"Мероси падар хоҳӣ...": фарзандони муваффақи кишвардорони Осиёи Марказӣ

2406
(Таҷдидшуда 16:50 25.04.2017)
Аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки масали "Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз"-ро нисбати фарзандони раисҷумҳурони Осиёи Марказӣ метавон бе ягон шубҳа истифода бурд
Фарзандони кишвардорони Осиёи Марказӣ ба кадом мансаб расиданд
© Sputnik Victoria Lyubavina

Имсол ду фарзанди Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумати Тоҷикистон ба симатҳои миҳим таъин шуданд. Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе гардид ва раиси Маҷлиси вакилони халқи Душанбе интихоб шуд.

Духтари раисҷумҳур Озода Раҳмон бошад,  раиси Дастгоҳи иҷроияи президент таъин гардид. Илова бар ин, яке аз духтарони раисҷумҳур дар Вазорати умури хориҷа фаъолият мекунад.

Моҳи марти соли ҷорӣ писари раисҷумҳури Қазоқистон- Сардор Бердумуҳаммедов раиси Кумитаи парлумон таъин гардид.

Чунин вазъиятро метавон дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мушоҳида кард.

Масалан дар Қазоқистон соли 2016 духтари раисҷумҳури кишвар Дагира Назарбоева вакили парлумон интихоб шуда, писари Дагира аллакай се сол боз муовини шаҳрдори Остона аст.

 "Мероси падар хоҳӣ.."  дар Узбакистон моҷарое гаштааст, ки ҳалли онро то ҳол касе намедонад. Чуноне ки маълум аст, духтари калони аввалин президенти кишвар Ислом Каримов — Гулнора Каримова то соли 2014 дар саҳнаи сиёсии Узбакистон нақши муҳимро мебозид.

Аммо, бино бар маълумтҳои гуногун Гулнора бо падар гирди масъалае баҳс мекунад ва пас аз он на танҳо сиёсатро тарк мекунад, балки аз озодӣ маҳрум шуда, ба ҳабси хонагӣ гирифта мешавад.

2406
Барчаспҳо:
симат, фарзанд, мансаб, раисҷумҳур, Осиёи Марказӣ