Здание администрации города Душанбе. Архивное фото

Душанбе ва Санкт-Петербург равобити бародаршаҳриро густариш медиҳанд

26
(Таҷдидшуда 19:48 26.09.2017)
Ҳайъате аз корофаринону фарҳангиёни Санкт-Петербург ба раҳбарии муовини раиси он шаҳр меҳмони пойтахти Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Раҳбари ин ҳайъат, муовини шаҳрдори Санкт-Петербург Анна Митянина дирӯз бо шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дидор кард.  

Ба гузориши шаҳрдории Душанбе, дар ин дидор вазъи кунунӣ ва дурнамои равобиту ҳамкориҳои Душанбе ва Санкт-Петербург баррасӣ шудааст. Ёдоварӣ шуда, ки равобити бародаронаи ин ду шаҳр 6 октябри соли 1991 оғоз ёфта ва барои густариши ин равобит 30 апрели соли 1999 Созишномаи нав дар бораи паймони бародаршаҳрӣ ва Созишнома ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷорӣ, илмӣ-фаннӣ ва фарҳангӣ миёни шаҳрдориҳои Душанбе ва Санкт-Петербург имзо шудааст.

Рустам Эмомалӣ ва Анна Митянина дар бораи бунёди корхонаҳои санъатии муштарак, коркарди маҳсулоти кишварзӣ ва санъатӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони Санкт-Петербург дар рушди соҳибкории хурду миёна, интиқоли таҷҳизоти пешрафтаи пизишкиву санъатӣ, ҳамкориҳо дар бахши хадамоти шаҳрдорӣ, омӯзишу тандурустӣ, аз ҷумла афзудани саҳмия барои донишҷӯён дар донишгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербург, ташкили давраҳои омӯзиши забони русӣ ва баргузории имтиҳонҳо барои муҳоҷирони корӣ дар заминаи омӯзишгоҳҳои шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароитҳои арзанда барои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ гуфтугӯ карданд.

Дар поёни ин дидор Анна Митянина ва муовини шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода Протоколи замимаи Созишномаи ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ, илмӣ-фаннӣ ва фарҳангӣ миёни шаҳрдориҳои Душанбе ва Санкт-Петербург аз  28 апрели соли 1999 ва Нақшаи барномаҳои иҷрои амалии он барои солҳои 2017-2018-ро имзо карданд.

26
Барчаспҳо:
бародаршаҳрӣ, Анна Митянина, Рустам Эмомалӣ, Душанбе-Санкт-Петербург
Мавзуъ
Дастури Рустам Эмомалӣ барои пешгирӣ аз гарон шудани нархи картошкаву ҳезум дар зимистон
Гаштугузори мардуми Душанбе дар боғи ободкардаи Рустам Эмомалӣ
Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо вазири адлия Рустам Шоҳмурод
Рустам Эмомалӣ созаҳои фарҳангию фароғатиро бозкушоӣ кард
Усмонали Усмонзода, министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана

Дастури Усмонзода барои зудтар ба роҳ мондани коркарди нафт дар Данғара

763
(Таҷдидшуда 13:56 23.11.2020)
Муовини сарвазири Тоҷикистон, Усмоналӣ Усмонзода барои зудтар ба роҳ мондани коркарди нафти хом дар Данғара ба масъулин супоришҳо дод

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон, Усмоналӣ Усмонзода бо кори корхонаҳои бунёдгардида дар вилояти Хатлон, аз ҷумла дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" ошно шудааст.

Усмонзода зимни вохӯрӣ бо намояндагони ширкати "ТК-ойл" аз масъулини ширкат талаб намудааст, ки вобаста ба бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ва ҳарчӣ зудтар ба роҳ мондани коркарди нафти хом кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Муовини сарвазир омодагии худро ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла даъвати мутахассисон аз Чин, хариди нафт ва роҳҳои ворид кардани нафти хом бо роҳбарони корхона тавассути видеоконференсия баён намудааст.

Корхонаи полоиши нафт ҳаст аммо нафт нест: оё Тоҷикистон ба Техаси дувум табдил меёбад?

Бино ба гузориши манбаъ, корхонаи коркарди нафту газ, ки дар МОИ "Данғара" сохта шудааст, иқтидори коркарди 500 ҳазор тонна нафти хомро дар як сол доро мебошад.

Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар 521,3 ҳектор замини ноҳияи Данғара бунёд шудааст.

Соли 2015 маросими оғози сохтусози се корхонаи бузург ба арзиши беш аз 1,6 милёрд сомонӣ дар ин минтақа бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

763
Барчаспҳо:
муовини сарвазир, саноат, Усмоналӣ Усмонзода
Шерали Кабиров, новый министр промышленности

Шералӣ Кабиров вазири саноат ва технологияҳои нав

1312
(Таҷдидшуда 19:34 03.11.2020)
Шералӣ Кабиров, мудири кулли гуруҳи ширкатҳои “Талко”, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъин шуд

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, фармони ӯ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо шуда, муаррифиаш дар Вазорати саноат ва тенхнологияҳои нав анҷом шудааст.

"Заробиддин Файзуллозода бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақоми вазири саноат ва технологияҳои нав барканор шуд", - гуфт ин манбаъ.

Заробиддин Файзуллозода аз 28 январи соли 2019 вазири саноат ва тенхнологияҳои нав буд.

Ятимов, Раҳимзода, Мирзо, Имомзода: аз нав таъйин ва муаррифӣ шуданд

Шералӣ Кабиров қабл аз ин дар вазифаи раиси Шӯрои мудирони гуруҳи ширкатҳои "Талко" ва узви Шӯрои назоратии "Казкоммерсбонки Тоҷикистон" кор мекард.

Тағйирот дар ҳукумати Тоҷикистон: Сулаймон Зиёзода вазири кишоварзӣ таъин шуд

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шералӣ Кабир, 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шуда, соли 1992 Донишкадаи савдо совети-кооперативии ш.Новосибирски ФР, соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.

1312
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, тағйирот, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон