ТАЛКО

Вазири саноат: ТАЛКО мушкилот дорад ва онро бояд ҳал кард

89
Ягона корхонаи истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон ба бозсозӣ ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода мегӯяд, дар шашмоҳаи аввали соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли алюминий 24 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин давраи соли гузашта корхона 73,101 ҳазор тонна алюминий истеҳсол карда буд.

"Коҳиши истеҳсолот ба ҷаҳиши нархи наво дар бозорҳои ҷаҳонӣ, сифати маҳсулот ва технологияе, ки дар корхона истифода мешавад, вобастагӣ дорад. ТАЛКО имрӯз мушкилоти зиёд дорад ва онҳоро бояд ҳал кард", — гуфт ӯ.

Ба гуфти вазир ягона корхонаи истеҳсолии Тоҷикистон ба бозсозӣ ниёз дорад.

"Ин масъала дар ҷаласаи ҳукумат низ баррасӣ гашта, барои пешниҳодҳои дақиқ як моҳ муҳлат дода шуд", — хабар дод Бобозода.

Истеҳсоли алюминий дар соли 2015 15 % зиёд шуд
© Sputnik
Истеҳсоли алюминий дар соли 2015 15 % зиёд шуд

89
Барчаспҳо:
коҳиш ёфт, истеҳсоли алюминий, Шавкат Бобоназаров, Тоҷикистон
Мавзуъ
Узбакистон аз Тоҷикистон алюминий мехарад
ТАЛКО: тавлиди алюминий дар соли равон 15% афзоиш ёфт
Корхонаи алюминий- пешоҳанги иқтисоди Тоҷикистон
Предприятие Вахдат по производству носков в Таджикистане

Дар Суғд ду корхонаи аз фаъолият бозмонда дубора ба кори худ оғоз каданд

99
(Таҷдидшуда 15:39 26.09.2020)
Дар вилояти Суғд ду корхонаи аз фаъолият бозмонда ба кори худ дубора оғоз намуданд. Мақомот мегуяд зиёда аз 24 корхона ду сол инҷониб фаъолият надоранд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik.  Ду корхонаи аз фаъолият бозмонда дар шаҳри Хуҷанд - “Суғдтекстайлз” дар заминаи корхонаи ресандагии “Тоҷик – Кообл -текстайлз” ва “Суғдиён - С” дар заминаи корхонаи дӯзандагии “Сано” дубора ба кори худ оғоз карданд.

Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба Иқдоми  ҶСП “Сомонсуғд”, дар оғози тобистон аз тарафи  “Сомонсуғд” аввал корхонаи дӯзандагии “Суғдиён – С” фаъол шуда, ба истеҳсоли  маҳсулоти пахтагии ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ оғоз кард.

Гуфта шудааст, ки аз моҳи августи соли равон, корхонаи “Суғдтекстайлз” дар заминаи корхонаи як вақтҳо машҳури “Тоҷик – Кообл - текстайлз” дар марҳилаи аввал бо ҷалби қариб 100 коргар ба фаъолият шурӯъ намуд.

Тавре Илҳомҷон Орифов, директори ҶДММ “Суғдтекстайлз” таъкид доштааст, мутаассифона, буҳрони шадиди иқтисодии солҳои 2008 - 2009 ба фаъолияти корхона таъсири манфӣ расонду онро муфлис кард.

Гуфта мешавад, ки ҳоло корхона эҳё ва акнун таҳти номи “Суғдтекстайлз” ба фаъолият оғоз бахшиду  коркарди 300 тонна нахи пахтаро дар як моҳ анҷом медиҳад.

Корхона аллакай барои ҳамкорӣ бо ширкати азими давлатии Чин шартномаи додугирифт ба имзо расондааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти вилояти Суғд то  1 июли соли равон дар вилояти Суғд 24 корхона зиёда аз ду сол инҷониб фаъолият надоранд.

 

99
Барчаспҳо:
фаъолият, аз фаъолият бозмондани нашриёт, корхона, Суғд, Тоҷикистон
Разработка угольного месторождения в Таджикистане, архивное фото

Тоҷикистон то соли 2040 истихроҷи ангиштро то ба 15 миллион тонна мерасонад

214
(Таҷдидшуда 10:45 30.08.2020)
Ангиштканони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, истихроҷи ангиштро дар соли равон то ба 2,2 млн тонна ва то соли 2040 ба 15 миллион тонна расонанд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Мувофиқи маълумоти геологӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 36 кон ва зуҳуроти ангишт кашф  гардидаанд, ки захираи умумии онҳо беш аз 4,3 млрд. тонна ҳисоб карда  шудааст. Аз  ин миқдор   331,4 млн. тонна захираҳои тасдиқшудаи саноатӣ  барои истихроҷу коркард омода  мебошанд.

Саидҷон Саидраҳмонзода, сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, таъкид доштааст, ки  дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол  ба миқдори  600-700 ҳазор тонна ангишт истихроҷ  шуда, талаботи солонаи он  дар бозори дохилӣ  1,5 млн. тоннаро ташкил медод.

Корхонаи калонтарини соҳа ҶСК “Ангишт”,  қаблан Шахтаи №8 дар шаҳраки Шӯроб,  бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тонна аз соли 1939 ба фаъолият оғоз намуда,  соли 1979 зиёда аз 950 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намудааст. Дар ин давра шумораи коргарон 3500  нафар, дарозии нақбҳо ва иншооти фаъолияткунандаи зеризаминӣ дар корхона 32 км-ро ташкил медод.

КФ “Шахтаи Фон-Яғноб” соли 1983 бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт дар қитъаи «Карйерний»- и  кони ангишти “Фон-Яғноб” бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тоннна истихроҷи ангишт ба фаъолият оғоз намудааст.

Бо барҳам  хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ  соҳаи истихроҷи ангишт низ дар қатори дигар соҳаҳо таназзул ёфта,  фаъолияти  конҳои  асосии  мамлакат-  “Шӯроб” ва “Фон-Яғноб” бо сабаби дастрас нагардидани маблағҳо ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ба мушкилиҳо  дучор гардиданд. Дар натиҷа истихроҷи солонаи ангишт дар  ҷумҳурӣ соли 1997 то ба  14 ҳазор тонна коҳиш ёфт.

“Дар даврони истиқлолият пеши роҳи пастравии истеҳсолот дар соҳа  гирифта шуд. Аз соли 2007 то соли 2014 дар ҷумҳурӣ 18 корхона, аз ҷумла 6 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи  ғайридавлатӣ дар 11 кони ангишт (дар 3  кон бо тарзи зеризаминӣ ва дар 15  кон бо тарзи кушода) ба истихроҷи ангишт   оғоз намуданд”, - қайд кард Саидҷон Саидраҳмонзода.

Вай афзуд, соҳаи саноати ангишт яке аз самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат ҳисобида шуда, истифодаи самараноки захираҳои фаровони он метавонад дар як муҳлати кӯтоҳ барои пешрафти соҳаи саноати кишвар нақши сазовор гузорад.

Саидҷон Саидраҳмонзода, ҳамчунин гуфт ангиштканони мамлакат тасмим гирифтанд, истихроҷи ангиштро дар соли равон то ба  2,2 млн тонна ва то соли 2040 ба 15 миллион тонна расонанд.

214
Барчаспҳо:
тонна, истихроҷ, ангишт, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1737
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1737