Маҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат барои бунёди корхонаи тавлиди маводи тарканда дар Данғара

510
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат барои бунёди корхонаи тавлиди маводи тарканда дар Данғара 24 гектар замин ҷудо кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи қарори имзокардаи раисиҷумҳур, замини мазкур барои корхонаи муштараки “Муосир” ҷудо карда мешавад, ки ба истеҳсоли маводи таркандаи эмулсионӣ машғул хоҳад шуд.

Корхона, ки интизор меравад бо сармояи чинӣ бунёд гардад, асосан барои корҳои таркишӣ дар бахши куҳкорию саноати истихроҷ маҳсулот истеҳсол хоҳад кард.

КМ “Муосир” муваззаф шудааст, ҷуброни аз гардиши кишоварзӣ берун мондани замини ҷудошударо, дар ҳаҷми 846 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат пардохт кунаду заминро мувофиқи мақсад истифода намояд.

 Маводи таркандаи эмулсионӣ, ки интизор меравад, корхонаи “Муосир” истеҳсол кунад, аз нигоҳи экологӣ нисбатан тоза ва бехатар арзёбӣ мешавад ва дар соҳаи саноату куҳкорӣ муфид арзёбӣ мешавад.

Қаблан раёсати Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки хориҷиҳоро аз корҳои таркишӣ дар кишвар барканор кардаанд. Ин ниҳод дар бораи далели барканории хориҷиҳо гуфт, афроде, ки бо маводи тарканда сарукор мегиранд, бояд мавриди эътимод бошанд.

510
Барчаспҳо:
ноҳияи Данғара, маводи тарканда, корхона, саноат, Тоҷикистон