Рушд дар вазъи буҳронӣ: мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши маҳсулоти саноатӣ хабар дод

Обуна шудан
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар се моҳи соли равон наздик ба 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷ аз кишвар содирот шудааст

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, дар се моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6 миллиарду 783,5 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати рушд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 84,1 миллион сомонӣ  ё 16,9 дарсад афзуд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон ба вазирони саноат ва кишоварзӣ бораи истеҳсол ва захираи орду равған

Тибқи иттилои манбаъ, ҳиссаи соҳаи саноат дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 20,4 дарсад расид.

Дар ҳамин ҳол, ба маблағи қариб 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар содирот шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишварро  бештар  неруи барқ (32,2 дарсад),  маъдан (25,9 дарсад), хӯрокворӣ (17 дарсад)  ва бахшҳои дигари саноатӣ ташкил медиҳанд.

Дар ин давра  бештар  маҳсулоти корхонаҳои коркарди пахта, нафту газ, мошинсозӣ, саноати сабук, неруи барқ  ва маъданҳои кӯҳӣ афзудааст. 

Вазорати саноати қайд кардааст, ки рушди саноат аз ҳама бештар  дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  (23,8 дарсад)  ба қайд гирифта шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоятҳои Суғд 19,4,  Хатлон 17,8 ва шаҳри Душанбе 5,8 дарсадро ташкил медиҳад.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ВМКБ рушди саноатӣ ба назар намерасад.

Лентаи хабарҳо
0