Суди буҷа аз металҳои қиматбаҳо ва ҳаҷми маош: Вазорат гуфт, фисадеро ба хориҷ надодем

© Sputnik / Марк Агнор / Гузариш ба медиабонкСлиток золота. Архивное фото
Слиток золота. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, корхонаҳои соҳаи маъданҳои куҳӣ ва металҳои қиматбаҳо дар 9 моҳи соли 2018 ба маблағи 4,45 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 11,3%, ё 452,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, дар ин давра корхонаҳои “Зарафшон”, “Ширкати металлургии Анзоб”,  “Анзоб”,  “Тиллои Тоҷик”,   “Шимшо”, “Покрӯд”,  “Нуқрафом”, “Рухом”  ва ҶСК “ ЛКРМ” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.

Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳаи  саноати маъданҳои куҳӣ ва металҳои қиматбаҳо дар ин давра ба  4,09 миллиард сомонӣ расидааст, ки аз ин ҳаҷми содирот ба хориҷи кишвар 2,93 миллиард  сомонӣ ё  311,79 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Самородное золото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикгеология: Тоҷикистон 40 кони тилло дорад

“Дар ҳамин давра шумораи кормандони соҳа 10 ҳазору 333 нафар буда, музди миёнаи як нафар корманд 3188 сомонӣ ва пардохти андозҳои давлатӣ ба буҷети ҷумҳурӣ 1,19 миллиард сомониро ташкил намуд. Бояд  қайд намуд, ки шумораи кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1484 нафар зиёд мебошад”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати саноат.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки 100%-и маҳсулоти фулузоти қиматбаҳо  дар ҳудуди ҷумҳурӣ фурӯхта шудааст.

“Бо мақсади ғанӣ гардонидани захираи металлҳои қиматбаҳои мамлакат байни корхонаҳои соҳа ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Бонки миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ барои соли 2018 ба имзо расонида шудааст”, - афзуд Вазорат.

Вазорати саноат  мегӯяд, дар назар аст,  ки то охири  соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ корхонаҳои соҳаро ба 5,9 млрд. сомонӣ расонанд.

Маврид ба зикр аст, ки корхонаҳои нисбатан бузурги соҳаи истеҳсоли металҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон бо сармоягузории Чин фаъол шуда, бахши назоратии саҳмияҳо дар ихтиёри намояндагони ин кишвар қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0