Рамазон- 2017: тақвими моҳи муборак дар Душанбе ва Маскав

565
Рӯзадориро яке аз 5 асосҳои бинои мусалмонӣ гуфтанд
Тақвим барои рӯзадорон

Ба далели он ки тақвими мусалмонӣ шамсиву қамарӣ ба ҳисоб меравад, ҳар сол ин моҳ 11 рӯз пештар фаро мерасад. Моҳи муборак 30 баъзан 29 рӯзро дар бар мегирад.

Sputnik Тоҷикистон барои рӯзадорон тақвими онро пешниҳод мекунад. Илова бар ин, барои муҳоҷирони Маскав низ реҷаи рӯзадориро омода кардем.

565
Барчаспҳо:
тақвими рӯзадорӣ, Тоҷикистон-Русия
Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)

Қавонини ҷадид дар макотиби Тоҷикистон: аз тартибот дар синфхонаҳо то ошхонаву ҳоҷатхона

749
(Таҷдидшуда 18:32 12.08.2020)
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тартиботи расмӣ барои оғози соли хониши 2020/2021 дар замони пандемия ҷорӣ намудааст
Қавонини ҷадид дар макотиби Тоҷикистон
© Sputnik /

Соли хониши имсола чун ҳарвақта на аз 1 - уми сентябр, балки аз 17 - уми август шурӯъ мешавад. Далели ба барвақтӣ оғоз шудани соли хониш, ба нотамом мондани маводҳои таълимӣ дар моҳи май рабт дода мешавад.

Зеро ба далели авҷи маризии коронавирус, таҳсил дар макотибу донишгоҳҳои Тоҷикистон қабл аз муҳлат ҷамъбаст шуд ва маводҳои таълимӣ нотамом монданд.

Бо қарори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз 17 - уми август то 1 - уми сентябр маводҳое, ки дар моҳи май хонда нашуданд, азхуд карда мешаванд.

То шурӯъи дарс 12 рӯз монд: масъулин аз таъсири COVID-19 ба соҳаи маориф гуфтанд

Зимнан, вазорат кӯшидаст, то барои бехатарии толибилмон тартиботи расмиро ҷорӣ созад.

Ҳамин тариқ, дарсҳои дар Тоҷикистон дар се баст бо риоя шудани фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешаванд.

Пӯшидани ниқоби тиббӣ, санҷидани ҳарорати толибилмон ва риояи фосила миёни толибилмон ва омӯзгорон аз шартҳои асосии тартибот гуфта мешавад.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Гузашта аз ин, вазорат таъкид намудааст, ки бурдани кӯдакон ба боғча ҳатмӣ набуда, ҷойи онҳо новобаста аз ин, нигоҳ дошта мешавад.

Дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, мусиқӣ ва тайёрии ҳарбӣ бояд берун аз синфхона гузаронда шаванд. Вазорат талаб намудааст, ки синфхонаҳо, долону ошхона ва ҳоҷатхона бояд пайваста бо маводҳои безараргардонида дорупошӣ шаванд.

749
Барчаспҳо:
вазорати маориф, соли хониш, Тоҷикистон

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

282
Пандемияи коронавирус дар баробари талафоти зиёди ҷонӣ ба бор овардан, ҳамзамон раванди зиндагии оламиёнро дигаргун намуд
Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд
© Sputnik /

Бо авҷ гирифтани ин маризӣ, аксар кишварҳо марзҳояшонро ба рӯи ҳамсоякишварҳо бастанд. Гузашта аз ин, равобити ҳавоӣ ва зиминӣ низ мутавақиф шуд.

Тоҷикистон ҳам ба мисли даҳҳо кишварҳо дар замони пандемия хисороти калон дид.

Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст, аз ҳама беш зарар дид. Дар робита ба баста будани равобити ҳавоӣ ва заминӣ, муҳоҷирони тоҷик натавонистанд барои дарёти кор ва ризқу рузӣ ба Русия сафар кунанд.

Коронавирус – афсона ё ҳақиқат

Раванди ба муҳоҷират рафтани тоҷикистониён ҳудуди 57 фисад коҳиш ёфт.

Гузашта аз ин, бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан низ коҳиш ёфта, ҳамагӣ 90 000 нафарро ташкил доду халос.

Ба замми ин, интиқоли маблағҳо низ аз кишварҳои хориҷ, бахусус русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳчанд коҳиш ёфт.

Аммо хушбахтона вақтҳои охир раванди интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон рӯ ба беҳбуд ниҳода истодааст.

282
Барчаспҳо:
маризӣ, Тоҷикистон, муҳоҷирати меҳнатӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мужчина в защитной маске

Рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

0
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 мавориди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бо илова шудани 38 мавориди ҷадид, ки шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд, теъдоди умумии гирифторон ба ин беморӣ 7950 нафарро ташкил медиҳад.

Бар хабари котиботи Вазорати тандурустии кишвар, дар муддати аз 30 апрел то санаи 13 августтеъдоди маризонро 7950 нафар ташкил дода, дар мамлакат 6741  (84,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд.

Фавти боз як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Вазорат таъйид намудааст, ки шабонарӯзи гузашта аз ин маризи нафаре фавт накардаст ва теъдоди қурбониён 63 нафар аст.

"Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 86 нафар гумонбарон қарор дошта, 45 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд", омадааст дар хабар.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон