Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон дар ТАЛКО

Ташкили корхонаи нави Тоҷикистону Узбакистон “Талко-Крантас”

298
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии корхонаи нави муштарак “Талко-Крантас” иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон, моҳи июли соли равон аз ҷониби ширкати “Крантас групп”-и Узбакистон ва корхонаи алюминийи тоҷик, “ТАЛКО” корхонаи нави тавлиди техникаи махсус “Талко-Крантас” ташкил гардид.

“Дар корхонаи муштарак мошинҳои борбардор, ядакҳои трактор ва дигар намуди дастгоҳҳои махсус тавлид хоҳанд шуд. Муаррифии ин лоиҳаи ояндадор дар ҳузури роҳбарони ду давлат баргузор гардид”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон.

Манбаъ афзуд, ки Мирзиёев инчунин бо фаъолияти корхонаи “ТАЛКО” шинос шудааст, ки корхонаҳои зиёди куҳкорӣ, кимиёвӣ ва металлургиро дар бар мегирад.

298