Дар Хуҷанд коргоҳи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер бунёд мешавад

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкС 1 января 2019 года Россия перейдет на цифровое телевидение
С 1 января 2019 года Россия перейдет на цифровое телевидение  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Минбаъд дар вилояти Суғд аз ҷониби кооперативи тиҷоратии "Имран Суғд" телевизор, яхдон ва кондитсионер истеҳсол хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда — телевизор, яхдон, кондитсионер ва дигар таҷҳизоти маишӣ бо тамғаи ватанӣ бунёд мегардад.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, коргоҳи зерин дар минтақаи саноатии шимолу шарқи маркази вилоят ҷойгир буда, аз ҷониби кооперативи тиҷоратии "Имран Суғд" бо маблағҳои сармояи мустақим сохта мешавад.

Компания Мушовир открывает автомобильные маршруты в Узбекистан и Казахстан - Sputnik Тоҷикистон
Оғози мусофиркашонӣ аз Хуҷанд ба Узбакистону Қазоқистон

Гуфта мешавад, ки рӯзи 5 декабр раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои бунёди корхонаи нави саноатӣ шинос гардида, ба роҳбарияти кооператив ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани сохтмон супоришҳои мушаххас додааст.

Корхонаи нав аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ барои истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда бунёд мешавад. 

Ҳамзамон ба иттилои масъулини коргоҳи бунёдшаванда, ҳоло ба корҳои сохтмонӣ​ беш аз 60 нафар сохтмончиён ҷалб гардидаанд.

Маҳсулоти истеҳсолшаванда пурра дар корхона истеҳсол ва бо тамғаи ватанӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар минтақаи шимолу шарқи шаҳр дар майдони 49,2 га минтақаи нави саноатӣ таъсис гардидааст.

То 1 декабри соли 2019 ба 21 нафар соҳибкори ватанӣ қитъаҳои замин барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ҷудо карда шуданд.​ 

Тибқи нақша дар ин минтақа ҷойгирсозии 49 субъекти соҳибкории истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.

Манбаъ афзуда, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёди 300 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин радиф соли 2019 дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истифода додани 100 коргоҳи нав бо 1730 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шуда, давоми 10 моҳи имсол 87 коргоҳи нав бо 1300 ҷойи кор ба  фаъолият оғоз намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0