Таҳсил дар донишгоҳҳои Русия

Обуна шудан
Навигатори интерактивии "Беҳтарин донишгоҳҳои Русия:интихоб намо" барои донишҷӯёни хориҷ ташкил карда шудааст. Ба шакли ниҳоии навигатор ҳамагӣ 207 макотиби олии Федератсияи Русия роҳ ёфтанд.

Лоиҳа аз ҷониби навигатори иҷтимоии МИА "Россия сегодня" ва оҷонсии байналмиллалии Спутник бо дастгири Россотрудничестваба роҳ монда шудааст. Ба шакли ниҳоии навигатор ҳамагӣ 207 донишгоҳҳои Федератсияи Русия, ки тибқи маълумоти Оҷонсии кор оид ба маориф дар онҳо аксари донишҷӯёни мамолики хориҷ дарс меомӯзанд, дохил шуданд.

Навигатори интерактивии "Беҳтарин донишгоҳҳои Русия:интихоб намо" барои донишҷӯёни хориҷ ташкил карда шудааст. Ин лоиҳа имкон медиҳад, то довталабони мамолики хориҷ дар бораи имкониятҳои гирифтани маълумотии олӣ дар қаламрави Федератсияи Русия маълумот пайдо кунанд.

Аз ҷумла довталабони хориҷ метавонанд маълумот дар бораи худи донишгоҳ, факулта, шакли таҳсил, дар кадом сатри рейтинг қарор доштани он, арзиши таҳсил-(ҷои зист, хӯрок, бимаи тиббӣ, адабиёт), хобгоҳ, курсҳои забони русӣ, барномаи омӯзишӣ бо забони англисӣ, барномаҳои омӯзишӣ бо забони русӣ, шумораи донишҷӯёни хориҷӣ, озмун, мӯҳлати супоридани ҳуҷҷат, лавозимоти варзишӣ (майдони варзишӣ ва бассейн) дарёфт намоянд.

Лентаи хабарҳо
0