Корхонаи нассоҷӣ, акс аз бойгонӣ

Ташкили 61 ширкати нав бо қариб 1 ҳазор ҷои корӣ дар Тоҷикистон

673
(Таҷдидшуда 21:06 17.05.2020)
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, корхонаҳои навтаъсисе, ки соли равон ба фаъолият оғоз кардаанд, аллакай ба маблағи беш аз 200 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид намудаанд

ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Дар 4 моҳи охир дар Тоҷикистон 61 ширкати нав ба кор оғоз карданд ва 980 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи Вазорати саноат ва фанновариҳои нави ҶТ, 20-тои ин ширкатҳо дар вилояти Суғд, 19-тои дигар дар вилояти Хатлон ва 10 ширкат дар Душанбе баҳрабардорӣ шуданд.

"Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ширкатҳои нави кишвар ба арзиши 203 миллион сомонӣ, муодили 19,7 миллион доллар, коло тавлид карданд", - омадааст дар иттилоия.

Харҷу дахли хазинаи мубориза бо коронавирус ба аҳолӣ ҳисобот дода мешавад

Дар кулл, аз оғози сол то оғози моҳи май дар Тоҷикистон 2 ҳазору 204 ширкати саноатӣ сабти ном шуданд, ки ин шумор дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 7 дарсад, ё 143 воҳид афзоишро нишон медиҳад.

673
Абрикосы, архивное фото

Оғози зардолучинӣ дар Суғд ва содироташ ба Русия

277
(Таҷдидшуда 16:14 21.05.2020)
Сарраёсати кишоварзии Суғд мегӯяд, масоҳати боғи зардолу дар вилоят қариб 45 ҳазор гектарро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Масъулини Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯянд, офатҳои табиӣ - борону шамоли бошиддат ба ҳосил таъсири манфӣ расонд.

Нашрияи "Ҷумҳурият" аз қавли мақомдорони кишоварзии Суғд иттилоъ дод, ки дар шаҳри Исфара 4500 гектар боғоти себу нокро хунук зад.

"Дар як қатор ноҳияҳои вилоят - Ашту Конибодом ва ба номи Б.  Ғафуров ба ҷамъоварии зардолуҳои пешпазак шӯрӯъ карданд", - омадааст дар иттилоия.

Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт, изҳор доштаст, ки ноҳия дорои беш аз 16 ҳазор гектар боғи зардолу буда, аз ин 8900 гектар дарахтони ҳосилдиҳанда аст.

"Зардолузорро асосан навъҳои пешпазаки "арзанаки калон", "шалах" ва "рухи ҷонона", "мирсанҷарӣ", "исфарак" ва "бобоӣ", ки ҳосили фаровон доранд, ташкил медиҳад. Алҳол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ чидани зардолуи пешпазаки "шалах", "арзанаки калон" ва "рухи ҷонона" оғоз шуда, асосан ба Федератсияи Русия содирот мегардад", - таъкид кардаст манбаъ.

Боғдорони ноҳияи Ашт имсол азм доранд истеҳсоли зардолуро ба 20 ҳазор тонна расонанд.

277
Барчаспҳо:
содирот, мавсими ҷамъоварӣ, зардолу, мева, Тоҷикистон-Русия
Завод по производству ковров

Рушди соҳаи саноат новобаста аз коронавирус: ҳаҷми истеҳсол беш аз 15 дарсад афзоиш ёфт

219
(Таҷдидшуда 03:36 20.05.2020)
Дар давоми чор моҳи аввали соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи қариб 9 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,3 дарсад зиёд аст

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати саноати Тоҷикистон, рушд асосан, аз ҳисоби ҳаҷми маҳсулоти саноати коркард 19,5, истихроҷи маъдан 13,1, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 7 дарсад таъмин гардидааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноатӣ тамоюли  зиёдшавӣ  дошта,  фаъолияти  истеҳсолӣ вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва талаботи бозор ба роҳ монда шудааст.

“Барои истеҳсоли маҳсулоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар чор моҳ беш аз 1,5 миллиард сомонӣ маблағҳои худи корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардиданд”, - қайд кардааст вазорати саноат.

Ҳамчунин манбаъ зикр кардааст, ки ба ҳолати 1 майи соли равон 2204 корхонаи саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 7 дарсад ё 143 корхона зиёд аст.

“Аз шумораи умумии корхонаҳо ба бахшҳои истихроҷ 258 корхона, коркард 1789, энергетика 76 ва таъминоти об ва коркарди дуюмдараҷа 81 корхона рост меояд”, - таъкид доштааст вазорат.

Ҳамзамон дар ин муддат 61 корхонаи нави саноати сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Суғд 23 корхона, Хатлон 19, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1, шаҳри Душанбе 10 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 корхона. Аз ин ба соҳаи саноати хӯрокворӣ 21 адад, масолеҳи сохтмон 15, саноати сабук 12, мошинсозӣ 7 ва дигар соҳаҳо 6 адад рост меояд.

219
Барчаспҳо:
вирус, истеҳсол, маҳсулот, саноат, корхона, Тоҷикистон
Ҳавопаймои Ютайр, акс аз бойгонӣ

Оғози фурӯши чиптаҳо: аз шарҳи мақомоти Тоҷикистон то Росавиатсия

260
(Таҷдидшуда 20:06 04.06.2020)
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия - Utair ва "Уралские авиалинии" дар сомонаҳояшон ба фуӯши чиптаҳо дар масири Маскав – Душанбе ва баръакс оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Санаи чиптаи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон баъди 30 июн нишон дода шудааст. Аммо расман мақомоти умури хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар бораи аз сар гирифтани парвозҳо миёни ду кишвар ҳеч иттилое ироа надодаанд.

Sputnik Тоҷикистон талош кард ба масъалаи оғози парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия рӯшанӣ андозад

Ожонси ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон сарусадо дар бораи оғози парвозҳои мунтазамро бепоя хонда, таъкид намудаст, ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар баъди ба эътидол омадани вазъи марбути COVID-19 ва эълони расмии мақомоти ду кишвар аз сар гирифта мешаванд.

Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, аз хариди чиптаҳо худдорӣ кунанд ва эълон дар бораи оғози парвозҳо расман ироа хоҳад шуд.

Мақомоти Росавиатсия низ масъалаи фурӯши чиптаҳо дар масири Тоҷикистону Русияро шарҳ доданд.

“Ҳеч иттилое дар бораи оғози парвозҳо мутаассифона рӯи даст надорем, мутаносибан чизе барои шарҳ нест. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ – субъектҳои хоҷагидори алоҳидаанд, ки фаъолияташонро мустақилона пеш мебаранд”,  - изҳор дошт манбаи наздик ба Росавиатсия.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ таъкид кард, ки феълан танҳо парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандон роҳандозӣ мешаванд, ки аризаашон тариқи Пойгоҳи ягонаи хизматрасонии давлатӣ ворид мешаванд.

“Фурӯши озоди чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби ширкатҳо барои парвозҳои махсус аз Тоҷикистон истисност. Таъкид мекунем, ки феҳрасти парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдор то санаи 12 июн мувофиқа шудааст”,- хабар доданд дар сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Сафорат қотеона аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, барои хатсайрҳо аз Тоҷикистон ба Русия, ки шомили парвозҳои махсус нестанд, чипта нахаранд.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки шаҳрвандон дар масъалаи парвозҳо танҳо ба маълумоти расмӣ, ки тариқи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сафорат дар Маскав ироа мешавад, такя намоянд.

Sputnik Тоҷикистон барои шарҳи фурӯши чиптаҳо ба хадамоти матбуоти  ширкатҳои ҳавопаймоии Utair  ва "Уралские авиалинии" дархост ирсол кард.

260
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, парвоз, Тоҷикистон