ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Авеста, содироти Тоҷикистон дар даҳ моҳи гузашта як миллиарду 200 миллион доллар арзоварӣ доштааст, ки аз ин рақам наздик ба 690 миллион доллар аз ҳисоби содироти сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳост.
Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 464 миллион доллар бештар аст.
Гуфта мешавад, ки мақсади беш аз 500 миллион доллар содироти сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо ва металлҳои қимматбаҳои Тоҷикистон кишвари Швейтсария будааст.
Аммо ба далели маҳрамона будани истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон дар бораи мизони содироти он хабаре мунташир намешавад.
Бо ин ҳол бахши қобили мулоҳизаи сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо ва металлҳои қимматбаҳои Тоҷикистон ба шакли хом ба хориҷ содир мешавад.
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ бо номи "Ҳаким" ба баҳрабардорӣ расид.
Дар маросими ифтитоҳи корхона, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлол дар шаҳри Кӯлоб, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва дигар намояндагони корхона ширкат карданд.
Дар ин бора бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Ҷамъбасти соли 2020 ва супоришҳо барои 2021: маҷлиси Расулзода дар вилояти Хатлон
Гуфта мешавад, дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлати Туркия дастрас ва васлу насб гардидааст.
"Дар ин коргоҳ 10 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд", - омадааст дар хабарнома.
Дар корхона тиреза, дар, мизу курсӣ ва дигар намуди мебел истеҳсол мешаванд.
Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода таваҷҷуҳи соҳибмулк ва коргарони корхонаро ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифат ҷалб намудаанд.
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.
Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.
Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.
Соли 1950 Байтулмуқаддас пойтахти Исроил эълон карда шуд.
Соли 1849 дар Иёлоти Ню-Йорк Элизабет Блеквелл аввалин зане шуд, ки дар ҷаҳон дипломи духтурӣ ба даст овард.
Соли 1912 дар Гаага Конвенсияи байналмилалии афюн- аввалин созишномаи байналмилалӣ дар бораи назорати маводи мухаддир ба имзо расид.
Соли 1989 субҳи барвақт дар натиҷаи заминҷунбии шадид зиёда аз 300 нафар сокинони маҳаллаи Шарораи ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) ба ҳалокат расиданд.
Соли 2008 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо баррасӣ шуд.
Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.
Соли 2011 дар шаҳри Исломобод масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.
Соли 1966 - олими таърих, дорандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, Маъруф Исоматов.