Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода. Акс аз бойгонӣ

Пешниҳоди Аҳмадзода ба Русия: дар Суғд корхонаи мошинсозӣ бунёд кунед

208
(Таҷдидшуда 17:53 28.02.2018)
Раҷаббой Аҳмадзода аз сарконсули Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренкоро даъват карда, ки дар вилояти Суғд корхонаи мошинсозӣ бунёд кунанд

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 28 феврал, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сарконсули Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Раҳбари вилоят аз рушди иқтисодӣ ва имконоти санъатии вилояти Суғд гузориш дода, ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони Русияро барои ташкили корхонаҳои муштарак муҳиму саривақтӣ донистааст.

"Бахусус, ба роҳ мондани тавлиди афзорҳои техникӣ ва ба кор андохтани корхонаҳои мошинсозӣӣ мувофиқи мақсад дониста шуд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки соҳибкорони рус дар ин самт таҷрибаи бой дошта, аз суйи дигар имкониятҳои зарурӣ барои амалӣ намудани ин нақшаҳо дар вилояти Суғд муҳайё аст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин таваҷҷуҳи сарконсули Русия дар шаҳри Хуҷандро ба имконоти шаҳру навоҳии Конибодом, Исфара ва Ашт дар самти тавлиди хушкмева ҷалб намудааст.

Ба гуфти роҳбари вилоят хушкмеваҳои Тоҷикистон дар бозорҳои Русия харидори бисёр дошта, амалисозии нақшаҳои муштарак дар ин самт ба нафъи ҷонибҳо хоҳад буд.

Валерий Бондаренко Тоҷикистону Русияро шарикони боэътимод хонда, амалишавии нақшаву барномаҳои ду давлатро аз сиёсати дарҳои боз вобаста донистааст.

Ба гуфти Валерий Бондаренко ифтитоҳи шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд, ки охири соли 2017 сурат гирифт, дар доираи созишномаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия сурат гирифта, он ҷиҳати рушди бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои маорифу фарҳанг мусоидат карда истодааст.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Валерий Бондаренко бо тарҳрезии нақшаҳои ҳамкорӣ барои давраи минбаъда, татбиқи ҳадафҳои созанда ва густариш бахшидан ба муносибатҳои дӯстона поён ёфтааст.

208
Барчаспҳо:
бунёди корхонаи мошинсозӣ, даъват, мулоқот, Валерий Бондаренко, Раҷаббой Аҳмадзода, Тоҷикистон, Русия