Поезд на железной дороге

Байни Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан бунёд мегардад

352
(Таҷдидшуда 14:39 02.01.2020)
Интизор меравад, ки дар оянда байни ду давлати ҳамҷавор – Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан бунёд карда шавад

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар ин росто, дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод)-Ҷайҳун-Панҷи Поён (Тоҷикистон)-Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба Вазорати нақлиёт хабар медиҳад.

Тибқи иттилои сарчашма, ба санади мазкур аз ҷониби Тоҷикистон  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода ва аз ҷониби Афғонистон сардори идораи роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ямо Шамс  имзо гузоштанд.

Гуфта мешавад, ки санади мазкур дорои аҳамияти муҳими стратегӣ буда, барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, инчунин барои пайваст шудан бо роҳҳои оҳани минтақа ва баромадан ба бандарҳои обии Бандар Аббосу Чобаҳори Эрон ва Гвадари Покистон замина мегузорад.

Ҳамзамон татбиқи тарҳи мазкур  барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани роҳҳои оҳан, ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон такон бахшида, ба кам шудани хароҷоти нақлиётии соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, тақвияти рушди содирот, афзоши ҳаҷми боркашонӣ бо Афғонистон ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди мамлакат бо назардошти кам кардани сарбории роҳ мусоидат менамояд.

Инчунин татбиқи тарҳи бунёди роҳи оҳан байни Тоҷикистон  ва Афғонистон барои роҳ ёфтан ба бозори минтақа ва баромадан ба бандарҳои баҳрӣ замина эҷод менамояд, зеро то ҷое мусаллам аст, дар ҷануби Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ» таъсис дода шудаанд. Инчунин корхонаҳои гуногуни  коркарди маҳсулоти нафтӣ, истеҳсоли креолит ва семент фаъолият доранд, ки иқтидори истеҳсолии онҳо бо гардиши бор дар як сол 5 миллион тонна пешбинӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Созишномаи мазкур дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ, ки моҳи июли соли 2019 дар Душанбе доир шуда буд, матраҳ гардида, ҷонибҳо барои ба имзо расонидани  он ба мувофиқа расида буданд.

352
Барчаспҳо:
роҳи оҳан, Тоҷикистон, Афғонистон