Мензурка в руках

Дарси КФҲ ба коргарони бузургтарин корхонаи кимиёвӣ дар Хатлон

68
(Таҷдидшуда 16:57 13.07.2019)
Кормандони Раёсати КҲФ кормандонро аз ҷазоҳои маъмуриву ҷиноӣ барои вайронкунандагони талаботҳои бехатарӣ бохабар карданд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо коллективҳои меҳнатӣ дидор карданд.

Бино ба гузориши КҲФ, рӯзи 11-уми июли соли 2019 кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон бо кормандони корхонаи кимиё, ки дар Тоҷикистон калонтарин корхона дар тавлиди нуриҳои минералӣ ба шумор меравад, дарс гузарониданд. 

Гуфта мешавад, ки мавзуи асосии суҳбатҳо “Риояи чораҳои бехатарӣ дар иншоотҳои обие, ки одамон гурӯҳиву ҳамагонӣ ба тафреҳ мераванд”, “Низоми амал дар ҳолатҳои фавқулода” ва “Расонидани ёриҳои аввалин ба зарадидагон” буданд.

"Дар ҷараёни чорабинӣ ба ширкаткунандагон дар бораи ҳама навъу гунаҳои офатҳои табиӣ, ҳодисаҳои нохуш маълумот дода шуда, қоидаҳои амал дар ин гуна ҳолатҳо аз нигоҳи назариявӣ ва амалӣ нишон дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар бораи истифода аз ҷазоҳои маъмуриву ҷиноӣ ба вайронкунандагони талаботҳои бехатарӣ нақл карданд. 

Манбаъ афзуда, ки ба ҳамаи ширкаткунандагон кормандони КҲФ ёддошти иттилоотӣ дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ дар махзанҳои об тақсим карданд.

68
Барчаспҳо:
ҳушдор, ҷазо, мулоқот, дидор, КҲФ ҶТ
Предприятие Вахдат по производству носков в Таджикистане

Дар Суғд ду корхонаи аз фаъолият бозмонда дубора ба кори худ оғоз каданд

99
(Таҷдидшуда 15:39 26.09.2020)
Дар вилояти Суғд ду корхонаи аз фаъолият бозмонда ба кори худ дубора оғоз намуданд. Мақомот мегуяд зиёда аз 24 корхона ду сол инҷониб фаъолият надоранд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik.  Ду корхонаи аз фаъолият бозмонда дар шаҳри Хуҷанд - “Суғдтекстайлз” дар заминаи корхонаи ресандагии “Тоҷик – Кообл -текстайлз” ва “Суғдиён - С” дар заминаи корхонаи дӯзандагии “Сано” дубора ба кори худ оғоз карданд.

Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба Иқдоми  ҶСП “Сомонсуғд”, дар оғози тобистон аз тарафи  “Сомонсуғд” аввал корхонаи дӯзандагии “Суғдиён – С” фаъол шуда, ба истеҳсоли  маҳсулоти пахтагии ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ оғоз кард.

Гуфта шудааст, ки аз моҳи августи соли равон, корхонаи “Суғдтекстайлз” дар заминаи корхонаи як вақтҳо машҳури “Тоҷик – Кообл - текстайлз” дар марҳилаи аввал бо ҷалби қариб 100 коргар ба фаъолият шурӯъ намуд.

Тавре Илҳомҷон Орифов, директори ҶДММ “Суғдтекстайлз” таъкид доштааст, мутаассифона, буҳрони шадиди иқтисодии солҳои 2008 - 2009 ба фаъолияти корхона таъсири манфӣ расонду онро муфлис кард.

Гуфта мешавад, ки ҳоло корхона эҳё ва акнун таҳти номи “Суғдтекстайлз” ба фаъолият оғоз бахшиду  коркарди 300 тонна нахи пахтаро дар як моҳ анҷом медиҳад.

Корхона аллакай барои ҳамкорӣ бо ширкати азими давлатии Чин шартномаи додугирифт ба имзо расондааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти вилояти Суғд то  1 июли соли равон дар вилояти Суғд 24 корхона зиёда аз ду сол инҷониб фаъолият надоранд.

 

99
Барчаспҳо:
фаъолият, аз фаъолият бозмондани нашриёт, корхона, Суғд, Тоҷикистон
Разработка угольного месторождения в Таджикистане, архивное фото

Тоҷикистон то соли 2040 истихроҷи ангиштро то ба 15 миллион тонна мерасонад

214
(Таҷдидшуда 10:45 30.08.2020)
Ангиштканони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, истихроҷи ангиштро дар соли равон то ба 2,2 млн тонна ва то соли 2040 ба 15 миллион тонна расонанд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Мувофиқи маълумоти геологӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 36 кон ва зуҳуроти ангишт кашф  гардидаанд, ки захираи умумии онҳо беш аз 4,3 млрд. тонна ҳисоб карда  шудааст. Аз  ин миқдор   331,4 млн. тонна захираҳои тасдиқшудаи саноатӣ  барои истихроҷу коркард омода  мебошанд.

Саидҷон Саидраҳмонзода, сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, таъкид доштааст, ки  дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол  ба миқдори  600-700 ҳазор тонна ангишт истихроҷ  шуда, талаботи солонаи он  дар бозори дохилӣ  1,5 млн. тоннаро ташкил медод.

Корхонаи калонтарини соҳа ҶСК “Ангишт”,  қаблан Шахтаи №8 дар шаҳраки Шӯроб,  бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тонна аз соли 1939 ба фаъолият оғоз намуда,  соли 1979 зиёда аз 950 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намудааст. Дар ин давра шумораи коргарон 3500  нафар, дарозии нақбҳо ва иншооти фаъолияткунандаи зеризаминӣ дар корхона 32 км-ро ташкил медод.

КФ “Шахтаи Фон-Яғноб” соли 1983 бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт дар қитъаи «Карйерний»- и  кони ангишти “Фон-Яғноб” бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тоннна истихроҷи ангишт ба фаъолият оғоз намудааст.

Бо барҳам  хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ  соҳаи истихроҷи ангишт низ дар қатори дигар соҳаҳо таназзул ёфта,  фаъолияти  конҳои  асосии  мамлакат-  “Шӯроб” ва “Фон-Яғноб” бо сабаби дастрас нагардидани маблағҳо ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ба мушкилиҳо  дучор гардиданд. Дар натиҷа истихроҷи солонаи ангишт дар  ҷумҳурӣ соли 1997 то ба  14 ҳазор тонна коҳиш ёфт.

“Дар даврони истиқлолият пеши роҳи пастравии истеҳсолот дар соҳа  гирифта шуд. Аз соли 2007 то соли 2014 дар ҷумҳурӣ 18 корхона, аз ҷумла 6 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи  ғайридавлатӣ дар 11 кони ангишт (дар 3  кон бо тарзи зеризаминӣ ва дар 15  кон бо тарзи кушода) ба истихроҷи ангишт   оғоз намуданд”, - қайд кард Саидҷон Саидраҳмонзода.

Вай афзуд, соҳаи саноати ангишт яке аз самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат ҳисобида шуда, истифодаи самараноки захираҳои фаровони он метавонад дар як муҳлати кӯтоҳ барои пешрафти соҳаи саноати кишвар нақши сазовор гузорад.

Саидҷон Саидраҳмонзода, ҳамчунин гуфт ангиштканони мамлакат тасмим гирифтанд, истихроҷи ангиштро дар соли равон то ба  2,2 млн тонна ва то соли 2040 ба 15 миллион тонна расонанд.

214
Барчаспҳо:
тонна, истихроҷ, ангишт, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

0
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

0
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд