Шерали Кабир- министр промышленности РТ

Шералӣ Кабир: саноатчиёни шаҳри Хуҷанд бояд барои рушди соҳа ҳиссагузорӣ намоянд

722
(Таҷдидшуда 12:57 12.01.2021)
Ахиран Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз як қатор корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла: “Сомон гуруҳ”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Суғдиён”, “Ҷавонӣ”, “Садаф” ва ғайраҳо боздид намуда, бо ҷараёни фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Бино бар иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд, зимни боздид таваҷҷуҳ ба корандозии пурраи майдони истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, насбу фаъол намудани дастгоҳҳои муосир, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва рақобатпазир, пешниҳоди нақшаи тиҷоратӣ ҷиҳати қабули фармоишоти давлатӣ ва ғайраҳо табодули назар карда шуд.

Шералӣ Кабир зимни боздид таъкид намудааст, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Барномаи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва якчанд барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла рушди металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ, саноати сабук, соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилларо то давраи соли 2025 таҳия намудааст, ки айни замон мавриди амал қарор доранд.

Инчунин вай афзудааст, ки ин барномаҳо барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва коҳиш додани шиддати омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт равона гардидаанд.

“Ҳадафи пешниҳоди барномаҳои мазкур фароҳам овардани замина барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили кластерҳои саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, ташкили сарчашмаҳои нави андозбандӣ, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, тақвияти истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда ва зиёд намудани ҳаҷми содирот мебошад”, - қайд кардааст Шералӣ Кабир.

Вазири саноат зикр кардааст, ки дар ин самт бояд саноатчиёни шаҳри Хуҷанд иқдом намуда, барои рушди соҳа ҳиссагузорӣ намоянд.

722
Барчаспҳо:
Хуҷанд, боздид, корхона, саноат, Тоҷикистон
Работа компании по производству пластиковых окон

Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ кушода шуд

53
(Таҷдидшуда 15:01 20.01.2021)
Дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Туркия дастрас ва васлу насб гардида, дар ин коргоҳ 10 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ бо номи "Ҳаким" ба баҳрабардорӣ расид.

Дар маросими ифтитоҳи корхона, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлол дар шаҳри Кӯлоб, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва дигар намояндагони корхона ширкат карданд.

Дар ин бора бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Ҷамъбасти соли 2020 ва супоришҳо барои 2021: маҷлиси Расулзода дар вилояти Хатлон

Гуфта мешавад, дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлати Туркия дастрас ва васлу насб гардидааст.

"Дар ин коргоҳ 10 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд", - омадааст дар хабарнома.

Дар корхона тиреза, дар, мизу курсӣ ва дигар намуди мебел истеҳсол мешаванд.

Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода таваҷҷуҳи соҳибмулк ва коргарони корхонаро ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифат ҷалб намудаанд.

53
Барчаспҳо:
корхона, истеҳсол, ш. Кӯлоб
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

123
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

123
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон
Далер Назаров дал интервью

Аз писари вазир то домоди Президент ва дороӣ: ногуфтаҳои Далер Назаров-видео

554
(Таҷдидшуда 21:26 22.01.2021)
Далер Назаров, овозхони шинохтаи тоҷик, дар бораи ҳаёту эҷодиёташ чун писари вазир, домоди президент, дороӣ ва хушбахтияш суҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Далер Назаров дар ин суҳбат бархе аз ҷанбаҳои ҳаёту эҷодиёташро гуфтааст, ки қаблан оммавӣ изҳор надошта бу.

Навори суҳбат дар саҳифаи расмии Daler Nazarov Studio дар Youtube нашр шудааст.

Ӯ гуфт, замоне, ки бори аввал сурудҳои The Beatles-ро шунидааст, майли овозхонияшро дарк кардааст.

Далер Назаров афзуд, талабаи хуб набуд ва аз ягон фан дониши фавқулодае надоштааст. Дар мактаб вохӯрӣ бо дӯстонро хуш медоштааст. Ба суол дар мавриди писари вазир буданаш, Далер Назаров изҳор дошт, ки бо вуҷуд мулоқот бо дӯстон аз қишрҳои гуногунро ҳамеша хуш медошт.

“Ман ҳамеша ҷамъ овардани одамонро дӯст медоштам ва то ҳол ин корро мекунам. Ҳар қадаре одамон гуногунтар бошанд, ҳамон қадар руҳияам роҳат мекунад. Агар одамони миллату табақаҳои гуногун ҷамъ омада бошанд”, - изҳор дошт Далер.

Ӯ инчунин аз солҳои мактабию ишқи наврасияш гуфтааст.

“Бисёри онҳое, ки ошиқашон шудаам, то ҳол ҳам инро намедонанд. Ин ишқе буд, ки наметавонистӣ бо он мухолифат нишон диҳӣ ва наметавонистӣ онро баён кунию наздик шавӣ”, - изҳор дошт овозхон.

Дар суҳбат инчунин аз издивоҷ бо Мунаввара Набиева, духтари нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Набиев гуфта шудааст, ки дар мактаб шинос шудаанд. Ӯ гуфт, ин хонадорӣ се сол давом кардааст.

“Раҳмон Набиев инсони бисёр нек буд, ки дар чеҳраи ӯ ман падари дуюми худро пайдо кардам. Ӯ маро хеле зуд худӣ қабул кард”, - афзуд Назаров.

Маҳз дар суҳбату муошират бо ин сиёсатмадор, Далер Назаров дарк кардааст, ки чӣ гуна вазнин аст, президент будан, сарфи назар аз бартариятҳое, ки ба назар мерасанд.

Овозхон дар мавриди он ки дар 62-солагияш худро чӣ гуна эҳсос мекунад, изҳор дошт, ки касе нест, варақи тоза аст.

“Ман касе нестам, ҳеч гуна, варақи сафедеям, ки дар он ҳар замон метавонад чизи дигаре навишта шавад”, - илова намуд ӯ.

Овозхон гуфт, тайи ин қадар сол ҳеч дороиеро ҷамъ накардааст. Ӯ мегӯяд, мошин дорад, ки барои ҳаракати роҳаташ миёни Душанбе ва Хоруғ зарур аст. Ба гуфтаи овозхон, наметарсад, ки бе чиз мемонад, зеро дӯстони зиёд дорад.

Вай таъкид кард, ки ягона нишонаи муваффақияти инсон ин хушбахтии ӯст ва илова намуд, ки хушбахт аст.

Ӯ мегӯяд, баъди зиндагияш мехоҳад мусиқияш боқӣ монад, мехоҳад сурудҳояш чун беному халқӣ садо диҳанд.

554