Қубури нафткашӣ. Акс аз бойгонӣ

Агар Русия аз Асад рӯй тобад, Арабистон истихроҷи нафтро коҳиш медиҳад

8
(Таҷдидшуда 13:58 04.02.2015)
Мақомоти саъудӣ хабар надоданд, ки ба чӣ тартиб Арабистони Саъудӣ дар музокирот бо Русия мавзӯъи истихроҷи нафт аз сӯйи Ар-Риёзро бо ҳалли бӯҳрони Сурияро ба ҳам бастаанд.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Агар мақомоти Русия аз пуштибонии ҳокимияти Сурия даст кашад, Арабистони Саудӣ метавонад мизони истихроҷи нафтро коҳиш биҳад, ки ин амр бо пойин рафтани қиммати ҷаҳонии нафт мунҷар мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи New York Times.

Ба гуфтаи бархе аз мақомоти саудӣ ва амрикоӣ, раҳбарияи Арабистони Саудӣ дар моҳҳои ахир дар ин мавзӯъ чанд музокироте бо ҷониби Русия анҷом додааст, вале "пешрафти чашмрасе" ҳосил нашудааст.

New York Times менависад, ки мақомоти саудӣ гӯйё ба ҳамтоёни амрикоии худ хабар додаанд, ки онҳо фишангҳои фишор ба Русияро дар ихтиёр доранд — онҳо метавонанд содироти нафтро (ба бозори ҷаҳонӣ) коҳиш бидиҳанд, ки эҳтимолан ба болоравии қиммати он мунҷар мешавад.

Вале, таъкид мекунад рӯзнома, мақомоти саудӣ хабар надоданд, ки ба чӣ наҳва намояндагони Арабистони Саудӣ дар музокирот бо ҷониби Русия мавзӯъи истихроҷи нафт аз сӯйи Ар-Риёзро бо ҳалли бӯҳрони Сурия ва пуштибонии Маскав аз Димишқро ба ҳам пайвастаанд.

Қаблан раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад дар сӯҳбат бо маҷаллаи Foreign Affairs изҳор дошт, ки Русия ва Эрон бо вуҷуди мушкилот дар иқтисод, ки бо пойинравии нархҳои ҷаҳонӣ ба нафт марбут аст, пуштибони аз Димишқро идома медиҳанд.

New York Times таъкид мекунад, ки Арабистони Саудӣ яке аз бузургтарин кишварҳои истихроҷкунандаи нафт аст, ки шомили ОПЕК мебошад.

8
Барчаспҳо:
қиммати нафт, таҳдиди коҳиши истихроҷи нафт, ОПЕК, Башор Асад, Ар-Риёз, Арабистони Саудӣ, Сурия, Русия
Мавзуъ
Мухолифони Сурия: гуфтушунид дар Маскав шонси хубе барои музокирот аст
ОПЕК: ҳаҷми тавлиди нафт мисли пештара боқӣ мемонад