Швейная фабрика по пошиву военной одежды

Иштироки Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи либоси варзишӣ дар Олмон

156
(Таҷдидшуда 01:05 05.02.2020)
Барои аввалин бор, ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон аз ISPO Munich, бузургтарин намошгоҳи маҳсулот ва либоси варзишӣ дар ҷаҳон, боздид хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 5 февр — Sputnik. Тоҷикистон дар қатори бештар аз 120 кишвари ҷаҳон дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷорати варзишӣ - Internationale Fachmesse für Sportartikel und Sportmode (ISPO), ки аз 26-ум тo 29-уми январи соли 2020 дар шаҳри Мюнхени Олмон баргузор мегардад, иштирок мекунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маркази тиҷорати байналмилалӣ.

Бино бар иттилои манбаъ, дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 2800 ширкат маҳсулоти тозатарини худро ба тақрибан 85 ҳазор тамошобин ба маъраз мегузоранд.

Манбаъ қайд намудааст, ки панҷ корхонаи истеҳсолкунандаи либоси варзишии Тоҷикистон – “Ваҳдат”, “Гулистони Душанбе”, “Лидер”, “Раҳимов A.A.”, ва “Сапсан” дар ин намоишгоҳ бо навтарин ва замонавитарин таҷҳизот, кафш ва либоси варзишии истеҳсоли брендҳои маъруфи ҷаҳонӣ  ва бо тамоюлоти пешқадамтарини соҳаи варзиш ва тандурустию фитнес дар дунё ошноӣ пайдо мекунанд.

ISPO Munich намоишгоҳи тиҷоратии B2B (тамоси мустақими бизнес бо бизнес) буда, дар миёни коршиносони тиҷорати варзишӣ ҳамчун муҳимтарин чорабинии соҳа шинохта шудааст.

 “Феълан, бархе аз истеҳсолгарони либосҳои варзишии Тоҷикистон бо брендҳои маъруфи олами варзиш, ба монанди Lotto, Umbro ва чаканафурӯшҳо, ба монанди Decathlon тавассути миёнаравҳо кор мекунанд. Дар қадами баъдӣ, ширкатҳои тоҷик мехоҳанд, мустақиман бо брендҳои варзишӣ тамос кунанд ва доираи муштариёнашонро фарохтар созанд. Иштирок дар намоишгоҳи ISPO барои роҳандозии равобити мустақим бо брендҳои ҷаҳони варзиш имконияти хуберо фароҳам меорад”, - таъкид доштааст Маркази тиҷорати байналмилалӣ.

Ин дар ҳолес, ки Русия бозори аслии содироти маҳсулоти варзишии Тоҷикистон боқӣ мемонад, Маркази тиҷорати байналмилалӣ ба корхонаҳои Тоҷикистон дар гуногунсозии бозори содирот, беҳтар кардани сифати маҳсулот, мувофиқат ба талаботи бозорҳо ва муштариёни беруна, афзоиши ҳаҷми содирот ва дар натиҷа ташкили ҷойҳои бештари корӣ дар дохили кишвар мусодат менамояд.

корхонаи Карона — мармар , акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Содироти либоси варзишӣ аз Тоҷикистон нисбат ба  воридоти он як баробар бештар аст. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2017 ба кишвар тақрибан ба маблағи 800 ҳазор доллар маҳсулоти варзишӣ ворид шудааст.

Ёдрас мешавем, ки истеҳсолкунандагони либоси варзишӣ бошанд, аз Тоҷикистон дар соли равон баробар ба маблағи якуним миллион доллар маҳсулоти варзишӣ содир кардаанд.

Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои Тоҷикистон ба онҳо имкон медиҳад, то ҳам бозори дохилиро бо либоси варзишӣ таъмин намоянд ва ҳам ҳузури худашонро дар бозорҳои минтақавӣ тақвият бахшанд.

Мувофиқи тадқиқоти “Вазъи бозори либоси Тоҷикистон”, ки бо мусоидати МТБ таҳия гардид ва 31-уми июли соли 2019 нашр шуд, ҳаҷми умумии бозори либоси варзишӣ дар соли 2017 дар Тоҷикистон ба 15.6 миллион доллар   баробар буд ва дар маҷмӯъ, ки либоси варзишӣ 6.5 дарсади бозори либосро ташкил медод. Либосҳои тамринӣ, шалворҳо ва футболкаҳо тақрибан 90 дарсади бозори либоси варзишии кишварро ташкил додаанд.

156
Барчаспҳо:
боздид, ҷаҳон, варзиш, либос, маҳсулот, намоишгоҳ, бузургтарин, Тоҷикистон
Работа компании по производству пластиковых окон

Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ кушода шуд

39
(Таҷдидшуда 15:01 20.01.2021)
Дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Туркия дастрас ва васлу насб гардида, дар ин коргоҳ 10 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ бо номи "Ҳаким" ба баҳрабардорӣ расид.

Дар маросими ифтитоҳи корхона, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлол дар шаҳри Кӯлоб, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва дигар намояндагони корхона ширкат карданд.

Дар ин бора бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Ҷамъбасти соли 2020 ва супоришҳо барои 2021: маҷлиси Расулзода дар вилояти Хатлон

Гуфта мешавад, дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлати Туркия дастрас ва васлу насб гардидааст.

"Дар ин коргоҳ 10 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд", - омадааст дар хабарнома.

Дар корхона тиреза, дар, мизу курсӣ ва дигар намуди мебел истеҳсол мешаванд.

Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода таваҷҷуҳи соҳибмулк ва коргарони корхонаро ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифат ҷалб намудаанд.

39
Барчаспҳо:
корхона, истеҳсол, ш. Кӯлоб
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

123
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

123
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон
День 21 января

Аз Рӯзи оғӯш то ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон дар боғи "Наврӯзгоҳ": имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:37 20.01.2021)
Рӯзи бисту якуми январ дар Лаҳистон – Рӯзи бибиҳо, дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ. Рӯзи байналмилалии оғӯш мебошад

Рӯзи 21 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1862 Адам Опел дар шаҳри Рюсселхайми Олмон корхонаи истеҳсоли мошинаҳои дӯзандагӣ ифтитоҳ намуд. Соли 1886 ширкати "Опел" истеҳсоли дучарха ва соли 1899 истеҳсоли мошинро сар кард ва  ҳоло яке аз ширкатҳои машҳуртарин дар ҷаҳон мебошад.

Соли 1932 дар Остона аввалин шумораи рӯзномаи "Ҳақиқати Қазоқистон" («Казахстанская правда») нашр шуд.

Соли 1954 дар ҷаҳон нахустин маротиба бомбаи атомии зери обӣ сар дода шуд.

Соли 2011 дар Остона, дар  Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон ҷаласаи дуюми Шӯрои ректорони консерваторияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2014 дар пойтахти Чин- шаҳри Пекин ҷаласаи якуми раёсати Шӯрои расмии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарони қисмҳои миллии Шӯрои расмии кишварҳои иштирокчии СҲШ- Тоҷикистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки дастаҳои футболи Испания — "Реал" ва "Барселона", инчунин "Манчестер Юнайтед"-и Англия дар соли 2015 беш аз 500 миллион евро ба даст овардаанд.

Рӯзи 21 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 нахустин шумораи ҳафтаномаи "Азия-Плюс" аз чоп баромад.

Соли 2004 Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард, ки мувофиқи он муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ барои хатмкунандагони донишгоҳҳо аз 18 ба 12 моҳ поин оварда шуд.

Соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2014 сарвазир Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои наздисоҳилии  шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шинос шуд.

Соли 2017  Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла, кӯдакону наврасон бар асари садамаи воситаи нақлиётӣ дар Италия ба Президенти Венгрия Янош Адер барқияи тасаллият ирсол намуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 январ

  • Дар Лаҳистон – Рӯзи бибӣ (модаркалон).
  • Дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ.
  • Рӯзи байналмилалии оғӯш.

Рӯзи 21 январ кӣ ба дунё омадааст

Анвар Абдурасулов (1947)- физикдон, профессор.

Аҷамӣ Муҳаммадалӣ (1954) – шоир.

Бандишоева Савсан (1922 – 2003) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Гулов Тағоймурод (1945) – доктори илми кишоварзӣ.

Ғаниев Комилҷон (1950) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Кандинов Лев (1932) – нависанда.

Каримова Аза (1925 – 2000) – доктори илми филологӣ.

Қаландарбеков Имомёрбек (1955)- доктори илми техникӣ, профессор.

Мастонгулов Мирзо (1939-2008)- доктори илми иқтисод, аввалин лётчики касбии тоҷик.

Маҳкамов Файз (1941) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Мирзоев Кароматулло (1941) – Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Мусулмонкулов Раҳим (1938) – доктори илми филологӣ, профессор.

Собиров Султон ( 1933 – 1998) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих
Таъсиси "ЦРУ" ва тасдиқи лоиҳаи "CASA-1000" аз ҷониби Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Рӯзи ҳамсар, таъсиси ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир ва зодрӯзи Дастин Поре: имрӯзи таърих