Обе, ки Қаҳҳор Маҳкамов орзу дошт ба Душанбе расонад, ба Боку рафт

© Sputnik / Юрий Абрамочкин / Гузариш ба медиабонкКахор Махкамов. Архивное фото
Кахор Махкамов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори созишномаи инвеститсионӣ миёни Ҳукумат ва ширкати “Авесто Гуруҳ”-ро барои бунёду ифтитоҳи корхонаи “Сиёма” ҷонибдорӣ карду Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, онро ба тасвиб расонд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нав, Заробиддин Файзуллозода имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, нӯшокиҳои "Сиёма" ва "Оби зулол" ба Озарбойҷон фиристода шуд.

"Мо ба таври таҷрибавӣ як мошин оби "Сиёма" ва "Оби зулол" - ро ба шаҳри Боку фиристодем", - гуфт вазир ва афзуд, ки оби Тоҷикистон писанди мардуми Боку шудааст ва талабот ба онҳо зиёд аст.

Вазир гуфт, илова бар ин ширкати "Субҳи ватан" бо стандартҳои ҷаҳонӣ фаъолият карда афшурдаҳои худро имрӯз ба Урупо мефиристад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Орзуи Қаҳҳор Маҳкамов ва қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Сиёма”

Ёдрас мешавем, ки расман Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани “Сиёма” дар ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе моҳи марти соли гузашта оғоз бахшида буд ва дафтари матбуоти раисиҷумҳур он замон арзиши лоиҳаро 15 миллион доллари ИМА арзёбӣ намуда буд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур дарёи Сиёма дар масофаи 50 километрӣ аз шаҳри Душанбе дар дараи Варзоб ҷойгир буда, оби он яке аз тозатаринҳодар ҷаҳон ба шумор меравад.

“Тибқи тадқиқоти олимони соҳа оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбӣ расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм басо фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки оби Сиёма дар байни дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд”, - таъкид кард дафтари матбуоти раисиҷумҳур Тоҷикистон.

Розлив воды. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур ҷонибдорӣ карду созишнома имзо шуд: дар Душанбе корхонаи обу машрубот месозанд

Ширкати “Авесто Гуруҳ” дар сомонааш изҳор доштааст, ки оби “Сиёма” барои пешгирии пиршавии бадан мусоидат карда, ивазшавии ҳуҷайраҳои куҳна бо навро суръат мебахшад.

Обрасонӣ аз дарёи Сиёма ба сокинони Душанберо марҳум Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон аз орзуҳои худ хонда буд, ки амалӣ нашуд. Маҳкамов дар яке аз  суҳбатҳо дар солҳои охири умраш бо расонаҳо гуфт, оби Сиёма аз тозатаринҳо дар минтақа буда, мутахассисони олмонӣ гуфтанд, ҳеч ниёзе ба "филтр", ё худ тозакунӣ надорад.  Маҳкамов иттилоъ дода буд, ки иҷрои тарҳ соли 1987 оғоз гардида, то соли 1990 даҳ километр лӯлаҳои қутрашон 1,2 метриро кашида буданд, аммо дар пайи нооромиҳо лӯлаҳо ба яғмо бурда шуданд.

Ширкати “Авесто Гуруҳ”, ки ба истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикану шароббарорӣ машғул хоҳад шуд, чанд соли қабл таъсис ёфта, феълан дар бахшҳои гуногун фаъолият дорад.

Аз ҷумла ин ширкат масъули насби низоми пардохти электронӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе интихоб шуда, инчунин ба тавлиди воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар пойтахт машғул мебошад.

Эмомали Рахмон заложил первый камень для строительства предприятия по производству прохладительных напитков Сиёма - Sputnik Тоҷикистон
Парлумон созишномаи Ҳукумат бо “Авесто Гурӯҳ”-ро ҷонибдорӣ кард

Фаррух Ҳамарлизода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилон гуфт, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, Ҳамрализода изҳор дошт, ки  масъалаи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи “Сиёма” дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти Душанбе дар моҳи феврали соли 2017 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ     пешниҳод гардида буд.

“Татбиқи лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки аз ҷониби ширкати “Авесто Гуруҳ” маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ,  сохтмони корхона, харидории техника ва технологияи зарурии  истеҳсолӣ, сохтмони инфрасохтори зарурӣ анҷом дода мешавад.

Бар асоси ин созишнома сармоягузори лоиҳа аз пардохти андоз аз фоида ва аксиз ба муҳлати 5 сол озод карда шуда, номгӯи молҳое, ки барои татбиқи лоиҳа ба Тоҷикистон ворид мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошанд.

 

Лентаи хабарҳо
0