Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон

926
(Таҷдидшуда 01:04 12.07.2017)
Ҷамоъати мусулмонони шиъаи исмоъилии Тоҷикистон, ки беш аз 200 ҳазор касро дар бар мегирад, имрӯз 60-умин солгарди имомати Волоҳазрат Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, чиҳилу нӯҳумин пешвои руҳонии худро ҷашн мегирад
Шоҳзода Оқохони IV ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон
© Sputnik / Victoria Lyubavina

"Ҷашни Алмосӣ" барномаи бузургдошти шастумин солгарди имомати Волоҳазрат Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аст, ки аз имрӯз оғоз мешавад ва то як сол идома меёбад. Ин солгардро ҷамоъати мусулмонони шиъаи исмоъилӣ дар саросари ҷаҳон ҷашн мегирад.

Шабакаи тавсеъаи Оқохон гурӯҳе аз созмонҳои ғайримазҳабӣ, байналмилалӣ ва хусусӣ аст, ки дар заминаи беҳбуди фурсатҳо ва беҳзистии мардумон дар манотиқе аз ҷаҳони тавсеъаёбанда фаъолият мекунад. Созмонҳои ин Шабака хешкориҳои гуногуне аз беҳдошту омӯзишу парвариш гирифта то меъморӣ, тавсеъаи рустоӣ ва тарвиҷи сармоягузории бахши хусусӣ доранд. Ин созмонҳо дар ростои ҳадафе муштарак ҳамкорӣ мекунанд, ки он поярезии бунгоҳҳо ва барномаҳоест, ки бояд пайгирона посухгӯи чолишҳои тағйироти фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар ҷаҳон бошанд.

Ин доданигошта созмонҳои бунёдини Шабакаи тавсеъаи Оқохонро муаррифӣ карда ва тарҳе куллӣ аз фаъолиятҳои онро дар Тоҷикистон намоиш медиҳад.

926
Барчаспҳо:
исмоъилиён, ҷашн, Рӯзи Имомат, Ҷашни Алмосӣ, Шоҳзода Карим Оқохони IV, Тоҷикистон

Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021

950
(Таҷдидшуда 00:06 05.01.2021)
Дар бисёре аз манотиқи Русия шохиси минтақавӣ бетағйир монд, ки дар натиҷа нархи патент хеле ночиз боло рафт
Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021
© Sputnik

Мақомоти Русия мегӯянд, қайди иқомати муҳоҷирон дар Русия қариб ду баробар коҳиш ёфта,  теъдоди иҷозатномаҳои кору патентҳо ба андозаи сеяк кам шуд.

Нархи патент барои соли оянда дар аксари минтақаҳои Русия хеле кам тағйир меёбад. Доштани патент– яке аз шартҳои ҳатмӣ барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар ҳудуди Русия мебошад. 

Баландтарин нархҳои патент дар ҷумҳурии Саха, ҳавзаи Ямало-Ненетск, Кабардино-Балкар, вилояти Магадан, мнтақаи Приморе ва ҷумҳурии Хакасия ба қайд гирифта шуд.

Пасттарин нархи патент дар Чеченистон, Олтой, Осетияи Шимолӣ,  Калмикия ва вилояти Астрахан ба қайд гирифта шудааст.

Дар мавриди он ки чӣ гуна нархи патентро дар ҳар минтақаи Русия ҳисоб мекунанд, дар кадом минтақа чӣ қадар нарх дорад, дар куҷо соли оянда боло рафтаасту дар куҷо поён шумо метавонед, дар тасвирбаён пайдо кунед.

950
Барчаспҳо:
патент, нарх, Русия, Тоҷикистон

Ҷамъбасти соли короноӣ дар Тоҷикистон

211
(Таҷдидшуда 12:48 31.12.2020)
Барои тоҷикистониён низ соли 2020 чун дигар бошандагони сайёра ҳамчун соли коронавирусӣ дар хотираҳо хоҳад монд
Коронавирус: ҷамъбасти сол
© Sputnik

Вируси корона ба Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои ИДМ, ба истиснои Туркманистон дертар расид. Ишқобод ҳоло низ аз ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси корона расман хабар надодааст.

Расман аз аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба вируси корона охири моҳи апрел хабар дода шуд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз охири апрел то ҳол дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  13 ҳазору 296 нафар расидааст.

Вазорат шоми 30 декабр иттилоъ дод, ки як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 31 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор гардида, 36 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуд. Дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12799 нафар баробар гардид.

Аз замони хуруҷи ин маризӣ дар кишвар то ҳол расман 90 нафар аз коронавирус ҷон додаанд.

211
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, бемор, Тоҷикистон
День 18 января

Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 17:45 17.01.2021)
Рӯзи ҳаждаҳуми январ дар Тайиланд – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1999 радиои "Садои Душанбе" ба фаъолият оғоз кард

Рӯзи 18 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1925 дар Русия аввалин шумораи рӯзномаи "Новый мир" ("Ҷаҳони нав") нашр шуд.

Соли 1960 аввалин маротиба ҳавопаймои Ил-118 аз шаҳри Маскави Русия ба шаҳри Қоҳираи  Миср парвози бетаваққуф анҷом дод.Соли 1964 табибони амрикоӣ аз конгресс даъват карданд, ки ширкатҳои истеҳсолкунандаи тамокуро вазифадор  намояд, то дар қуттиҳои он дар бораи хатари он ба саломатӣ нависанд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1974 дар ИҶШС се дараҷаи ордени Шарафи Меҳнат ва медали «Собиқадори меҳнат» таъсис дода шуд.

Соли 1995 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар шаҳри Кобеи Ҷопон беш аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2018 расонаҳо хабар доданд, Вазорати корҳои хориҷии Амрико оид ба масъалаҳои сайёҳӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.

Рӯзи 18 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шуд.

Соли 1999 Радиои "Садои Душанбе" ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2003 бо мақсади такмили низоми идоракунии давлатӣ, президенти ҶТ Фармон дар бораи як қатор тағйирот дар ин низомро ба имзо расонид, ки мутобиқи он ба ҳукумат оид ба барҳамдиҳии баъзе ширкатҳо дастур дода шуд.

Соли 2010 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Созмони ҳамкории Шанхай ва лоиҳаи низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ масъалаи барқарорсозии мавзеъҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷро  баррасӣ намуд.

Соли 2011 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи тафтишотӣ оид ба мутобиқкунии лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти  омода намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2017  дар  шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон  бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 январ

Дар Тайиланд – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон