Лӯлаҳои нафтбарор. Акс аз бойгонӣ

Интиқоли нафт ва газ аз Тоҷикистон ба Чин ҳамин сол шурӯъ мешавад

62
(Таҷдидшуда 13:09 22.04.2016)
Ширкати австралиягии Скайленд мехоҳад корро дар майдони полоиши нафту гази Қизил-Тумшуқ, ки дар ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ ҷойгир аст, ҳамин сол шурӯъ намояд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Масъулини ширкати австралиягии Skyland Petroleum limited дар бораи интиқоли нафту газ аз Русия, Тоҷикистон ва Гурҷистон ба Чин хабар доданд, иттилоъ медиҳад оҷонсии Синхуа.

Ба гуфти роҳбари ширкат Дэвид Робсон содирот аз ҷануби Тоҷикистон ба Чин эҳтимолан ҳамин сол шурӯъ хоҳад шуд.

Дар баробари ин ширкат мехоҳад, интиқоли газу нафтро аз Русия ва Гурҷистон низ ба роҳ монад.

"Ширкати мо нақша дорад, саҳмияҳои баъзе коргоҳҳои бузурги нафтии Сибири Шарқиро ба даст биёрад. Баъди ба мувофиқа расидан ва имзои шартнома нафт ва газ ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои зерин: Хэйлунсзян, Ляонин, Пекин ва Шанхай тавассути лӯлаи интиқоли нафти "Сибири Шарқӣ-Уқёнуси Ором" ва   лӯлаи интиқоли гази "Қувваи Сибир" (Сила Сибира) интиқол мешавад",-изҳор дошт ӯ.

Раиси Ассотсиатсияи иқтисоди ҷаҳонии Шанхай Чжан Ювэн ба ин назар аст, ки ҳамкориҳо дар соҳаи энержӣ бо мамолики роҳи Абрешим ба воридоти нафту газ ба Чин мусоидат намуда, вобастагии кишварро аз Ховари Миёна коҳиш медиҳанд.

Соли 2015 ширкати Скайленд созишномаро оиди сармоягузории амалиёти (SIPO) ва минтақаи коркарди газу нафти Қизил-Тумшуқи водии Вахш, ки дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон ҷойгир аст, имзо намуд.

Скайленд мехоҳад, бо мақсади зиёд кардани коркарди газ ва омӯхтани имкониятҳои нави полоиши нафт корро дар минтақа аз аввали соли 2016 шурӯъ намояд.

 

62
Барчаспҳо:
лулаи интиқол, сохтмони корхонаи полоиши нафт, газу нафт, коркард, сармоягузорӣ, SIPO, Skyland Petroleum limited, Скайленд, Чжан Ювэн, Сибир, Вахш, Гурҷистон, Чин, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Чин ба ба бахши энержии ҶҚ то $4 млрд. сармоягузорӣ мекунад
Саргеология: ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистон ба кундӣ пеш меравад
«Газпром»: дар Тоҷикистон захойири андаки нафту газ ошкор шудаанд