Қодири Қосим аснои нишасти матбуотии Кумитаи сармоягузории давлатӣ. Акс аз бойгонӣ

То охири сол дар Тоҷикистон 6 корхонаи бузург ба кор медарояд

84
Соли гузашта ба иқтисоди кишвар беш аз 977,8 млн. доллари ИМА (нисбат ба соли 2014 - 93,5 млн. доллари ИМА ё худ 24,8% зиёдтар) сармоягузориҳо ҷалб шудаанд, ки 470 млн. доллари онро сармоягузориҳои мустақим ва боқимондаро воситаҳои аз ҷониби корхонаву идораҳои давлатӣ ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳо ташкил додаанд.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон то охири соли равон бо харҷи 1 млрд. 560 млн. доллари ИМА воситаҳои буҷетӣ ва сармоягузорӣ 6 корхонаи саноатии бузург мавриди истифода қарор мегиранд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон дал старт работе текстильному предприятию. Фото: prezident.tj
© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Аснои суханронӣ дар палатаи поёнии парлумони кившвар раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим гуфт, ки дар корхонаҳои нави саноатӣ ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки воситаҳои тариқи сармоягузориҳо ҷалбшуда бахшҳои гуногуни иқтисоду хоҷагидорӣ, аз ҷумла истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди сабзавоту мева, соҳаи сохтмон ва ҳамчунин маорифро дар бар мегиранд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз раиси Кумита даъват кард, ки дар ҳоли ҳозир аз ироаи номи корхонаҳо худдорӣ шавад, зеро ба наздикӣ аз рӯи ин масъала музокироти парлумонӣ баргузор мешавад.

Бино ба қавли Қодири Қосим, соли гузашта ба иқтисоди кишвар беш аз 977,8 млн. доллари ИМА (нисбат ба соли 2014 — 93,5 млн. доллари ИМА ё худ 24,8% зиёдтар) сармоягузориҳо ҷалб шудаанд, ки 470 млн. доллари онро сармоягузориҳои мустақим ва боқимондаро воситаҳои аз ҷониби корхонаву идораҳои давлатӣ ҷалбшуда барои амалисозии тарҳҳо дар бар мегирад.

 

 

84
Барчаспҳо:
бузург, шаш корхона, корхонаҳои саноатӣ, бунёд, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Қодири Қосим, Шукурҷон Зуҳуров, Душанбе, Тоҷикистон