Завод по производству полиэтиленовых пакетов в Согдийской области

Дар вилояти Хатлон 110 корхона аз фаъолият бозмонд

407
(Таҷдидшуда 14:17 29.01.2020)
Мақомоти вилояти Хатлонро аз фаъолият бозмондани беш аз 100 корхона корхона дар соли равон нигарон кардааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ҳакимзода Қурбон, сардори Сараёсати агентии омори вилояти Хатлон дар соли 2019 қаламрави вилояти Хатлон 57 корхонаҳои хурду бузарги саноатӣ  бунёд гардидааст, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

Ҳамзамон ба гуфтаи Ҳакимзода Қурбон, дар ин давра дар вилоят 39 корхона аз фаъолият бозмонда, 71 корхонаи дигар  тамоман фаъолият накарданд.

Вай дар нишасти матбуотӣ афзудааст, ки омили асосӣ аз фаъолият бозмондани корхонаҳо дар вилояти Хатлон муфлисшавӣ, набудани ашёи хом ва  фарсудагии таҷҳизот мебошад.

“Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда “Нуриҳои Осиё” дар шаҳри Леваканд, корхонаи “Умед”-и шаҳри Бохтар, “Хишти  Беҳзод”, “Орди рушди Хатлон” ва  дигар корхонаҳо мебошанд”, — таъкид дошт Сараёсати агентии омори вилояти Хатлон.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2018 дар қаламрави Тоҷикистон 128 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда буд. Масъулини вазорати саноат таъкид доштанд, шумораи корхонаҳои соли гузашта аз фаъолият бозмонда дар қиёс ба соли 2017 (180 корхона) коҳиш ёфтааст, вале дар муқоиса бо ҳолати саноатии кишвар аз кор мондани 128 корхонаю коргоҳ низ кам нест ва ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири амиқе хоҳад гузошт.

407
Барчаспҳо:
нигаронӣ, корхона, фаъолият, вазорат, Хатлон
Предприятие Вахдат по производству носков в Таджикистане

Дар Тоҷикистон 83 корхонаи нав ифтитоҳ ёфту 124 корхона аз фаъолият бозмонд

222
(Таҷдидшуда 15:13 07.08.2020)
Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон ахиран эълон доштааст, ки 2216 корхонаи саноатии бақайдгирифташуда 124 корхона аз фаъолият бозмонд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ахиран вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба хотири иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ –  саноатикунонии кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.

Ба гуфтаи вай,дар Тоҷикистон 83 корхонаи нави саноатӣ, бо таъсиси 1135 ҷои кор, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Рушди соҳаи саноат новобаста аз коронавирус: ҳаҷми истеҳсол беш аз 15 дарсад афзоиш ёфт

Вай зикр кард, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус, корхонаҳои саноатии кишвар ба як қатор мушкилиҳо, аз ҷумла дастрасии номукаммал ба воситаҳои молиявӣ ва ашёи хом, таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва коҳишёбии нархи молу маҳсулоти содиротии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ, дучор гардиданд.

Ҳамзамон Завқӣ Завқизода зини нишастӣ матбуотӣ таъкид дошт, ки дар ин росто, аз 2216 корхонаи  саноатии  бақайдгирифташуда 124 корхона аз фаъолият бозмонд.

222
Барчаспҳо:
фаъолият, аз ҳаракат бозмондан, аз фаъолият бозмондани нашриёт, корхона, саноат, Тоҷикистон
Продажа муки

Орд арзон мешавад?: вазири тоҷик аз афзоиши истеҳсоли орд дар Тоҷикистон таъкид кард

798
(Таҷдидшуда 11:59 05.08.2020)
Айни замон дар ҷумҳурӣ 47 корхонаҳои ордбарорӣ фаъолият дошта, танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон 374 ҳазору 982 тонна орд истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 43 ҳазору 136 тонна зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода дар нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон бо сабаби паҳн шудани бемории коронавирус дар ҷаҳон аввалҳои моҳи март дар ҷумҳурӣ  арзиши орд ба таври сунъӣ боло рафт.

 “Имрӯз корхонаҳои ордбарории мамлакат на танҳо имконияти  таъмини пурраи аҳолиро бо орди хушсифати ватанӣ доранд, балки  ба кишварҳои ҳамсоя, назири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ содироти онро ба роҳ мондаанд”, - таъкид дошт Вазири саноат ва технологияҳи нав.

Ҳамчунин вай афзуд, ки тоҷирон ё шахсони манфиатдоре, ки ба таври сунъӣ арзиши ордро боло бурданд, аз вазъи бозор бехабаранд, зеро дар чанд соли охир корхонаҳои мо Тоҷикистонро пурра бо орди ватанӣ таъмин мекунанд.

“Дилхоҳ корхона метавонад аз хориҷи мамлакат ба ҷумҳурӣ гандум ворид намояд, зеро дар ин самт ягон мушкилӣ ҷой надорад. Танҳо ширкатҳоеро, ки гандум  ворид месозанд, зарур аст истеҳсоли ордро ба роҳ монанд”-, афзуд вазир.

Мавсуф гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 воридоти гандум камтару  орд бештар шудааст.

Дар ҳамин ҳол вазири саноат ва технологияҳои нав таъкид дошт, ки бештари гандум аз Қазоқистон ва Русия ворид мешавад, ки арзиши он дар кишварҳои истеҳсолкунанда низ боло рафтааст.

“Агар хоҷагиҳои деҳқонӣ тавонанд корхонаҳои ватаниро бо гандуми дохилӣ пурра таъмин намоянд, дар ин сурат арзиши орд низ поён меравад”, - гуфт ӯ.

Дар ҳоли ҳозир, дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф  айни замон арзиши як халта орди 50 кг навъи якум аз 227 сомонӣ шурӯъ мешавад.

Гуфта шудааст, ки дар соли 2019 талаботи бозори дохилӣ дар ҳаҷми 710,1 ҳазор тонна орд пурра таъмин карда шуда, 3132,5 тонна орд ба хориҷи мамлакат содир шудааст.

798
Барчаспҳо:
корхона, вазир, истеҳсол, орд, Тоҷикистон

Фавти 20 сарнишини ҳавопаймо дар Ҳиндустон: аснои фурӯд омадан ду қисм шуд - навор

0
(Таҷдидшуда 15:27 08.08.2020)
Ҳавопаймои Boeing 737 аз Дубай самти Ҳиндустон парвоз мекард ва гуфта мешавад дар дохили он аз 170 то 194 сарнишин қарор дошт

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар шаҳри Коҷикоде иёлати Керале дар Ҳиндустон ҳавопаймои ширкати Air India Express аснои дар фурудгоҳ нишастан ба ду қисм тақсим шуд.

Дар ин бора собиқ вазири фарҳанг ва сайёҳати ин кишвар Алфонс Каннантанам дар сафҳаи худ дар Твиттер хабар дод.

Ба изҳори собиқ вазир қисмати аввали ҳавопаймо ҷудо шуд ва ҳамаи сарнишинонро фавран аз дохили ҳавопаймо кӯч доданд. Аммо халабону чанд сарнишини дигар бар асари ин ҳодиса ҷон бохтанд, - изҳор дошт собиқ вазир.

Каннантанам аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ҳавопаймо оташ нагирифт ва аз ин рӯ теъдоди қурбониёни ин ҳодисаи нохуш ҳам ба маротиб кам шудааст.

Зимнан, бар хабари расонаҳои ин кишвар, бар асари суқути ҳавопаймо дасти кам 20 нафар ҷон бохтанд ва 140 сарнишини дигар сахт ҷароҳатдор шуданд.

0