Путин ва Раҳмон: аз муҳоҷират то атом

262
(Таҷдидшуда 12:52 01.03.2017)
Сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба анҷом расид
Путин ва Раҳмон: аз муҳоҷират то амтом
© Sputnik Victoria Lyubavina

Дар давоми ду рӯзи боздид аз Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон шаш санади нави ҳамкориро ба имзо расонида, масъалаҳои муҳоҷират, соҳаи маориф, кишоварзӣ, энергияи атомӣ ва таҳкими амният дар сарҳад бо Афғонистонрро муҳокима карданд.

Роҳбарони ду кишвар ба хулоса омаданд, ки дар оянда ҳамкориҳоро боз ҳам густардатар намуда, муносибатҳои дуҷонибаро дар доираи ИДМ ва СПАД рушд диҳанд.

262
Барчаспҳо:
вохӯрӣ, мулоқот, муҳоҷират, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

1104
(Таҷдидшуда 18:19 22.09.2020)
Давлати Ӯзбекистон сар аз аввали октябр маҳдудиятҳои вуруд ва хурӯҷ ба ин кишварро дар бахшҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ бо риояти муқаррароти қарантина ва беҳдоштӣ лағв мекунад
Қоидаи вуруд ба Ӯзбекистон ҳангоми пандемия

Бар асоси тасмими Комиссияи вижаи мубориза бо вируси корона дар Ӯзбекистон, маҳдудият барои тараддуди шаҳрвандон ва васоили нақлиёт аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ коҳиш меёбад.

Маҳдудиятҳо аз 1 октябри соли равон барои сайёҳон сабуктар мешавад.   

Афроде, ки аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон ба ин кишвар ворид шаванд пас аз тести вируси корона барои қарантинаи 14 рӯза ба меҳмонхонаҳо эъзом хоҳанд шуд.

Парвозҳо низ ба дараҷаҳои “сурх”, “зард” ва “сабз” тақсимбандӣ шудааст ва афроди ворид шуда бо парвоз аз тариқи кишварҳои “сабз” шомили Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Утриш ва Япония метавонанд бидуни маҳдудият вориди Ӯзбекистон шаванд.

Афрод муқими кишварҳои “зард” монанди Озарбойҷон, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ғайр аз Англия ва Испания ва низ манотиқи қирмиз, ки соири кишварҳои ҷаҳонро дар бар мегирад фақат дар сурати надоштани бемории вируси корона метавонанд вориди Ӯзбекистон шаванд.

Маълумоти бештар дар тавирбаёни Sputnik Ӯзбекистон

1104
Барчаспҳо:
қоидаҳои вориду хориҷ шудан, беҳдоштӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, маҳдудият, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон дар соли 2020: кӣ, чӣ қадар имзо ҷамъ кард

575
(Таҷдидшуда 14:44 16.09.2020)
Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон коркарди ҳуҷҷатҳо ва имзои номзадҳоро ба мансаби раёсатҷумҳурии кишвар ҷамъбаст намуд
Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон 2020 чанд имзо ҷамъ карданд
© Sputnik (sputniktj_photo)

Дар Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот кори санҷиши ҳуҷҷатҳо ва ҷамъварии имзои номзадҳо ба курсии президентиро натиҷагирӣ кард.

Ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 5 нафар аз номзадҳо, ки имзои кофӣ ҷамъ оварданд, роҳхат гирифтанд. Инҳо Рустам Латифзода (ҲАТ), Эмомалӣ Раҳмон (ҲХДТ), Мироҷ Абдуллоев (ҲКТ), Рустам Раҳматзода (ҲИИТ) ва Абдухалим Ғаффоров (ҲСТ) мебошанд.

Саидҷаъфар Усмонзода намоянда аз Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳарчанд тавонист имзоҳои кофиро ҷамъ орад, аммо аснои пешниҳод намудан ба КМИ, намояндагони ин комиссия дар гирдоварии имзоҳо ҷой доштани қонуншиканиро пайдо намуданд. Ҳамин тавр, Усмонзода аз имкони иштирок дар интихоботи президентӣ маҳрум шуд.

Тоҷикистон нозирони ИДМ-ро ба интихоботи президентӣ даъват кард

Гузашта аз ин, намояндаи ҷавон аз ВМКБ Фаромуз Иргашев, ки низ даъвои иштирок кардан дар интихоботи қарибулвуқӯро намуда буд, ба далели ҷамъ наовардани имзои кофӣ аз сабқат канор монд.

 Ҳамзамон Иброҳимҷон Юсуфбеков, ки қаблан хостори иштирок кардан дар интихоботи президентиро намуд, умуман ҳуҷҷатҳои лозимаро ба КМИ пешниҳод накард.

Ёдовар мешавем, интихоботи Президентии Тоҷикистон рӯзи 11 - уми октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Дар Тоҷикистон ҷамъан 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Инчунин барои тоҷикони бурунмарзӣ низ барои иштирок намудан дар интихоботи мазкур, 39 ҳавзаи интихоботӣ омода карда мешавад.

575
Барчаспҳо:
имзо, КМИР, Тоҷикистон, Интихоботи президентӣ
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

0
Шабонарӯзи гузашта аз маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон боз як нафари дигар ҷон супорид. Вазорат низ хабари фавти маризи коронавирусро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори як рӯзи ахири гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ боз як нафар ҷон бохта, ҳамзамон 43 мавриди нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 26 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 605 нафар расид.

Зимнан, аз ин беморӣ то кунун 8385  ё худ 87,3 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар фавтиданд.

"Шабонарӯзи охир 97  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Феълан Ҳукумати  Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон