Коргоҳи дуредгарӣ дар Ашт

"Муҳаммад" 12 касро дар Ашт бо кор таъмин кард

118
(Таҷдидшуда 15:54 02.04.2018)
Дар маркази ноҳияи Ашт - шаҳраки Шайдон, коргоҳи хурди дуредгарӣ ва мебелсозии "Муҳаммад" ба истифода дода шудааст

ДУШАНБЕ, 2 апр— Sputnik. Дар ин коргоҳ 12 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Коргоҳи хурди дуредгарӣ ва мебелсозии "Муҳаммад" аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Умедҷон Мусоев бо харҷи 750 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Коргоҳи мазкур фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои "Арча" ва "Silkcoлt" ба роҳ монда, ба сохтани мебелҳои гуногун, ҷевону рахти хоб, мизу курсиҳои гуногунҳаҷми мутобиқ ба завқи мизоҷон ва дару тирезаҳои чӯбину пластикӣ машғул хоҳад шуд.

"Айни замон дар ин коргоҳ 12 нафар бо кор таъмин гардидаанд", — омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Исфара дар заминаи ҶДММ "Субҳи Ватан" коргоҳи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ин коргоҳро соҳибкори муваффақ Абдуманнон Эрматов бунёд кардааст.

Номгӯйи маҳсулоти кишоварзии коркардшавандае, ки дар корхонаи мазкур ҷавобгӯй ба талаботи стандартии муосир коркарду банду баст ва ба Ҷумҳуриҳои Россия ва Қазоқистон содирот карда мешавад, аз 40 то ба 50 намуд ва шумораи умумии коргарон аз 60 то 80 нафар расидааст.

118
Барчаспҳо:
дуредгарӣ, таъмин ба ҷои кор, бунёди коргоҳ, Умедҷон Мусоев, Тоҷикистон
Цементный завод, архивное фото

Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя як миллион тонна семент содир кард

140
(Таҷдидшуда 16:49 26.10.2020)
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 истеҳсоли семент ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсояро афзоиш дод

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Соли 2020 истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба 3237,1 ҳазор тонна расид, омадааст дар гузориши Ожонси омори кишвар.

Коршиносон мегӯянд ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 89,4 ҳазор тонна зиёд аст.

Як миллиарду 700 миллион доллар: арзиши истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон эълом шуд

Дар 9 моҳи соли 2020 истеҳсоли семент ба 3237,1 ҳазор тонна расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 89,4 ҳазор тонна зиёд аст.

"Аз ин миқдор 996,0 ҳазор тонна семент ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон 562,0 ҳазор тонна, Афғонистон 391,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 43,0 ҳазор тонна содирот гардидааст", - омадааст дар гузориш.

Ҳаҷми содиротгардида 31% ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгаридаро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи саноат новобаста аз коронавирус: ҳаҷми истеҳсол беш аз 15 дарсад афзоиш ёфт

Гуфта мешавад, ки дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ "Чунгтсай Моҳир семент"-и ноҳияи Ёвон 27,9 %, "Хуаксин Ғаюр семент"-и ноҳияи Ёвон 27,1%, "Хуаксин Ғаюр Суғд семент"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 26,7% ва "Сементи Тоҷик" 5,2 % назаррас мебошад.

140
Барчаспҳо:
интиқол, истеҳсол, семент, Тоҷикистон
Угольное месторождение в Зиддах, архивное фото

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши маҳсулоти саноати кӯҳӣ хабар дод

252
(Таҷдидшуда 14:06 14.10.2020)
Вазорати саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон аз афзоиши тавлиди маҳсулоти саноати куҳӣ дар ин кишвар то поёни сентябри имсол хабар дод

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар ин давра корхонаҳои ин бахш 5 миллиарду 400 миллион сомонӣ (баробар бо 526 миллиону 800 ҳазор доллар) маҳсулот тавлид кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пеш 12.5 дарсад бештар мебошад, иттилоъ додааст сомонаи вазорати саноат технологияҳои навини Тоҷикистон.

Тибу иттилои манбаъ, дар ин муддат тавлиди тилло 10.2 дарсад, нуқра 2.4 дарсад , мис 19 дарсад ва сурма 73 дарсад афзоиш ёфта аст.

Аз ин рӯ саҳми бахши тавлидоти маҳсулоти саноати куҳӣ дар саноъати Тоҷикистон ба 25.7 дарсад расида аст .

Вазорати саноат: 53 корхонаи Тоҷикистон пурра сокинонро бо либоси мактабӣ таъмин мекунанд

Гуфтанӣ аст дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 456.5 миллион сомонӣ (муодили 140 миллиону 800 ҳазор доллар) маҳсулоти саноати куҳӣ содир шуда аст.

252
Барчаспҳо:
маҳсулот, афзоиш, саноат, Тоҷикистон
День 28 октября

Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:56 27.10.2020)
Рӯзи 28 октябр рӯзи умумиҷаҳонии аниматсия буда дар Русия рӯзи бибиҳо ва бобоён мебошад. Дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон "Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1" сарфароз гардид

Рӯзи 28 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1707 бар асари заминҷунбӣ дар Япония 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1886 дар Ню-Йорк маросими расмии ифтитоҳи ҳайкали Озодӣ баргузор гардид.

 

 

© Sputnik / Алексей Филиппов
Города мира. Нью-Йорк

 

Соли 1914 ширкати "Kodak" аз оғози кор барои ташкили технологияи суратҳои ранга эълон намуд.

 

 

Kodak Brownie Camera. Архивное фото
Kodak Brownie Camera. Архивное фото

Соли 1997 дар назди Президенти Федератсияи Русия Комиссия оид ба мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ дар Русия таъсис дода шуд.

 

Соли 1998 хизматрасонии ҷустуҷӯйии iSearch ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2011 Комроншоҳи Устопириён  дар ҷумҳурии Латвия чемпиони ҷаҳон оид ба самбо ва соҳиби медали тилло гардид.

Рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳомидӣ масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Соли 2011 пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олӣ баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсиашон дар ҳамгироию ҳамкорӣ дар фазои пасошӯравӣ бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон "Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1" сарфароз гардонида шуд.

 

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе семинари тиҷоратии доираи соҳибкорони Тоҷикистону Полша баргузор шуд.

 

Соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри  Кӯлоб сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи 5- ситорадор оғоз гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии аниматсия.
  • Дар Русия рӯзи бибиҳо ва бобоён.
0