Текстильное оборудование, архивное фото

Бузургтарин корхонаи насоҷии Осиёи Миёна дар Данғара бунёд мешавад

25
(Таҷдидшуда 21:04 11.02.2016)
Аснои гузоштани санги асоси ин корхона президенти Тоҷикистон гуфт, барои таъмини ин маҷмаа бо мутахассисони дорои тахассуси олӣ ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Русия садҳо нафар таҳсили илм мекунанд.

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Данғара бо иштироки президент    Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, менависад сомонаи расмии райисҷумҳур.

"Барои таъмини ин маҷмаа бо мутахассисони дорои тахассуси олӣ ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии техникӣ ва технологии Тоҷикистон ва 2 донишгоҳи Федератсияи Русия садҳо нафар таҳсили илм мекунанд. Танҳо дар 2 донишгоҳи Русия 640 ҷавони тоҷик бо ихтисосҳои нассоҷӣ ва дигар бахшҳои агросаноатӣ таҳсил доранд, ки 520 нафари онҳо аз вилояти Хатлон мебошанд",-иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон аснои гузоштани хишти аввали иншоот.

Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад. Дар 4 марҳила дар ин ҷо 4 корхонаи нав — ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин мешаванд.

Ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои маъруф аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои аврупоии Италия, Швейсария, Олмон ва Чин бунёд меёбад. Корхона  бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ва пурра ба кор дароварда мешавад.Дар навбати аввал ё худ дар корхонаи ресандагии маҷмаа, ки то моҳи октябри соли 2015 ба кор омода хоҳад шуд, 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд. Дар корхонаи бофандагии он ҳангоми бо иқтидори пурра ба кор даромаданаш солона то 150 миллион метри мураббаъ матоъҳои хушсифати пахтагӣ истеҳсол карда хоҳад шуд.

25
Барчаспҳо:
бунёд мешавад, калонтарин, корхонаи нассоҷӣ, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Итолиё, Данғара, Чин, Тоҷикистон, ИМА