Текстильная продукция на выставке Легпром

Муаррифии ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар Маскав

59
(Таҷдидшуда 17:59 16.02.2016)
Соле ду маротиба чунин форуми тиҷоратӣ баргузор гардида, дар он беш аз 2000 ширкату корхонаҳои нассоҷӣ маҳсулоти худро муаррифӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Имрӯз ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистону Қирғизистон дар Маскав маҳсулоти худро пешниҳоди доираи васеъи тамошобинон ва бахши тиҷорат мекунанд, иттилоъ медиҳанд масъулин ва мубтакирони пружа.

Ҳамоиши тиҷоратӣ ва ё ба истилоҳ бизнес-форуми мазкур қисме аз барномаи иштироки корхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бузургтарин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории ФР арзёбӣ мегардад.

Тарҳи тиҷоратии мазкур бо ибтикори Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва бо кумаки молии ҳукумати  Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.

Корхонаҳои Тоҷикистон барои шашумин бор мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии "Текстиллегпром", ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федератсияи Русия  мебошад, мегарданд. Дар ин муддат бештар аз 20 корхона аз Тоҷикистон бо мусоидати МТБ дар ин намоишгоҳ иштирок кардаанд ва аксарашон низ чанд дафъа ба ин намоишгоҳ рафтаанд.

Имсол ҳашт корхонаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат Текстил», "ХИМА Текстил", "Нафиса", "Нассоҷи Хуҷанд", «Ноҳид», "Олим Текстайл", «Ортекс», ва «Раҳимов А.А ».

"Текстиллегпром", ки ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 37.000 нафар мерасад, ки дар майдони бештар аз 65.000 метри мукааб бо маҳсулоти замонавии беш аз 2500 ширкат аз 42 кишвари ҷаҳон шинос мешаванд.

Дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳ, ҳамчунин, як ҳамоиши вижаи тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бозигарони аслии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистонро гирд меорад.

59
Барчаспҳо:
бофандагӣ, текстил, муаррифии маҳсулот, намоишгоҳи нассоҷӣ, Ортекс, Ноҳид, "ХИМА Текстил", Ваҳдат Текстил, Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, МТБ, Швейтсария, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия, Маскав