Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО

Вазорат: Тоҷикистон дар 8 моҳ ба маблағи 90 миллион доллар алюминии аввалия содирот кард

176
(Таҷдидшуда 12:38 05.10.2020)
Корхонаҳои коркарди алюминий аз захираву имкониятҳо истифода намуда, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар маҷмуъ 6200 тонна алюминийро коркард намудаанд, ки нисбати нишондоди 8 моҳи соли гузашта ба миқдори 105 тонна зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳаҷми коркарди алюминий дар 8 моҳаи соли равон  асосан аз ҳисоби ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, ҶДММ КМ “Тоҷпроф”, ҶДММ “Ноқили Талко” ва ҶСП “Ноқили Турсунзода”   амалӣ гардидааст. 

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар зарфи 8 моҳи соли 2020 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар якҷоягӣ бо ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” маҳсулотҳоро ба монанди   алюминийи аввалия, профилҳои алюминӣ, профилҳои пластикӣ ва трактору мошинҳои кишоварзӣ ба маблағи 942,2 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот намуданд.

Қайд карда шудааст, ки маҳсулоти Тоҷикистон асосан ба Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон  ва давлатҳои Аврупо содирот шудааст.

Таъкид мешавад, ки давоми моҳҳои январ-августи соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 61 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст.

Дар ин давра алюминии аввалия дар ҳаҷми 57,4 ҳазор тонна ба маблағи 924 млн сомонӣ (90 млн доллар) асосан ба Аврупо содирот гардидааст.

Дар Вазорат зикр кардааст, ки дар истеҳсоли алюминии аввалия айни замон зиёда аз 5,7 ҳазор нафар машғули кор буда, музди меҳнати миёнаи онҳо 1417 сомонӣ (137 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки алюминии аввалия маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

176
Барчаспҳо:
содирот, "Ширкати Алюминийи Тоҷик", истеҳсоли алюминий, алюминий, корхона, ТАЛКО, Тоҷикистон
Угольное месторождение в Зиддах, архивное фото

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши маҳсулоти саноати кӯҳӣ хабар дод

247
(Таҷдидшуда 14:06 14.10.2020)
Вазорати саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон аз афзоиши тавлиди маҳсулоти саноати куҳӣ дар ин кишвар то поёни сентябри имсол хабар дод

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар ин давра корхонаҳои ин бахш 5 миллиарду 400 миллион сомонӣ (баробар бо 526 миллиону 800 ҳазор доллар) маҳсулот тавлид кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пеш 12.5 дарсад бештар мебошад, иттилоъ додааст сомонаи вазорати саноат технологияҳои навини Тоҷикистон.

Тибу иттилои манбаъ, дар ин муддат тавлиди тилло 10.2 дарсад, нуқра 2.4 дарсад , мис 19 дарсад ва сурма 73 дарсад афзоиш ёфта аст.

Аз ин рӯ саҳми бахши тавлидоти маҳсулоти саноати куҳӣ дар саноъати Тоҷикистон ба 25.7 дарсад расида аст .

Вазорати саноат: 53 корхонаи Тоҷикистон пурра сокинонро бо либоси мактабӣ таъмин мекунанд

Гуфтанӣ аст дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 456.5 миллион сомонӣ (муодили 140 миллиону 800 ҳазор доллар) маҳсулоти саноати куҳӣ содир шуда аст.

247
Барчаспҳо:
маҳсулот, афзоиш, саноат, Тоҷикистон
Работа нефтяных станков - качалок

Тоҷикистон истихроҷи нафтро афзоиш додааст

245
(Таҷдидшуда 13:29 09.10.2020)
Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар ҳашт моҳи соли 2020 дар ҷумҳурӣ беш аз 15,4 ҳазор тонна ашёи хом истеҳсол шудааст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи нафтро афзоиш дод, аммо суръати коркарди онро коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар.

Тибқи иттилои вазорат, зарфи 8 моҳи соли 2020 дар Тоҷикистон беш аз 15,4 ҳазор тонна ашёи хоми нафтӣ истеҳсол шудааст.

Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6% зиёдтар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари истеҳсоли бештар ҳаҷми коркарди он дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфт. Аз ҷумла, нишондиҳандаи имсола нисбат ба соли гузашта 6,3% коҳиш ёфтааст.

Вазорати энергетика вазъро бо кам шудани истеҳсоли бензин, сӯзишвории дизелӣ, мазут ва битум шарҳ дод.

Саридораи геологияи гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар кони нафту газ аст

Таъкид шудааст, ки аз моҳи январ то августи соли 2020, Тоҷикистон 413,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтиро ба маблағи умумии беш аз 198,8 миллион доллар ворид кардааст.

Иктишофи нафту гази Тоҷикистон: танҳо ду ширкат, ҳарду ҳам кор намекунанд

Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ дар бозори кишвар боқӣ мемонад. Инчунин, маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ва дигар кишварҳо интиқол дода мешавад.

245
Барчаспҳо:
коркард, Вазорати энергетика ва захираҳои об, нафт, Тоҷикистон
ДТП в Санкт-Петербурге, на проспекте Косыгина

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

881
(Таҷдидшуда 21:25 21.10.2020)
Мошини Hyundai, ки ҳомили домоди тоҷику арӯсаш будааст, дар рӯзи тӯй дар шаҳри Санкт-Петербург дар истгоҳ чаппа шудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург мошин аз қатори тӯёна дучори садама шуд, хабар медиҳад Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодда.

Сонеҳаи нақлиётӣ тақрибан соати 15 дар хиёбони Косигин рух додааст. Тавре маълум шудаст, дар мошин домод аз Тоҷикистон ва арӯсаш аз Русия қарор доштаанд, ки дар роҳ ба идораи сабти издивоҷ қарор доштаанд.

Дар бораи тафсилоти садама ба “Фонтанка” ронанд ва дӯсти домод, Мӯъминҷон нақл кардааст.

“Мошини “Лексус” ранги сурхи чароғакро сарфи назар карда, ба пушти мошини мо бархӯрд. Дар натиҷа мошини мо “Ҷип”-ро харошида, чаппа гардид", - хабар додааст “Фонтанка” аз қавли дӯсти домод.

Ӯ афзудааст, ки хушбахтона дар ин ҳодиса касе осеби ҷиддӣ надид, аммо ҷуфти ҷавон натавонист ба идораи САҲШ расад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур аз ҷониби нозирони роҳ идома дорад.

881
Барчаспҳо:
садама, Русия