Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов

Истеҳсоли либоси мактабӣ дар Хоруғ: Файзов гуфт нарх бояд дастрас бошад

556
(Таҷдидшуда 13:04 13.08.2019)
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли либоси мактабӣ сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва Бунёд барои зиндагии беҳтар дар Тоҷикистон дар бораи таъсиси корхонаи истеҳсоли духти либосҳои мактабӣ дар шаҳри Хоруғ созишнома имзо кардаанд.

Бино ба гузориши сухангӯи раиси вилоят, Ғолиб Ниятбеков, тибқи созишномаи тарафайн, корхона дар се марҳила сохта ба истифода дода мешаванд.

 

Фабрика месозем: вазир овозаҳо дар бораи попӯши ягонаи талабаҳоро шарҳ дод

  • марҳилаи якум истеҳсоли 10 ҳазор либоси мактабӣ дар як сол
  •  марҳилаи дуюм истеҳсоли 20 ҳазор либоси мактабӣ дар як сол 
  • марҳилаи сеюм истеҳсоли 30 ҳазор либоси мактабӣ дар як сол 

Аз баррасӣ дар интернет то ҷалби ҳамватанон аз берун: интизории Файзов аз "Помиринвест"

Ёдгор Файзов баъд аз имзонамудани шартнома диққати сармоягузоронро бо он ҷалб намуд, ки пеш аз ҳама бояд сатҳи зиндагии мардуми вилоят ба инобат гирифта шавад ва либосҳои мактабӣ низ бо нархи дастрас барои мардуми вилоят ба фурӯш бароварда шаванд.

556
Барчаспҳо:
сарулибоси мактабӣ, раис, ВМКБ, Хоруғ, Тоҷикистон
Абрикосы, архивное фото

Оғози зардолучинӣ дар Суғд ва содироташ ба Русия

276
(Таҷдидшуда 16:14 21.05.2020)
Сарраёсати кишоварзии Суғд мегӯяд, масоҳати боғи зардолу дар вилоят қариб 45 ҳазор гектарро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Масъулини Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯянд, офатҳои табиӣ - борону шамоли бошиддат ба ҳосил таъсири манфӣ расонд.

Нашрияи "Ҷумҳурият" аз қавли мақомдорони кишоварзии Суғд иттилоъ дод, ки дар шаҳри Исфара 4500 гектар боғоти себу нокро хунук зад.

"Дар як қатор ноҳияҳои вилоят - Ашту Конибодом ва ба номи Б.  Ғафуров ба ҷамъоварии зардолуҳои пешпазак шӯрӯъ карданд", - омадааст дар иттилоия.

Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт, изҳор доштаст, ки ноҳия дорои беш аз 16 ҳазор гектар боғи зардолу буда, аз ин 8900 гектар дарахтони ҳосилдиҳанда аст.

"Зардолузорро асосан навъҳои пешпазаки "арзанаки калон", "шалах" ва "рухи ҷонона", "мирсанҷарӣ", "исфарак" ва "бобоӣ", ки ҳосили фаровон доранд, ташкил медиҳад. Алҳол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ чидани зардолуи пешпазаки "шалах", "арзанаки калон" ва "рухи ҷонона" оғоз шуда, асосан ба Федератсияи Русия содирот мегардад", - таъкид кардаст манбаъ.

Боғдорони ноҳияи Ашт имсол азм доранд истеҳсоли зардолуро ба 20 ҳазор тонна расонанд.

276
Барчаспҳо:
содирот, мавсими ҷамъоварӣ, зардолу, мева, Тоҷикистон-Русия
Завод по производству ковров

Рушди соҳаи саноат новобаста аз коронавирус: ҳаҷми истеҳсол беш аз 15 дарсад афзоиш ёфт

219
(Таҷдидшуда 03:36 20.05.2020)
Дар давоми чор моҳи аввали соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи қариб 9 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,3 дарсад зиёд аст

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати саноати Тоҷикистон, рушд асосан, аз ҳисоби ҳаҷми маҳсулоти саноати коркард 19,5, истихроҷи маъдан 13,1, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 7 дарсад таъмин гардидааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноатӣ тамоюли  зиёдшавӣ  дошта,  фаъолияти  истеҳсолӣ вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва талаботи бозор ба роҳ монда шудааст.

“Барои истеҳсоли маҳсулоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар чор моҳ беш аз 1,5 миллиард сомонӣ маблағҳои худи корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардиданд”, - қайд кардааст вазорати саноат.

Ҳамчунин манбаъ зикр кардааст, ки ба ҳолати 1 майи соли равон 2204 корхонаи саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 7 дарсад ё 143 корхона зиёд аст.

“Аз шумораи умумии корхонаҳо ба бахшҳои истихроҷ 258 корхона, коркард 1789, энергетика 76 ва таъминоти об ва коркарди дуюмдараҷа 81 корхона рост меояд”, - таъкид доштааст вазорат.

Ҳамзамон дар ин муддат 61 корхонаи нави саноати сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Суғд 23 корхона, Хатлон 19, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1, шаҳри Душанбе 10 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 корхона. Аз ин ба соҳаи саноати хӯрокворӣ 21 адад, масолеҳи сохтмон 15, саноати сабук 12, мошинсозӣ 7 ва дигар соҳаҳо 6 адад рост меояд.

219
Барчаспҳо:
вирус, истеҳсол, маҳсулот, саноат, корхона, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Сӯҳбат аз қурбониёну таъмини силоҳ: Эмомалӣ Раҳмон марзбонони тоҷикро шодбош гуфт

0
(Таҷдидшуда 16:17 28.05.2020)
Президент аз вазъи печидаи ҷаҳонӣ ёдрас шуда, таъкид кард, ки сарҳадбонон бояд интизоми оҳанини низомиро риоя кунанд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон ба марзбонони тоҷик паёми шодбошӣ ирсол кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо 26-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, иродаи қавӣ, нерӯи матин таманно кардааст.

Раисҷумҳур таъкид кардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аҳамияти муҳим медиҳад.

"Хусусан, дар зарфи солҳои охир дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ даҳҳо дидбонгоҳи нави сарҳадӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Ҳукумат ба масъалаи таъмини  ҷузъу томҳои марзбонӣ бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ низ эътибори зарурӣ медиҳад", афзудааст ӯ.

Раҳмон аз марзбонони қурбоншуда ёдрас шуда, гуфтааст, ки "мардуми сипосгузори Тоҷикистон номи нек ва корномаи ҷавонмардонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд".

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Президент аз таҳдиду хатарҳои нав,  терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир дар марз ёдрас шуда, гуфтааст, ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки беш аз ҳар вақти дигар бо риояи интизоми оҳанини низомӣ ва талаботи оинномаҳои ҳарбӣ дар ҳоли омодагии доимӣ қарор дошта бошанд.

 

0