Шерали Кабиров, новый министр промышленности

Шералӣ Кабиров вазири саноат ва технологияҳои нав

1353
(Таҷдидшуда 19:34 03.11.2020)
Шералӣ Кабиров, мудири кулли гуруҳи ширкатҳои “Талко”, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъин шуд

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, фармони ӯ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо шуда, муаррифиаш дар Вазорати саноат ва тенхнологияҳои нав анҷом шудааст.

"Заробиддин Файзуллозода бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақоми вазири саноат ва технологияҳои нав барканор шуд", - гуфт ин манбаъ.

Заробиддин Файзуллозода аз 28 январи соли 2019 вазири саноат ва тенхнологияҳои нав буд.

Ятимов, Раҳимзода, Мирзо, Имомзода: аз нав таъйин ва муаррифӣ шуданд

Шералӣ Кабиров қабл аз ин дар вазифаи раиси Шӯрои мудирони гуруҳи ширкатҳои "Талко" ва узви Шӯрои назоратии "Казкоммерсбонки Тоҷикистон" кор мекард.

Тағйирот дар ҳукумати Тоҷикистон: Сулаймон Зиёзода вазири кишоварзӣ таъин шуд

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шералӣ Кабир, 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шуда, соли 1992 Донишкадаи савдо совети-кооперативии ш.Новосибирски ФР, соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.

1353
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, тағйирот, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (97)
Шерали Кабиров, новый министр промышленности

Нахустин мулоқоти вазири нави саноат бо сафири Олмон

427
(Таҷдидшуда 13:14 27.11.2020)
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон масоили ҳамкорӣ дар соҳаи санотро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ахиран Шералӣ Кабир, вазири навтаъини саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матботи вазорат.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми мулоқот тарафҳо пиромуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Олмон, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат табодули афкор намуданд.

Зимни мулоқот тарафҳо ба зарурати тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо руҳи муносибатҳои мардумони ду кишвар созгор аст, таъкид карданд.

Ёдовар мешавем, ки Шералӣ Кабир, собиқ мудири кулли гуруҳи ширкатҳои “Талко”, санаи 3 ноябр ба вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъйин шуд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шералӣ Кабир, 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шуда, соли 1992 Донишкадаи савдо совети-кооперативии ш.Новосибирски ФР, соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.

427
Барчаспҳо:
баррасӣ, Олмон, ҳамкорӣ, саноат, вазир, Тоҷикистон
Драгоценный камень, архивное фото

Бештари сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба Швейтсария содирот шудааст

232
(Таҷдидшуда 18:01 25.11.2020)
Ожонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки саҳми сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо дар содироти кишвар дар 10 моҳи охир то 55 фоиз афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи  Авеста, содироти Тоҷикистон дар даҳ моҳи гузашта як миллиарду 200 миллион доллар арзоварӣ доштааст, ки аз ин рақам наздик ба 690 миллион доллар аз ҳисоби содироти сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳост.

Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта,  464 миллион доллар бештар аст.

Гуфта мешавад, ки мақсади беш аз 500 миллион доллар содироти сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо ва металлҳои қимматбаҳои Тоҷикистон кишвари Швейтсария будааст.

Аммо ба далели маҳрамона будани истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон дар бораи мизони содироти он хабаре мунташир намешавад.

Бо ин ҳол бахши қобили мулоҳизаи сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо ва металлҳои қимматбаҳои Тоҷикистон ба шакли хом ба хориҷ содир мешавад.

232
Барчаспҳо:
омор, афзоиш, содирот, сангҳои қиматбаҳо, Тоҷикистон
Сохтмони роҳ, акс аз бойгонӣ

Оғози сохтмони роҳи дорои 8 хати ҳаракат дар Душанбе бо пули Ҳинд

0
(Таҷдидшуда 14:55 03.12.2020)
Шаҳрдории Душанбе аз оғози сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут расман оғоз бахшида шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ба иттилои шаҳрдорӣ, роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут тибқи нақша дар се марҳила бунёд мешавад.

“Марҳилаи аввал аз Дарвозаи Ғарбӣ то роҳи автомобилгарди Айнӣ, бо дарозии 4,2 километр марҳилаи дуюм аз роҳи автомобилгарди Айнӣ то роҳи автомобилгарди Шарора бо дарозии 3,2 км ва марҳилаи сеюм аз роҳи автомобилгарди Шарора то пайваст ба кӯчаи Раҳмон Набиеви маҳаллаи Чортут бо дарозии 1,88 км-ро дар бар мегирад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки паҳноии роҳ аз 40 метр иборат буда,  8 хати ҳаракат дар ду самт, пиёдароҳҳо, як адад пул дар болои канали калони Ҳисор ва як гузаргоҳи роҳи оҳан, 2 адад гардишҳои нақлиётӣ, чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа, аломатҳои бехатарии роҳ, хати кабудизор, дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.

Зикр шудааст, ки иншоот дар доираи ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистону Ҳиндустон бо харҷи 46,5 миллион доллари ИМА сохта мешавад.

Лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут” яке аз тарҳҳои самарабахши ҳамкорӣ байни шаҳрдорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон маҳсуб меёбад, ки марҳилаи аавали он расман шуруъ гардид.

0
Барчаспҳо:
роҳ, сохтмон, Тоҷикистон