Дар Суғд ду корхонаи аз фаъолият бозмонда дубора ба кори худ оғоз каданд

Обуна шудан
Дар вилояти Суғд ду корхонаи аз фаъолият бозмонда ба кори худ дубора оғоз намуданд. Мақомот мегуяд зиёда аз 24 корхона ду сол инҷониб фаъолият надоранд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik.  Ду корхонаи аз фаъолият бозмонда дар шаҳри Хуҷанд - “Суғдтекстайлз” дар заминаи корхонаи ресандагии “Тоҷик – Кообл -текстайлз” ва “Суғдиён - С” дар заминаи корхонаи дӯзандагии “Сано” дубора ба кори худ оғоз карданд.

Продукты питания, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гӯшт, шир ва тухм арзон мешавад? дар Суғд истеҳсолот афзоиш ёфт

Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба Иқдоми  ҶСП “Сомонсуғд”, дар оғози тобистон аз тарафи  “Сомонсуғд” аввал корхонаи дӯзандагии “Суғдиён – С” фаъол шуда, ба истеҳсоли  маҳсулоти пахтагии ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ оғоз кард.

Гуфта шудааст, ки аз моҳи августи соли равон, корхонаи “Суғдтекстайлз” дар заминаи корхонаи як вақтҳо машҳури “Тоҷик – Кообл - текстайлз” дар марҳилаи аввал бо ҷалби қариб 100 коргар ба фаъолият шурӯъ намуд.

Тавре Илҳомҷон Орифов, директори ҶДММ “Суғдтекстайлз” таъкид доштааст, мутаассифона, буҳрони шадиди иқтисодии солҳои 2008 - 2009 ба фаъолияти корхона таъсири манфӣ расонду онро муфлис кард.

Гуфта мешавад, ки ҳоло корхона эҳё ва акнун таҳти номи “Суғдтекстайлз” ба фаъолият оғоз бахшиду  коркарди 300 тонна нахи пахтаро дар як моҳ анҷом медиҳад.

Корхона аллакай барои ҳамкорӣ бо ширкати азими давлатии Чин шартномаи додугирифт ба имзо расондааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти вилояти Суғд то  1 июли соли равон дар вилояти Суғд 24 корхона зиёда аз ду сол инҷониб фаъолият надоранд.

 

Лентаи хабарҳо
0