Покистон. Акс аз бойгонӣ

Ширкати "Tabani" хостори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст

37
Ширкати покистонӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулот аз пахта ва пӯст машғул аст, тасмим дорад дар Тоҷикистон шабакаҳои коркарди пахтаву пӯстро ба роҳ монад.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Манзура Рустамова дар Душанбе бо намояндагони ширкати покистонии Tabani Group of Companies вохӯрд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.

Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои тиҷорат, иқтисоду энергетика, саноати сабук ва кишоварзӣ баррасӣ намуданд.

"Мо мехоҳем ҳамкориҳоямонро бо Тоҷикистон дар сатҳи хуб ба роҳ монем ва дар ҷумҳурӣ шабакаҳои технологии коркарди маҳсулоти пӯст ва пахтаро таъсис диҳем",-изҳор дошт мудири ширкат Муҳаммад Амин Ғозиёнӣ.

Ӯ ба мақомоти кишвар муроҷиат карда хостааст, то дар ташкили вохӯрӣ бо масъулини вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, вазорати энергетика ва захираҳои об, вазорати кишоварзӣ ва вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Муовини раиси ПСС ҷумҳурӣ бону Рустамова изҳор дошт, ки тайёр аст дар ин роҳ ба ширкати покистонӣ кӯмак расонад.

Ширкати "Tabani Group of Companies" ба истеҳсоли молҳои аз пӯст ва пахта омодашуда машғул аст. Соли 2010 ин ширкат бо ПСС Тоҷикистон, корхонаҳои "Русияву Покистон" ва "Покистону Шриланка"  тавофуқномаи ҳамкориро ба имзо расонид.

Қаблан, сафири Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро изҳор дошт, ки мубодилаи молу коло дар байни ду кишвар бояд аз 65 миллион доллар то 500 миллион расад.

37
Барчаспҳо:
пӯст, пахта, ширкат, ҳамкорӣ, таъсис, Tabani, ширкати покистонии Tabani Group of Companies, ПСС, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Тариқ Иқбол Сом, Манзура Рустамова, Покистон, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Табодули амвол миёни Тоҷикистону Покистон ба $89 млн. расидааст
Дымоотводные трубы завода

Вакили парлумон гуфт барои чӣ саноатикунонии босуръати кишвар лозим аст

142
(Таҷдидшуда 12:31 25.01.2021)
Бахтиёр Аҳмадзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқтисодиёт заминаи амиқ мегузорад

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Ба гуфтаи вакили парлумони Тоҷикистон Бахтиёр Аҳмадзода дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш додааст.

"Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шавад ва то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад", - гуфт вакил.

Бахтиёр Аҳмадзода зикр намудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо корхонаҳои соҳавӣ дар семоҳаи аввали соли равон барои тадбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии давлат - яъне гузориши иқтисодиёти Тоҷикистон аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ–аграрӣ, инчунин иҷрои Қарори Ҳукумати кишвар аз 30 январи соли 2019 "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019" корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

"Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 5 млрд 721 млн сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 115,9% баробар шуда, афзоиш 792,9 млн сомониро ташкил дод", - қайд кард вакили парлумон.

Вай афзуд, ки ҳиссаи соҳаҳо дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тариқи зайл ба назар мерасад: энержӣ 31,3%, саноати маъдан 25,6%, саноати хӯрокворӣ 19,0%, саноати масолеҳи сохтмон 8,7%, саноати сабук 7,1%, саноати мошинсозӣ 6,1%, табъу нашр 0,9%, саноати ангишт 0,7% ва газ 0,5%.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 152,4%, саноати маъдани кӯҳӣ 115,0%, саноати масолеҳи сохтмон 111,1%, саноати сабук 113,5%, саноати мошинсозӣ 110,6%, саноати табъу нашр 169,8%, саноати хӯрокворӣ 118,4% корхонаҳои пахтатозакунӣ 67,9%, нафт ва газ 124,5% ва электроэнергетика 123,3%-ро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, дар ВМКБ 105,0%, вилояти Суғд 116,4%, вилояти Хатлон 107,3%, щаҳри Душанбе 122,3% ва НТҶ 149,4%-ро ташкил дод.

Дар ин давра ҳаҷми муҳимтарини маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, аз 103,0 то 169,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузаашта афзоиш ёфт.

142
Барчаспҳо:
иқтисод, парлумон, вакил, саноат, Тоҷикистон
Праздник Мехргон в Душанбе

Дар Суғд корхонаи коргарди ғалла ифтитоҳ мешавад

89
(Таҷдидшуда 18:31 23.01.2021)
Корхонаи мазкур имкони коркард кардани то 500 тонна гандум дар як шабонарӯзро дорад. Ҳоло марҳилаи насби таҷҳизот ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Хубҷамъ" корхонаи коркарди ғалла бунёд гардида, айни замон корҳои васлу насби таҷҳизот ҷараён дорад. Корхонаи коркарди ғалла имкон дорад, ки  дар як шабонарӯз то 500 тонна гандум коркард намояд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, айни замон ҷараёни насби таҷҳизот дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, корхона ба таври озмоишӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ  бо корхонаи мазкур иброз дошт, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бояд аз тамоми захираву имконият истифода бурда шавад.

Дар вилоят бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва ташаббуси соҳибкорон ҳамасола корхонаҳои нав ба кор андохта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд мешавад.

Бо назардошти маҳсулоти воридотивазкунанда будани орд ба масъулин дастур дода шуд, ки барои ҳарчӣ бештар захира намудани ғалла ва ба анҷом расонидани васлу насби таҷҳизот тадбир андешанд.

89
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Дастури Раҳмон: то моҳи март кодекси нави андоз омода шавад

0
Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки соҳибкорони кишвар дастгирӣ карда шаванд, монеаҳо аз роҳи онҳо бардошта шавад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҳангоми ироаи паёми солана дастур дод, ки /Кодекси андози Тоҷикистонтакмил дода шавад.

Президент мӯҳлат дод, ки то моҳи март Кодекси нави андоз омода шавад.

Вай афзуд, ки дар кодекси нав ба дастгирии соҳибкорон диққати бештар дода шавад.

Президент дастур дод, ки дар таҳияи Кодекси нави андоз ба масъалаи додани сабукиҳо ба соҳибкорон, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз зиёд будани саҳми бахши хусусӣ дар ММД тавсиф карда гуфт, ки саҳми бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 70%, ташкил кардани ҷойҳои корӣ 68%  ва даромадҳои андозӣ ба буҷаи давлат 80% аст.

0