Ҷаласаи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ

Сармоядори тоҷик бо харҷи 1 миллиард дар Душанбе корхона месозад: Ҳукумат сабукӣ дод

4563
(Таҷдидшуда 10:11 07.10.2019)
Парлумони Тоҷикистон барои сармоядори ватанӣ, ки бо харҷи 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Душанбе корхона месозад, сабукиҳо дар бахши андозу гумрукро тасвиб кард. Ин созишнома аз ҷониби Ҳукумат пешниҳод шуд

ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири парлумон созишнома барои бунёди корхонаи “Тоҷиксемент”-ро муаррифӣ кард, ки баъди ифтитоҳи он корхонаи “Сементи тоҷик” дар пойтахт баста мешавад.

Бар асоси созишномаи Ҳукумат бо “Тоҷиксемент”, ки парлумон тасвиб кард,  корхонаи ҷадид бо харҷи  1 миллиард сомонӣ бунёд мегардад ва ба гуфтаи Ҳамрализода ин маблағи сармоягузори ватанӣ мебошад. Раиси Кумитаи сармоягузорӣ таъкид намуд, ки сармоягузори ватанӣ корхонаҳоро бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва риояи талаботи экологӣ бо иқтидори истеҳсоли 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент ва истеҳсоли 80 миллион дона халта дар як сол бунёд менамояд.

Бахтиёр Маҷидов, мудири ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент” дар назди вакилон изҳор дошт, ки корхона пурра аз ҳисоби сармояи ватанӣ сохта мешавад ва ҳам муассисону ҳам мудир шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ӯ аз афроди мушаххас ном набурд, аммо қаблан бархе аз расонаҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки корхонаи нави семент аз ҷониби саҳмдорони ширкати “Фароз” сохта мешавад. Масъулини "Фароз" ва "Тоҷиксемент" мушаххасан дар ин бора то ҳол шарҳе ироа накардаанд.   

Дар ҳамин ҳол ҶСК “Сементи тоҷик”, ки роҳбарияшро Зайнулло Соҳибов ба уҳда дорад,  баъди фаъол шудани корхонаи ҶСП “Тоҷиксемент” корашро қатъ хоҳад кард.

Қарори Ҳукумат: сабукӣ барои тавлиди “Мерседес”-ҳои “Made in Tajikistan”

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран хабар дод, “баъди пурра ба кор даромадани корхонаи нав, корхонаи ҳозираи семент, ки солҳои дароз кор кардаву фарсуда шудааст ва ба муҳити зисти шаҳр таъсир мерасонад, фаъолияташ пурра манъ карда мешавад”.

Миллиардро мегузораду чӣ сабукӣ мегирад?

Фаррух Ҳамрализода иттилоъ дод, ки бар асоси созиши “Тоҷиксемент” бо Ҳукумат сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида ва андози иҷтимоии шаҳрвандони хориҷӣ — ғайрирезидент ба муҳлати 5 сол озод мебошад ва молҳо барои татбиқи лоиҳа бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ  ба кишвар ворид мешаванд.

Сармоягузор тоҷикистонию пудратчӣ чинӣ

Маҷидов, мудири “Тоҷиксемент” дар парлумон хабар дод, ки корҳои лоиҳакашӣ, таъмин ва насби таҷҳизот аз ҷониби ширкати чинии  “Ҷиангсу пенгфей групп” анҷом дода мешаванд.

Ӯ афзуд, ки бар асоси лоиҳа сохтмону насби таҷҳизоти истеҳсолӣ дар корхона ҳудуди 1,5 сол тӯл хоҳад кашиду  дар ҷараёни сохтмон 1500 нафар, аз ҷумла 1350 шаҳрванди Тоҷикистон ҷалб мегарданд. Ба гуфтаи Маҷидов баъди фаъолсозии корхона 600 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

На ҳама розиянд: Маҷидов гуфт, корхона безарар мешавад

Қаблан аз тасмими бунёди корхонаи азими истеҳсоли семент дар шаҳри Душанбе бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод карда, ба далели партовҳо аз чунин корхонаҳои азим таъкид намуда буданд, ки онҳо бояд дар берун аз ҳудуди пойтахт бунёд шаванд.

Мудири “Тоҷиксемент” вакилони мардумиро муътақид кард, ки корхона мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ ва барои муҳити зист ва аҳолии атроф бе зарар дар канори шаҳр бунёд мегардад.

“Чангу ғубор дар ҳамаи сехҳои корхона, яъне дар 10 марҳила мавриди полоиш қарор дода мешавад, ки дар натиҷа 99,3 фоиз қоидаҳои ҳифзи муҳити зист таъмин ва истеҳсолоти бе партов ба роҳ монда хоҳад шуд”, ‑ таъкид намуд Маҷидов дар парлумон.

Дар шаҳри Душанбе боз як корхонаи азими сементбарорӣ бунёд мегардад

Тасвиби созишнома барои ироаи сабукиҳо дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои бунёди корхонаи “Тоҷиксемент” санги асос гузоштанд. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар ин корхона сементи тамғаҳои 400, 500 ва 600 истеҳсол карда мешавад. Манбаъ таъкид намуд, ки технологияи истеҳсол дар корхона бо иҷозатномаи яке аз бонуфӯзтарин ширкатҳои истеҳсолии Олмон дар Чин истеҳсол карда шудааст.

4563
Барчаспҳо:
сабукӣ, андоз, созишнома, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, семент, корхона, Душанбе, Тоҷикистон