Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото

Убайдуллоев аз афзоиши сохтмонҳои нав дар Душанбе нигарон аст

18
(Таҷдидшуда 10:00 29.12.2014)
Сармоягузорӣ ба сохтмон афзоиш ёфтаасту ба рушди инфросохтори муҳандисӣ, пеш аз ҳама шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва обу коррезӣ ҳанӯз кам аст.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҳисоботи солонааш ба вакилони пойтахт афзоиши сохтмонҳои навро дар ҳоле, ки шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва обу коррезӣ ба талабот ҷавобгӯй нестанд, мояи нигаронӣ хондааст, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Ӯ таъкид кардааст, ки сармоягузорӣ ба сохтмон афзоиш ёфтаасту ба рушди инфросохтори муҳандисӣ, пеш аз ҳама шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва обу коррезӣ ҳанӯз кам аст.

Раиси Душанбе барои ҳалли ин мушкил пешниҳод намудааст, ки корхонаи нави воҳиди давлатӣ таъсис ёбад, ки аз сармоягузорони биноҳои тиҷоратӣ маблағи муайян гирифта, барои рушди инфросохтори муҳандисӣ равона кунад.

"Аз нигоҳи мантиқӣ ва риояи иҷтимоияти тиҷорат яке аз вариантҳои ҷолиб ин аз ҷониби фармоишгарон — сармоягузорони иншооти тиҷоратии бунёдшаванда гирифтани ӯҳдадории нотариалӣ мебошад. Бо ин роҳ тавассути таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии махсусгардонидашуда корҳои лоиҳакашию бунёди шабакаҳои муҳандисиро роҳандозӣ хоҳем кард", — гуфтааст Убайдуллоев.

Инчунин Убайдуллоев дар пасманзари афзоиши босуръати сохтмонҳо имконоти мақомоти дахлдорро барои назорати сатҳу сифати сохтмонҳо нокифоя хонд.

"Шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе муваззаф мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои масъули соҳа иҷрои босифати корҳои сохтмону васлкунӣ ва истифодаи маҳсулоти сохтмонӣ барномаи махсусро бо омӯзиш ва роҳандозии таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таҳия намоянд", — пешниҳод кардааст раиси шаҳр.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ тайи 11 моҳи соли равон дар Душанбе 90 ҳазору 285 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 25,5 дарсад зиёд мебошад. Аммо арзиши манзил дар Душанбе ҳамоно гарон боқӣ мемонад. Як метри квадратӣ дар пойхтахт ба ҳисоби миёна 600 доллари амрикоиро дар бар мегирад.

18
Барчаспҳо:
корезӣ, обёрӣ, лоиҳакашӣ, нигаронӣ, сохтмон, Убайдуллоев, Душанбе
Мавзуъ
Низоми мусофиркашонӣ дар Душанбе нав мешавад