Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион семент содир кард

© PixabayРабочие на стройке, архивное фото
Рабочие на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхонаҳои истеҳсолии соҳаи масолеҳи сохтмонӣ соли гузашта ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2018 345,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тоҷикистон соли гузашта 4,2 миллион тонна семент истеҳсол карда, 1,5 миллион тоннаи онро ба кишварҳои хориҷӣ  содирот намудааст, гузориш медиҳад АМИТ "Ховар" дар истинод ба Вазорати саноати кишвар.

Работа завода ОАО Спасскцемент - Sputnik Тоҷикистон
Тавлиди семент дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

"Аз ин 890 ҳазор тонна ба Узбакистон, 576 ҳазор тонна ба  Афғонистон ва беш аз 80 ҳазор тонна  ба Қирғизистон  рост меояд. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент 68,1 миллион долларро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Инчунин соли гузашта  аз Тоҷикистон ба давлатҳои ҳамсояи Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон қариб 400 ҳазор дона гаҷкартон  содирот гардидааст.

Ҳамзамон соли сипаригардида ба Тоҷикистон аз давлатҳои хориҷӣ ба маблағи 17,6 миллион доллар кошин, 9,7 миллион доллар шиша, 2,4 миллион доллар маснуоти санитарӣ ва 2,8 миллион доллар гаҷкартон воридот гардидааст. Дар маҷмӯъ ҳаҷми содироти масолеҳ 68,4 миллион доллар ва ҳаҷми воридот 42,9 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 25,4 миллион доллар зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, корхонаҳои  истеҳсолии соҳаи масолеҳи сохтмонӣ  соли гузашта ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2018 345,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.  Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ моҳи декабр 7,2 ва дар сол  10 фоизро ташкил дод.  Истеҳсоли хишт ба 159,1 миллион дона, газоблок 36,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1,5 миллион метри мукааб,  шифер 1,3 миллион дона баробар шудааст.

Соли гузашта чанд корхонаи нави истеҳсоли семент, аз ҷумла "Моҳир семент", истеҳсоли шифери "Муқим-1"-и ноҳияи Ёвон, "Анас Одина"-и шаҳри Ҳисор, "Сомоншифер"-и шаҳри Душанбе, корхонаи коркарди сангҳои ороишии "Зиркон" дар шаҳри Душанбе, корхонаи истеҳсоли хишти "Белтатекс"-и шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуданд.

Лентаи хабарҳо
0