчаспҳо:
мансабӣ, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Садамаи маргбор: Муқимҷон аз уҳдаи идораи мошин набаромаду пирамарди 80-соларо пахш кард

476
(Таҷдидшуда 10:49 09.03.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 9 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 7-уми март, тахминан соатҳои 21:40-дақиқа дар роҳи Душанбе ба самти шаҳри Ҳисордар дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Волсваген-Пасат", Назаров Муқимҷон Саидмаҳмудович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Бобомуродов Ҳамроҳи 80-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сомонро пахш намудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, пиёдагард, Бобомуродов Ҳамроҳ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ин хустин ҳолати ҳалокати солхӯрдагон зери чархи мошин набуда, тайи моҳҳои ахир чунин ҳаводис зиёд рух медиҳад. 

Садамаи маргбор: ронандаи "Мерседес-Спринтер" зани 70-соларо пахш кард

Аввали моҳи ҷорӣ низ вазорат аз ҳалокати пирамарди 76 -сола зери чархи автомобил дар масири Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав хабар дода буд.

476
Барчаспҳо:
пахш, пирамард, Ҳисор, садама, Тоҷикистон
Руки  в наручниках

Боздошти ду нафар бо гумони қаллобӣ: давоми панҷ моҳ ду нафарро фиреб доданд

336
(Таҷдидшуда 00:07 09.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ахиран дар пойтахти кишвар мардони 29 ва 40-сола боздошт шуданд, ки дар кирдори қаллобӣ гумонбар дониста мешаванд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур шикоят бурдааст, ки моҳи октябри соли 2020, дар кӯчаи А.Навоӣ шахсони номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 104 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. 

Гуфта шудааст, ки кормандони милитсияи пойтахт, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардони 29 ва 40-солаи сокинони ҳамин ноҳия, ки якеашон пеш бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир намуданд.

Манбаъ ҳамзамон қайд кардааст, ки ин ду нафар санаи 21-уми феврали соли равон, дар кӯчаи А.Навоӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 140 ҳазор сомонӣ гирифтанд.

Таъкид шудаст, ки онҳо ба ҷабрдида ваъда додаанд, ки аз бинои навсохтмони кӯчаи А.Навоӣ якхонагӣ гирифта медиҳанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид доштааст, ки нафарони боздоштшуда  ваъдаашонро то ҳол иҷро накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ВКД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

336
Барчаспҳо:
мард, гумонбар, фиреб, боздошт, қаллоб, Тоҷикистон
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото

Фейсбук сафҳаҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо мудиронашон бастааст

0
Дасти кам даҳ ширкати тоҷикӣ баста шудани сафҳаҳои худ дар Фейсбукро таъйид карданд. Сабаб ин иқдомро Фейсбук шарҳ надодааст

ДУШАНБЕ, 09 мар — Sputnik. Яке аз масъулони ин ширкатҳо, ки нахост номаш фош шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тариқи почтаи электронӣ як мактуберо дарёфт кардаанд, ки дар он гуфта шудааст, шумо аз “мудирияти тиҷорӣ” – ии Фейсбук ҳазф карда шудаед.

“Дар идома омадааст: “Ин бад-он маънӣ аст, ки шумо дигар ба ҳисобҳои рекламавӣ ё сафаҳоте, ки ба унвони корманди ширкат бо онҳо кор кардаед, дастрасӣ надоред. Агар фикр мекунед набояд ҳазф мешудед, бо мудири Мудирияти тиҷорӣ тамос гиред”.

Ин паём ирсол шудааст: Facebook, inc., Таваҷҷуҳ: Пуштибонии ҷомеа, 1 Facebook way, Menlo Рark, CA 94025”, - гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба ҳамин минвол, тоҷирон ва афроди масъули ширкатҳо, ки аз Фейсбук ҳазф шудаанд, ҳам ба сафҳаи ширкат ва ҳам ҳисобҳои худ дар ин шабака дастрасӣ надоранд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ӯ метавонад муҳтавои қаблан гузошташуда аз сӯи ширкат ё худро бубинад, аммо амалан коре дар онҳо карда наметавонад, ҳатто наметавонад “лайк” гузорад.

“Аз рӯи таҳлилҳои мо, ҳамон сафҳаҳое ҳазф шудаанд, ки тариқи имейли худ ё ширкат дар Фейсбук сабти ном шудаанд. Асосан админ ё мудирони сафҳаҳоро ҳазф кардаанд. Онҳое, ки сафҳаҳояшонро тариқи рақамҳои телефонҳои худ сабти ном кардаанд, алъон аз дасти бераҳми Фейсбук дар амонанд. Мо ду рӯз пеш ба “мудирияти тиҷорӣ” – и Фейсбук навиштем, ки сабабҳои ҳазф карданро шарҳ диҳад. То ба ҳол посухе нест”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Моҳи ноябри соли равон Фейсбук як сафҳаи маъруф дар Тоҷикистон – “Ман Хуҷандро дӯст медорам” – ро ба хотири ҷой додани рекламаи маводи тиббӣ дар замони пандемияи “вируси корона” баста буд.

Фейсбук ба мудирони ин гуруҳ ваъда супурда буд, ки як моҳ пас посухи боз кардан ё дигар боз накардани сафҳаашонро хоҳад дод.

Аммо 6 моҳ мегузараду аз санг садо ҳаст, аз Фейсбук на. 3 марти соли равон Кумитаи андози Тоҷикистон хабар дода буд, ки сомонаи иҷтимоии Facebookро ҳамчун андозсупоранда сабти ном кардааст.

Аз канали Зеваров то "Дугонаҳо"-ву "ORZU": Кумитаи андоз 10-гонаи блогерҳоро ҳисоб кард

Аммо дар навбати худ Фейсбук низ саҳафоти ширкатҳои тиҷории Тоҷикистонро андоз мебандад ё хайр, ё онҳоро ҳам мисли сафҳаи “Ман Хуҷандро дӯст медорам” моли таърих хоҳад кард, як суоли боз аст.

0
Барчаспҳо:
сафҳа, Фейсбук, Тоҷикистон