Серҳаракатии Чин: дар Суғд силсилаи корхонаҳо бунёд мегардад

Обуна шудан
Корхонаи металлургии “Зарнисор” ба маблағи беш аз 100 миллион сомонӣ корхонаи истеҳсоли металли мис бунёд мекунад

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти вилояти Суғд, зимни мулоқот ҷонибҳо аз робитаҳои судманди ду кишвар - Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти истеҳсолот, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи муштараки "Зарнисор" ва ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ мубодилаи афкор намудаанд.

Таджикские денежные знаки Сомони - Sputnik Тоҷикистон
Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон: Чин дар ҷойи сеюм

Тавре иттилоъ дода мешавад, айни замон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи муштараки “Зарнисор” 4 млн. тонна хокаи сурбу руҳ мебошад ва тибқи нақша ин нишондиҳанда дар соли оянда ба 6 млн. тонна расонида хоҳад шуд.

Тиқби иттилои манбаъ, дар ин корхонаи азими саноатӣ 2700 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст ва аз ин лиҳоз дар вилояти Суғд ба бунёду ба кор андохтани корхонаҳои нави саноатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Зикр шудааст, ки комбинати металлургии “Зарнисор” метавонад барои бунёд ва ба кор даровардани якчанд корхонаи дигари саноатӣ саҳми муассир гузорад.

Бояд гуфт, ки қаблан роҳбарияти корхонаи металлургии “Зарнисор” гуфта буд, ки бо ҷалби беш аз 100 миллион сомонӣ корхонаи истеҳсоли металли мис бунёд хоҳад шуд.

"Дар аснои суҳбат роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин мужда расонид, ки тасмим ниҳоӣ шуд ва дар муддати 3 сол корхонаи дигари кимёвӣ оид ба истеҳсоли сулфати руҳ ва мис бунёд карда мешавад, ки дар натиҷа 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар ҳамкорӣ бо Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Чин дар ду шаҳри саноатии вилоят — Истиқлол ва Гулистон дар ояндаи наздик силсилаи корхонаҳои саноатӣ бунёд карда мешаванд, ки дар онҳо беш аз чоруним ҳазор нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0