Расулзода дар Ҳукумат аз таъминот бо шир, либоси мактабӣ ва атлас нигаронӣ кард

© Пресс-служба президента Таджикистана Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзада
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзада - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон зимни ҷаласаи васеи Ҳукумат баробари зикри пешрафтҳо аз як қатор камбудиҳои бахши саноат дар кишвар нигаронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ҷаласаи васеи Ҳукумат таъкид гардид, ки корҳо дар самти бунёд намудани коргоҳҳои коркарди шир, сехҳои дузандагӣ барои истеҳсоли либоси мактабӣ, коргоҳҳои атласу адрасбарорӣ ва қолинҳои дастӣ беҳбудиро талаб менамояд.

Расширенное заседания правительства РТ  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъбасти соли 2018 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон

Манбаъ бо такя ба таҳлилҳо изҳор доштааст, ки дар шаҳру ноҳияҳо соли 2018 ҳамагӣ 14 коргоҳи коркарди шир, 67 сехҳои дузандагӣ барои истеҳсоли либоси мактабӣ, 139 коргоҳҳои атласу адрасбарорӣ ва 37 коргоҳҳои қолинҳои дастӣ таъсис дода шудааст, ки ин қонеъкунанда нест.

“Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо бошад, умуман коргоҳҳои коркарди шир ва қолинҳои дастӣ ташкил нашудааст”, - таъкид намудааст сарвазир.

Дар маҷмуъ дар ҷаласа зикр гардид, ки соли 2018 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 68,8 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,3 фоизро ташкил дод.

Афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла маҳсулоти саноатӣ 11,8 фоиз, кишоварзӣ 4 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7,8 фоиз, ҳаҷми умумии гардиши савдо 15,4 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,1 фоиз ба рушди иқтисодӣ мусоидат намуд. Дар давраи ҳисоботӣ таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, 5,4 фоизро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0