Цементный завод, архивное фото

Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя як миллион тонна семент содир кард

151
(Таҷдидшуда 16:49 26.10.2020)
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 истеҳсоли семент ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсояро афзоиш дод

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Соли 2020 истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба 3237,1 ҳазор тонна расид, омадааст дар гузориши Ожонси омори кишвар.

Коршиносон мегӯянд ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 89,4 ҳазор тонна зиёд аст.

Як миллиарду 700 миллион доллар: арзиши истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон эълом шуд

Дар 9 моҳи соли 2020 истеҳсоли семент ба 3237,1 ҳазор тонна расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 89,4 ҳазор тонна зиёд аст.

"Аз ин миқдор 996,0 ҳазор тонна семент ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон 562,0 ҳазор тонна, Афғонистон 391,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 43,0 ҳазор тонна содирот гардидааст", - омадааст дар гузориш.

Ҳаҷми содиротгардида 31% ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгаридаро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи саноат новобаста аз коронавирус: ҳаҷми истеҳсол беш аз 15 дарсад афзоиш ёфт

Гуфта мешавад, ки дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ "Чунгтсай Моҳир семент"-и ноҳияи Ёвон 27,9 %, "Хуаксин Ғаюр семент"-и ноҳияи Ёвон 27,1%, "Хуаксин Ғаюр Суғд семент"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 26,7% ва "Сементи Тоҷик" 5,2 % назаррас мебошад.

151
Барчаспҳо:
интиқол, истеҳсол, семент, Тоҷикистон
Драгоценный камень, архивное фото

Бештари сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба Швейтсария содирот шудааст

228
(Таҷдидшуда 18:01 25.11.2020)
Ожонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки саҳми сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо дар содироти кишвар дар 10 моҳи охир то 55 фоиз афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи  Авеста, содироти Тоҷикистон дар даҳ моҳи гузашта як миллиарду 200 миллион доллар арзоварӣ доштааст, ки аз ин рақам наздик ба 690 миллион доллар аз ҳисоби содироти сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳост.

Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта,  464 миллион доллар бештар аст.

Гуфта мешавад, ки мақсади беш аз 500 миллион доллар содироти сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо ва металлҳои қимматбаҳои Тоҷикистон кишвари Швейтсария будааст.

Аммо ба далели маҳрамона будани истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон дар бораи мизони содироти он хабаре мунташир намешавад.

Бо ин ҳол бахши қобили мулоҳизаи сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо ва металлҳои қимматбаҳои Тоҷикистон ба шакли хом ба хориҷ содир мешавад.

228
Барчаспҳо:
омор, афзоиш, содирот, сангҳои қиматбаҳо, Тоҷикистон
Усмонали Усмонзода, министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана

Дастури Усмонзода барои зудтар ба роҳ мондани коркарди нафт дар Данғара

937
(Таҷдидшуда 13:56 23.11.2020)
Муовини сарвазири Тоҷикистон, Усмоналӣ Усмонзода барои зудтар ба роҳ мондани коркарди нафти хом дар Данғара ба масъулин супоришҳо дод

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон, Усмоналӣ Усмонзода бо кори корхонаҳои бунёдгардида дар вилояти Хатлон, аз ҷумла дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" ошно шудааст.

Усмонзода зимни вохӯрӣ бо намояндагони ширкати "ТК-ойл" аз масъулини ширкат талаб намудааст, ки вобаста ба бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ва ҳарчӣ зудтар ба роҳ мондани коркарди нафти хом кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Муовини сарвазир омодагии худро ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла даъвати мутахассисон аз Чин, хариди нафт ва роҳҳои ворид кардани нафти хом бо роҳбарони корхона тавассути видеоконференсия баён намудааст.

Корхонаи полоиши нафт ҳаст аммо нафт нест: оё Тоҷикистон ба Техаси дувум табдил меёбад?

Бино ба гузориши манбаъ, корхонаи коркарди нафту газ, ки дар МОИ "Данғара" сохта шудааст, иқтидори коркарди 500 ҳазор тонна нафти хомро дар як сол доро мебошад.

Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар 521,3 ҳектор замини ноҳияи Данғара бунёд шудааст.

Соли 2015 маросими оғози сохтусози се корхонаи бузург ба арзиши беш аз 1,6 милёрд сомонӣ дар ин минтақа бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

937
Барчаспҳо:
муовини сарвазир, саноат, Усмоналӣ Усмонзода
тренер Хаким Фузайлов, архивное фото

"Хуҷанд" созишнома бо Фузайловро тамдид намекунад: Лазаревичро баргардонданист

0
(Таҷдидшуда 20:41 26.11.2020)
Роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" созишнома бо сармураббии даста, Ҳаким Фузайловро тамдид нахоҳад кард ва ният дорад мураббии пешинро ҷалб намояд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Муҳлати созишномаи бошгоҳи “Хуҷанд” бо Ҳаким Фузайлов охири соли равон анҷом меёбад. Раёсати бошгоҳ нияти тамдиди созишномаро надошта, мехоҳад сармураббии қаблиро ба даста биёрад.

Фузайлов моҳи июли соли равон дар мақоми сармураббии “Хуҷанд” Никол Лазаревич аз Сербияро иваз кард, ки баъди сафар ба Ватан ба далели пандемия натавонист ба Тоҷикистон баргардад.  Бошгоҳи “Хуҷанд” акнун мехоҳад, ки кор бо Лазаревичро идома диҳад.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош” –ро тамрин дода, аввали моҳи июл вазифаи сармураббии бошгоҳи “Каганат”-и Қирғизистонро тарк карду бо дастаи “Хуҷанд” пайваст.  

Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.

0