Консервированные овощи

Мақомот дақиқ гуфт чанд адад корхона ба истеҳсоли консерваи меваю сабзавот машғуланд

113
(Таҷдидшуда 14:19 13.12.2020)
Вазорати саноат хабар додааст, ки дар ҷумҳурӣ 40 адад корхона ба истеҳсоли консерваи меваю сабзавот машғул мебошанд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар ҷумҳурӣ 40 адад корхона, ҳамчунин  соҳибкорони инфиродӣ ба истеҳсоли консерваи меваю сабзавот машғул буда, давоми  моҳҳои январ-октябри соли равон ба миқдори 61274,1 ҳазор қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019  35522,1 ҳазор қуттии шартӣ зиёд буда, суръати афзоиш 237,9 фоизро ташкил менамояд.

Гуфта шудааст, ки дар ин давра  фаъолияти хуби  корхонаҳои консервбарории  ҶСП “Оби Зулол”, ҶСК “Комбинати консервабарории Хуҷанд”, ҶДММ “Сирдарё”, ҶДММ “Куруши Кабир”-и Истаравшан, ҶДММ “Шарбати мева”-и ш.Бўстон, ҶДММ “Субҳи Ватан”, ҶСП “З.Ҳасанов”-и шаҳри Исфара ва ҶС “Комбинати хўроквории Бохтар” хеле назаррас мебошанд.

Давоми моҳҳои январ-октябри соли 2020  ҶДММ “Субҳи Ватан”  87,7 тонна меваи хушк ба маблағи 553,4 ҳазор сомонӣ ба давлатҳои Туркия,  Олмон,  Ҷумҳурии Қазоқистон ва 207,1 тонна консерва ба маблағи 570,5 ҳазор сомонӣ ба Ҷумҳурҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Украина, ҶДММ “Кони намак”-и Ашт 410,35тонна намаки ошии навъҳои “Экстра” ва техникӣ ба маблағи 173,0 ҳазор сомонӣ ба Ӯзбекистон, Кирғизистон ва исломии Афғонистон, ҶСК “Хоҷа-Муъмин” 235 тонна намак ба Афғонистон ба маблағи 24,3 ҳазор сомонӣ, ҶСП “Оби Зулол” ба Қазоқистон 2609,0 ҳазор литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 89,4 ҳазор литр обҳои маъданӣ, 70,0 ҳазор литр шарбат, ҷамъ ба маблағи 9473,6 ҳазор сомонӣ,  ҶДММ “Кока-Кола- Нӯшокиҳои Тоҷикистон" 5929,0 ҳазор литр ба маблағи 19027,6 ҳазор сомонӣ ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон ва ҶСП “ММД” ба Афғонистон 14,8 ҳазор декалитр спирти этилӣ ба маблағи 1938 ҳазор сомонӣ, ҷамъ корхонаҳои соҳа ба маблағи 31760,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот  ба хориҷи кишвар  содирот  намуданд.

113
Барчаспҳо:
сабзавот, консерва, мева, истеҳсол, саноат, Тоҷикистон
Дымоотводные трубы завода

Вакили парлумон гуфт барои чӣ саноатикунонии босуръати кишвар лозим аст

154
(Таҷдидшуда 12:31 25.01.2021)
Бахтиёр Аҳмадзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқтисодиёт заминаи амиқ мегузорад

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Ба гуфтаи вакили парлумони Тоҷикистон Бахтиёр Аҳмадзода дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш додааст.

"Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шавад ва то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад", - гуфт вакил.

Бахтиёр Аҳмадзода зикр намудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо корхонаҳои соҳавӣ дар семоҳаи аввали соли равон барои тадбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии давлат - яъне гузориши иқтисодиёти Тоҷикистон аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ–аграрӣ, инчунин иҷрои Қарори Ҳукумати кишвар аз 30 январи соли 2019 "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019" корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

"Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 5 млрд 721 млн сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 115,9% баробар шуда, афзоиш 792,9 млн сомониро ташкил дод", - қайд кард вакили парлумон.

Вай афзуд, ки ҳиссаи соҳаҳо дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тариқи зайл ба назар мерасад: энержӣ 31,3%, саноати маъдан 25,6%, саноати хӯрокворӣ 19,0%, саноати масолеҳи сохтмон 8,7%, саноати сабук 7,1%, саноати мошинсозӣ 6,1%, табъу нашр 0,9%, саноати ангишт 0,7% ва газ 0,5%.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 152,4%, саноати маъдани кӯҳӣ 115,0%, саноати масолеҳи сохтмон 111,1%, саноати сабук 113,5%, саноати мошинсозӣ 110,6%, саноати табъу нашр 169,8%, саноати хӯрокворӣ 118,4% корхонаҳои пахтатозакунӣ 67,9%, нафт ва газ 124,5% ва электроэнергетика 123,3%-ро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, дар ВМКБ 105,0%, вилояти Суғд 116,4%, вилояти Хатлон 107,3%, щаҳри Душанбе 122,3% ва НТҶ 149,4%-ро ташкил дод.

Дар ин давра ҳаҷми муҳимтарини маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, аз 103,0 то 169,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузаашта афзоиш ёфт.

154
Барчаспҳо:
иқтисод, парлумон, вакил, саноат, Тоҷикистон
Праздник Мехргон в Душанбе

Дар Суғд корхонаи коргарди ғалла ифтитоҳ мешавад

89
(Таҷдидшуда 18:31 23.01.2021)
Корхонаи мазкур имкони коркард кардани то 500 тонна гандум дар як шабонарӯзро дорад. Ҳоло марҳилаи насби таҷҳизот ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Хубҷамъ" корхонаи коркарди ғалла бунёд гардида, айни замон корҳои васлу насби таҷҳизот ҷараён дорад. Корхонаи коркарди ғалла имкон дорад, ки  дар як шабонарӯз то 500 тонна гандум коркард намояд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, айни замон ҷараёни насби таҷҳизот дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, корхона ба таври озмоишӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ  бо корхонаи мазкур иброз дошт, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бояд аз тамоми захираву имконият истифода бурда шавад.

Дар вилоят бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва ташаббуси соҳибкорон ҳамасола корхонаҳои нав ба кор андохта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд мешавад.

Бо назардошти маҳсулоти воридотивазкунанда будани орд ба масъулин дастур дода шуд, ки барои ҳарчӣ бештар захира намудани ғалла ва ба анҷом расонидани васлу насби таҷҳизот тадбир андешанд.

89
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

Сипоси Кабиров ба Раҳимзода: агар шумо намебудед, бозор пурра месӯхт

0
(Таҷдидшуда 16:10 28.01.2021)
Раҳимзода Рамазон бевосита худ дар ҷараёни хомӯш кардани алангаи оташ дар бозори "Султони Кабир" иштирок кардааст. Муассиси ин бозор ба вазири тоҷик изҳори миннатдорӣ намуд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Авазхон Кабиров муассиси бозори "Султони Кабир" ба вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковники милиса Раҳимзода Рамазон Ҳармо изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст, хабар медиҳад нашрияи СССР.

Манбаъ аз қавли Кабиров менависад, ки баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи вазир ба макони ҳодиса ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.

Муассиси бозори мазкур саҳми оташнишонону кормандони раёсати ВУД - ро махсусан қайд карда, изҳор доштааст, ки "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".

Ёдовар мешавем, рӯзи 25 январ дар бозори "Султони Кабир" сӯхтор сар зад. Омили асосии сӯхтор ба расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт дода шуд.

Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”

Зарари расонида шуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.

0
Барчаспҳо:
сипосгузорӣ, сӯхтор, Султони Кабир, бозор, Рамазон Раҳимзода